Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

То ҳабси абад бо маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ: оғози парвандаи ҷиноятӣ ба зидди эътирозгарон дар Қазоқистон


Shared to Facebook

07.01.2022 01:25

Количество просмотров: 1329

Прокуратураи генералии Қазоқистон дар робита ба намоишҳои эътирозии рӯзҳои охир парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Ба маълумоти мақомоти прокуратура, ба ошӯбгарон аз ҳашт соли зиндон то ҳабси абад бо маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ таҳдид мекунад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон:

“Айни замон ҷамъоварӣ ва сабти осори ҷиноятҳо идома дорад”, - гуфтаанд дар ниҳод.

Дар робита ба ин Прокуратураи генералии Қазоқистон аз сокинони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар телефонҳои мобилиашон сабти қонуншиканиҳоро нигоҳ доранд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфта буд, эътирозгароне, ки аз гузоштани силоҳ худдорӣ мекунанд, безарар карда хоҳанд шуд.

Комментарии для сайта Cackle