Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Бузургонро бузургон зинда медоранд”


Shared to Facebook

19.05.2022 14:18

: 677

Рӯзи 17 май бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии Арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангии тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, коргардон, драматург, профессор Меҳрубон Назаров дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конферонси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳангу санъати тоҷик” баргузор гардид.


Конфронс бо филми мустанад оид ба фаъолият ва эҷодиёти Меҳрубон Назаров ва бо суханони самимонаи шахсиятҳои шинохта оғоз гардид.

Муовини аввали вазири фарҳангии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода таҷлил ва ёдоварӣ намудани ин шахсияти барҷастаи фарҳангу санъати тоҷикро муҳим арзёбӣ намуд.

“Роҳи тайнамудаи Меҳрубон Назаров дар фаъолияти тӯлонияш, роҳест пур аз ҷустуҷӯву дарёфтҳо, гузаштани садҳо монеаҳои аёну ноаён. Дар бораи фаъолияти роҳбариву тадқиқотии илмии Меҳрубон Назаров масъалаҳои зиёде аз ҷониби мусиқишиносон, шоирон ва ҳамкасбон дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва силсилаи нашрияҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Соли 1967 бо кушишҳои бевоситаи Меҳрубон Назаров дар ҳайати донишкадаи омӯзгории Душанбе факултаи санъат кушода шуда, соли 1973 он ба донишкадаи мустақили вазорати маданият табдил ёфт. Ташкил ёфтани шуъбаҳои китобхонашиносӣ, актёрӣ, мусиқиву педагогӣ, мусиқии шарқ, мусиқии академӣ, режиссура, навозандагӣ, ҳамсароӣ ва ғайра барои соҳаи фарҳанг такони бузурге дод. Соли 1961 аввалин монографияи Меҳрубон Назаров таҳти унвони “Санъати халқи тоҷик” ба табъ мепасад, ки дар он паҳлӯҳои мухталифи рушд ва ташаккули навъҳои гуногуни санъати миллӣ, аз қабили санъати мусиқӣ, театрӣ, тасвирӣ, синамо мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.

Меҳрубон Назаров рисолати инсониву фарҳангии сиёсиву шаҳрвандии худро дар тамоми ҷодаҳо барҷаста иҷро намуда, барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун оинаи қаднамои фарҳанги тоҷик абадан боқӣ хозад монд”, - изҳор дошт Одилзода.

Ҳамчунин, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, профессор Тамара Махсумова, нависанда Ато Ҳамдам, доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ, собиқ вазирони фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддини Орумбекзода ва Мирзошоҳрух Асрорӣ, номзади илмҳои таърих Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, нависанда ва рӯзноманигор Тилло Некқадамов, академик Кароматулло Олимов ва ҳунарманд Афзалшоҳ Шодиев аз лаҳзаҳои хотирмон ва саҳми Меҳурбон Назаров дар рушду нумӯъи фарҳангу санъати тоҷик гуфтанд.

 

Аслан, замони Шӯравӣ барои адабиёту санъат ва фарҳанг, метавон гуфт, замони тиллоӣ буд. Дар ин даврон арзишҳое ба монанди каломи бадеъ, театр, мусиқӣ, балки худи мафҳуми инсону инсоният, хеле пурбаҳову бо қадру қимат буданд.

Дар каломи бисёр суханварон ва дар бисёр осору сарчашмаҳои мухталиф як ҳақиқати талхеро борҳо шунидаему хондаем, ки низоми ҷамъиятии сармоядорӣ қадру қиммати инсонро аз байн мебарад. Вале сотсиализм, дақиқан, баръакс, арзиши пулу молу сарватро дар мафкураи инсонҳо беэътибор сохта, ба ҷои он нақши таълиму тарбияи инсони ояндасози навинро, ки бояд ҷаҳони тозаеро бунёд мекард, ба ҳайси ормони асил ва ба унвони улгӯи ҳаёти навин дар зеҳнҳои мо ҳаккокӣ намуда буд.

Мутаносибан, вобаста бо ҳамин тағйироту таҳвулоти бунёдии ҷомеаи инсонӣ, дар ҷамъият, нақшу мартабаи илму адаб ва санъату мусиқӣ, ҳамчунин, арзишу эътибори офарандагони ҳамин неъматҳои ҳаётбахши маънавиёти инсони навин ба мартабаҳо боло рафта буд. Ба он меъёре, ки на қабл аз аҳди Шӯравӣ ва на баъд аз фурӯпошии ин системаи идеалии ҷамъиятӣ, дар ҳеҷ давру замоне сухану суханвару фарҳангу адабиёту театру мусиқӣ ба он баландиҳои воломақомии худ, ки дар аҳди Шӯравӣ дошт, дигар ҳеҷ замоне нарасида будааст.

Яъне, рӯ овардан ба илму фарҳангу санъату маърифат, - ин тақозои торихии давру замон буд. Давлати Шӯравӣ бо пайдоишу рушду нумуи худ, ҳамчунин, як қатор миллатҳои нав, фарҳангҳои нав ва тамаддунҳои тозаеро дар заминаи ақвому қабоилу халқиятҳои қадимаи дар ҳоли рушд бунёд намуд. Аз ҷумла, дар заминаи ақвоми славянҳои Русияи Бузург (Великоросс) миллатҳои русу украину белорусро ба миён овард. Ақвоми турку муғултабори қазоқу ӯзбеку туркману қирғизро ҳам ба мартабаи миллат расонид.

Мо дар илми ҷомеашиносии байналмилалӣ вожаеро бо номи “Глобализатсия” (“Ҷаҳонишавӣ”) хуб медонем ва мешиносем. Мантиқи ин вожа ва ё термин он аст, ки дар масири рушду тараққӣ, арзишҳову рангубӯҳои нисбатан кӯчаки ҷомеа, дар мисоли қавму қабилаву халқият, дар таъсири ҳамаслону ҳамтоҳои бузургтари худ аз байн мераванд, нобуд мешаванд,балки ҳуввияти воқеии худро аз даст медиҳанд ва ҳастии физикии хешро дар таркиби қолибҳои дигар идома медиҳанд.

Маҳз дар чорчӯбаи мантиқии ҳамин назарияи илмӣ бояд дар қарни гузашта, миллати ҷадиди бузурге бо исми “халқи советӣ” ба миён меомад ва ҳуввияти садҳо ақвому қабоили кӯчакро махлуту омехтаву азнавсозӣ мекард. Аммо дар ҷумҳуриҳои ҷудогонаи Шӯравӣ фарзандони патриоту ватанхоҳе зиёд буданд, ки барои наҷот ёфтани халқу миллати худ аз осеби ин глобализатсия вижагиҳову рангубӯҳо ва хосиятҳои фарқкунандаи қавмиву нажодиву миллии хешро таблиғу тарвиҷу мунташир месохтанд, то ҳамчун миллати ҷудогона пойдору устувор бимонанд ва дар гирдоби маҳвкунандаи ҷаҳонишавӣ аз байн нараванд.

Сиёсати умумишӯравӣ ҳам тасмим гирифта буд, ки дар марҳилаи аввал зери шиори “шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ” барои рушду равнақи фарҳангҳову ормонҳои миллатҳо мусоидат намояд, то кишвари тозабунёди гуногунмиллати Шӯравӣ қудратманд гардад.

Хатари осебпазирии миллати бостонии мо аз ҳама дида бештар буд. Яъне, имкони он буд, ки ҳуввияти миллии моро аз байн баранд. Аз он қабл ҳам ин гуна талошҳо кам набудаанд. Он замон дар байни халқу миллатҳои мусалмони қаламрави Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ, ки дар зери таъсири миллатҳои дигар монда буданд, ақидае ба миён омада буд, ки ақвоми мусалмон барои бақо ва наҷоти ҳуввияташон, барои он ки дар зери таъсири фарҳангу забони русиву чиниву дигар миллатҳои бузург поймол нагарданд, фақат як роҳ доранд - иттиҳод бо миллату бо давлатҳои пешрафтаи ҳамнажоди худ.

Бо далели он ки дар ин қаламрави қаблан тазаккурёфта ақвому қабоили туркзабону муғулнажод хеле ва хеле зиёд буданд ва забони онҳо бо забони расмии Туркияи пешрафтаву мудерни замона қаробати нисбӣ дошт, ин халқиятҳо наҷоти худро дар пуштибониву дастгирии эҳтимолии Туркия медиданд. Ҳамчунин, тақрибан дар ҳамсоягии ҳамон Туркияи маъруф боз як давлати пешрафтаву мудерну пуриқтидори дигар - Эрон мавҷуд буд, ки он ҳам фарҳанги исломӣ, вале забони форсиву тамаддуни ориёӣ дошт. Дар муқобили сивусе ақвому халқияту миллати туркзабони минтақаи мавриди назар дар ин сарзамин боз як миллати мусалмон бо номи тоҷик буд, ки имкони бақои ҳуввияти худро дар омезишу пуштибонии Эрон медид. Ин қазия бештар аз саду сӣ сол торих дорад.

Вақте ки ҷонибдорону ҳаводорони ин ду абаркишвари исломӣ дар қисмате аз Осиёву Аврупо байни ҳам баҳсҳо мекарданд, ки бояд ба пуштибонии кадоме аз ин давлатҳо рӯ биёваранд, дар ин миён ду ҳаракату ақоиди сиёсие бо номҳои “пантуркизм” ва “панэронизм” ба миён омад, ки аз саду сӣ сол қабл то ба имрӯз байни ҳам рақобат ва мубоҳисаҳои ақидавию сиёсӣ доранд.

Ончуноне ки гуфтем, пантуркистҳо дар заминаи сивусе қавму халқияту миллати туркзабон арзи ҳастӣ карда буданд, вале панэрониҳо дар Осиёи Миёна ҳамагӣ аз як миллат иборат буданд. Дар миёни фарзандони шинохтаи ҳамин миллат ҳам ба монанди шоири шинохтаи давр Фитрат ва бисёрии дигарон шахсиятҳое буданд, ки барояшон ҳуввияти ориёӣ ё туркӣ-муғулӣ доштан фарқ намекард. Онҳо ақида доштанд, ки мо, тоҷикон ҳам, агар ҳуввияти туркӣ-муғулиро бипазирем, имтиёз ба даст меоварем, ки дар оянда ба пуштибонии Туркияи абарқудрату мудерн мушарраф гардем ва дину имону миллати худро аз гирдоби ҷаҳонишавӣ наҷот бидиҳем.

Аммо дигар фарзандони фарзонаи миллат ба монанди Устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шоҳтемур, Чинор Имомов, Нусратулло Махсум ва садҳо абармардони дигари ватанхоҳу ватандӯст азм карданд, ки бо ҳар роҳу воситае фарҳангу ториху тамаддуни бостонии миллии худро ба сарварони давлати Шӯравӣ ва ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуда, номи миллати худро собиту побарҷо ва абадзинда бинамоянд. Аввалин иқдом он буд, ки шоиру нависандагон ва адабиётшиносони мо бо сарварии устод Садриддин Айнӣ дар кӯтоҳтарин муддат китоберо бо унвони “Намунаи адабиёти тоҷик” таҳия ва мунташир сохтанд, ки ба дасти хонандагони саросари шӯравӣ расид ва миллати бостонии моро барои ҳамагон муаррифӣ намуд. Ин аввалин нафаси ҳаётбахши миллати куҳанбунёди дар вартаи нобудӣ афтидаи мо буд. Баъд аз нашри дуввуми ин асари сарнавиштсоз доҳии пролетариати шӯравӣ ва пешвои болшевикон Иосиф Вассирионович Сталин аз таъриху адабиёти қадимаи мо воқиф гардида, борҳо дар суханрониҳои расмии худ миллати тамаддунофарину қадимаи моро ситоиш кардааст.

Ин гомҳои мардони адабиёту фарҳанг барои эҳёи дубораи сохти давлатдории беш аз ҳазорсолаи мо дар айёми ташкили давлати Шӯравӣ хидмати бемисл намуданд ва ҳуввияти моро зинда нигоҳ доштанд.

Шояд имрӯз дар кишвари Тоҷикистони азиз шахсеро наметавон пайдо намуд, ки мисраъҳои маъруфи устод Мирсаид Миршакарро аз замони тифлӣ бо шири модар омехта, нӯши ҷон накарда бошад:

Мо аз Помир омадем,

Москва равон шудем,

Хобидем андар вагон,

Бедор шудем дар Когон,

Бачаҳо шодӣ карданд,

Аз шодӣ бозӣ карданд,

Ана гуфтанд Москва,

Москваҷон, Москва!

Ин достони устод Миршакар, ки дар солҳои баъдиҷангӣ навишта шудааст, аслан, дар бораи воқеаҳои аввали солҳои чилуми қарни гузашта ҳикоят мекунад, ки як гурӯҳ мактаббачагони бадахшонӣ дар Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ширкат намуда, намунаи санъат ва мусиқии миллии тоҷиконро муаррифӣ карда буданд.

Тоҷикон аз қадимулайём марказҳои фарҳангиву илмиву адабии оламшумулеро, ба монанди Хоразму Балху Насаф, Хуқанду Самарқанду Хуҷанду Бухоро ва Фарғонаву Тирмиз доштанд. Он солҳо чӣ далеле буд, ки на аз ин шаҳрҳои бузургу маъруф, балки маҳз аз кӯҳистони дурдасти Бадахшон намунаҳои фолклору мусиқиву рақсу оҳангу фарҳанги миллии тоҷикони соҳибтамаддун ба пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ бурда, муаррифӣ карда шавад? Ин амал чӣ ҳикмат дошт?

Ин иқдом идомаи он муаррифиномаи китоби “Намунаи адабиёти классики тоҷик” мебошад, ки аз фарҳангу забону мусиқиву таомули ноби дастнахӯрдаи ориёии тоҷикони асил, ки орӣ аз омезиши фарҳангҳои бегона буданд, аз мавҷудияти тоҷикони Боми ҷаҳон – Помир мужда мерасонид, то ба оламиён собит намояд, ки мо аз ақвоми тозамиллати сохтаи замони Шӯравӣ нестем! Балки мо намояндагони миллате ҳастем, ки ҳазорон сол қабл дар ҳамин марзу бум мезистанд ва соҳибадабиёту соҳибфарҳангу тамаддунофарин буданд.

Дар миёни ҳамон мактаббачагоне, ки аз Помир омаданду Масква равон шуданд, як писарбачаи ҷавони соҳибзавқу овозхоне ҳам буд, бо номи Меҳрубон, ки садои ширину маҳинаш шаҳриёни маскавӣ ва давлатмардони шӯравиро ба ваҷд оварда буд.

Он писарбача, ки тамоми ҳаёти ояндаашро вақфи мусиқиву шеъру таронаву санъату театр карда буд, ҳамин устоди гиромӣ Меҳрубон Назаров мебошад.

Устод дар қатори чанд тан аз дигар фарзонафарзандони миллат, аслан, ба гунае поягузору бунёдгари фарҳангу маданияти Тоҷикистони Шӯравӣ мебошанд. Ончуноне ки эътироф мешавад, устод Меҳрубон Назаров яке аз муваффақтарин вазирони фарҳанги тамоми қаламрави Шӯравӣ буданд. Ҳамин аст, ки “Аз нигоҳи ағлаби ҳамзамонони устод, Меҳрубон Назаров шахсиятест, ки маҳз барои фарҳанг офарида шудааст!”

Ончуноне ки дар айёми шӯравӣ шеъри оламгири устод Мирзо Турсунзода баёнгари сиёсати сулҳпарваронаи давлати Шӯравӣ дар миқёси Осиёву Африқо буд, устод Меҳрубон Назаров низ аз тариқи фарҳангу мусиқиву каломи бадеъ борҳо собит намудаанд, ки маҳз фарҳанг ҳам васлкунандаи меҳру муҳаббати миллатҳо ва ҳам беҳтарин забони гӯёи дипломатияи сиёсӣ мебошад.

Фарзанди дӯстдоштаи устод Меҳрубон Назаров – Меҳринигор Назарова соли 2008 дар шаҳри Алмаато бо забони русӣ китоберо бо номи “Мой папа Мехрубон” ба нашр расонида буданд. Дар ин китоб аз хотираҳои шахсии устод низ матолибе чоп шудааст. Бозгӯи чанде аз он воқеаҳо собит хоҳад намуд, ки заҳматҳои устод дар соҳаи санъату мусиқиву фарҳанг чӣ гуна тавонистааст масоили сиёсиро дар мамолики хориҷӣ ба фоидаи кишвари абарқудрати СССР ҳаллу фасл намояд.

Устод дар хотироташон қисса мекунанд, ки соли 1961 дар Теҳрон – пойтахти Эрон, бо ибтикори ЮНЕСКО Конгресси байналмиллалии мусиқӣ ва дар ҳошияи он Фестивали байналмилалии мусиқӣ баргузор гардида буд. Як гурӯҳи 15-нафараи ҳунарпешагони Тоҷикистон бо роҳбарии устод Меҳрубон Назаров дар он фестивал СССР-ро намояндагӣ мекарданд. Он солҳо миёни СССР ва дунёи капиталистӣ мухолифати шадид буд.

Раёсати ҳамон конгресс ва фестивалро Ботов ном шаҳрванди руссияасли амрикоӣ бар ӯҳда дошт. Падари Ботов дар гузашта аз афсарони сафеди зиддисоветӣ буда ва замони инқилоб ба Амрико фирор кардааст. Албатта, Ботов, ки худро аз рақибони сарсахти режими шӯравӣ медонист, мехост ширкати СССР дар ин маъракаи мусиқии байналмилалӣ зебову пуррангу хотирмон набошад. Ба ҳамин хотир, вай консертҳои ҳунармандони тоҷикро, ки ягона гурӯҳ аз Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, махсусан, дар охири барнома, дар соатҳои 24-и нимашаб ҷойсозӣ намуда буд, то ин ки дар лаҳзаи ҳунарнамоии шӯравиҳо ҳама тамошобинони теҳронӣ ба хонаҳояшон рафта бошанд ва консертҳо дар толорҳои холӣ аз тамошобин гузарад.

Аммо эрониҳо, ки ошиқи лаҳҷаи тоҷикӣ - дарии забони модарии худашон буданд, то нимашаб, то навбати ҳунарнамоии тоҷикон интизор монданд, то аз санъати ҳамзабонони худ ҳаловат баранд.

Устод мегӯянд, вақте ки ҳунармандони мо рӯи саҳна омаданд, сарфи назар аз дидори дерҳангом дар толор ҷойи сӯзанандозӣ набуд. Тамошобинон бо кафкӯбиҳои бардавом иҷрои такрор ба такрори номераҳои консертии моро талаб мекарданд.

Намояндагони Чину Ҷопону Амрико ва дигар кишварҳо аз ин гуна истиқболи гарму пурмуҳаббат ба ҳайрат афтода буданд. Бо талабу дархости эрониҳо мӯҳлати сафари ҳунармандони тоҷик ду ҳафта тамдид карда шуд, то мардумони ҳарчи бештаре аз ҳунарнамойии онҳо ҳаловат баранд.

Рӯзномаи “Кайҳон” навишта буд: “Сарфи назар аз он ки консерти тоҷикон баъди нимашаби ҷумъа оғоз шуд, ба ҷойи ду соати барномавӣ, шаш соат - то субҳи содиқ давом кард.

Сардабири рӯзномаи “Дунё” дар рӯзномааш навишта буд: “Забони нобу тозаи форсӣ фақат дар байни тоҷикон боқӣ мондааст…”

Роҳбарияти онвақтаи СССР ба санъати баланди мусиқии тоҷик ва ба истеъдоди роҳбариву дипломативу сиёсатмадории устод Меҳрубон Назаров баҳои баланд дода буданд.

Баъд аз он сафари маъруф ҷойгоҳи устод дар дипломатияи шӯравӣ низ муайяну мушаххас шуда буд. Дар тӯли даҳсолаҳои минбаъда ҳар меҳмони расмие ва ё ҳар сиёсатмадори сатҳи олие, ки аз Эрону Афғонистон ба Шӯравӣ ташриф меовард, дар барномаи сафари ӯ дидор аз Тоҷикистон ба назар гирифта мешуд ва қабулу пазироиву меҳмондории ҳамаи меҳмонони марбутаи форсизабон ҳатман бар зиммаи устод Меҳрубон Назаров буд.

Устод Меҳрубон аз беҳтарин донандагони анвои гӯишҳо ва лаҳҷаҳои забони форсӣ ва ширинсухантарин дипломати замони шӯравӣ буданд.

Чанде пеш аз рӯзи мавлуди ин нобиғаи фарҳангу санъати тоҷик сад сол гузашт. Тавре дар аввали ин матлаб зикр шуд, рӯзи 17 майи соли равон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар, ба муносибати 100-солагии Меҳрубон Назаров дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода, конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳангу санъати тоҷик” доир гардид. Конфронс дар сатҳи олии ташкилӣ, бо ширкату суханронии самимонаи дӯстону шогирдони устод ва бо иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо як тантанаву шукуҳи махсус баргузор гардид.

Баромадкунандагон аз рӯзҳои охирини ҳаёти устод, ки ба айёми мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ рост омада буд, ёдовар шуда, таассуф мехӯрданд, ки бо иллати шароити душвори амниятиву даргириҳои мусаллаҳонаи ҷанги шаҳрвандӣ рӯзи маргашон (23 феврали соли 1993) натавонистем устодро ба тарзи дилпазиру арзанда ба хонаи охират гусел кунем.

Вале, бо гузашти солҳо, амнияту авзои солим дар ҷомеа барқарор шуд. Наздикон, шогирдон ва фарзандони устод аз муҳаббату қадрдонии ҳамагон нисбат ба хизматҳои шоистаи ин шахсияти бузург изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Махсусан, пуштибониву дастгирии ин нобиғаи давру замон ва қадрдонии вижаи ӯ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсин ва қаноатмандист.

Мегӯянд, боре Пешвои миллат ҳангоми сафарашон ба Бадахшон ҳолати бинои Театри мусиқӣ – масҳакавии ба номи устод Меҳрубон Назаровро дида, амр намуданд, ки онро фавран бозсозӣ намоянд. Дар ҷойи бинои театри қадима бинои наву замонавии хеле бузургу назарнамои ҷадиди театр қомат афрохт. Ҳангоми сохтмони бинои нав ҳам дар миёни аҳолии маҳал ва ҳам дар байни муттахасисони марказ фикрҳое пайдо шуда буданд, ки шояд театри ҷадидро ба исми шахси дигаре номгузорӣ кунанд. Вақте ки аз Президенти кишвар дар ин бора назар хостанд, Ҷаноби Олӣ гуфтанд: Бадахшон фарзандони фарзонаву шахсиятҳои бузурги хеле зиёд дорад. Аммо устод Меҳрубон Назаров нобиғае буданд, ки барои бунёди фарҳангу маданияту театр офарида шуда буданд ва ҳангоми зиндагонияшон расолати торихии худро пурра иҷро намуданд. Ба ҳамин хотир, барои ин театр, танҳо исми Меҳрубон Назаров зебанда мебошад.

Аз ҳамин ҷост, ки зикри мантиқӣ будани ин ҳикмати мардумӣ, хеле ба маврид аст: “Бузургонро бузургон зинда медоранд”.

 

Мухтасари зиндагинома

Меҳрубон Назаров 1 майи соли 1922 дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.

Институти театрии ба номи А.Островскийи шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ва мактаби олии партиявии назди КМ ВКП шаҳри Москваро хатм намудааст.

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст.

Мудири шуъбаи санъати Комиҷроияи ВМКБ ва аз соли 1947 мухбири махсуси рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” дар вилоят буд.

Баъдан ба ҳайси сардори Саридораи санъати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1954-1956), ҷонишини якуми Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1956-1964), ҷонишини раиси Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1964-1965), раиси Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба киноматография (1965-1966), Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1966-1979), ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1979-1988) ва то замони фавт ба ҳайси профессори кафедра фаъолият кардааст.

Дорандаи се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени “Нишони фахрӣ”, ду ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи 1) ва медалу Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мебошад.

Меҳрубон Назаров бештар аз 30 спектаклро, ба монанди “Гунаҳкорони бегуноҳ”-и А. Островский (1946), “Макр ва муҳаббат”-и Ф. Шиллер (1946), “Қишлоқи тилоӣ”-и М. Миршакар (1947), “Калтакдорони сурх”-и С. Улуғзода (1948), “Тошбек ва Гулқурбон”-и М. Миршакар, “Шӯҳрати нек”-и М. Рабиев (1957), ба саҳна гузоштааст.

М. Назаров асосгузори санъати театри касбии Афғонистон буд. Ӯ дар муддати ду соли мушовири маданият буданаш дар саҳнаи театри “Кобул Нондорӣ” спектаклҳои “Шамъҳое, ки месӯзонад”-и А. Латифӣ, “Марде, ки номаш фаромӯш шудааст”-и У. Кӯҳзод, “Гунаҳкорони бегуноҳ”-и А. Островский, “Табиби зӯракӣ”-и Ж.Б. Моллер, “Шамъҳои сӯзон”-и К. Бесид ва ғайраҳоро манзури омма гардонидааст.

М. Назаров муаллифи песаҳои бисёрпардагии “Орзу” (1964), “Дасти дӯст” (1968), “Ҳалокати одат” (1970) ва як зумра пиесаҳои якпардагӣ ва чанд асари оммавӣ мебошад.

Тарҷумаи пиесаи “Модарандар”-и О.Балзак низ ба қалами ӯ мансуб аст.

 

Муним Оламов

Абдураззоқ Саид

ИмрӯзNews

Комментарии для сайта Cackle