Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Аз номи давлат – ба зидди давлат


Shared to Facebook

22.04.2022 08:17

: 812

Бархе ниҳодҳои молиявию қудративу дифоиҳуқуқӣ, ки мусалламан, бояд барои расидан ба аҳдофи стратегии кишвар саҳмгузор бошанд, гоҳо хоставу нохоста, худашон дар ин роҳи барои халқу миллат ҳаётан муҳим монеаҳои маснуӣ эҷод менамоянд!


Эпиграф

Боре бо ҷамъе аз дӯстону ҳамкорони қадимаи замонишӯравиям, ки баъди фурӯпошӣ дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият доштанд ва шароити молии хубро касб намудаанд, ҳамсуҳбат шудем. Дӯстонам аз тағйири сатҳи зиндагонӣ ва вазъи молии ман шигифтзада шуда, бо чашмони калон-калон боз саволборонам менамуданд;

- Ту, ки ҳама вақт муқими кишвар ҳастӣ ва дороиву зиндагоният ин гуна костааст, чаро пайваста ситоиш мекунӣ? Бар ҳоли худат нигар!

- Ин қиссахониҳо аз рӯи эътиқод аст? ё аз рӯи тарс ва ё аз рӯи тамаъҷӯйии бесамар? Охир, замоне ту аз он журналистони ғаюру богурдае будӣ, ки ҳамвора “бузургон”-ро мазаммат мекардӣ!

Ман гуфтам, пуштибонии сарсахтонаи ман аз сиёсати Пешвои миллат шояд барои манфиат бошад - он ҳам манфиати миллӣ, на шахсӣ. Дар ин сӣ соли истиқлолият ман, шахсан, ба ғайр аз поймоли манфиати хусусиву хонаводаӣ чизе надидаам ва интизори диданашро ҳам надорам! Аммо дар натиҷаи таҳлилу омӯзиши якумра аз таҷоруби таърихии миллати ҷабрдидаам, ҳамчунин, бо дарназардошти ҳарифону душманони воқеии имрӯзаву ояндаи миллат, барои худ, ҳамчун як патриот, хулоса баровардаам, ки барои даҳсолаҳои зиёди дигар ҳам кофист: “Гузинаи беҳтарини давлатдориву сиёсатнигорӣ дар роҳи бақо ва рушди бемайлони Тоҷикистон ва наҷоти халқу миллат аз балоҳои эҳтимолии дарроҳбуда мавҷудияти ҳукмронии ҳарчи тӯлонитари ҳамин Пешвои миллат ва таблиғу тарвиҷи сиёсати пешгирифтаи ӯ мебошад! Ба қудрат расидани соири талабгорони мавҷуда нокомиҳои таърихии ҳазорсолаи миллати моро муҷаддадан ҷуброн кард”.

Барои ҳамин ҳам ман сарсахтона аз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҳизби ҳанӯз басайқалнарасидаи ӯ – ҲХДТ пуштибонӣ менамоям ва аз мавқеияти солими худ ифтихор дорам!

Дар зимн, ман роҳбарро мисли бисёриҳо, ки ғолибан фурсатталабу “подхалим” ҳастанд, ягон бор бесабабу далел ситоиш накардаам. Гоҳи дигаре ӯро интиқод низ намуда будам.

Бо гузаштани андак муддат, вақте ки роҳбар бар ҳамон масъалаи мавриди назари банда аксуламали ҷиддии боадолатона зоҳир намуд, дубора назари ман ҳам дар баробари ишон ба дидгоҳи аввала баргашт ва ин дафъа дарк намудам, ки “Оре, падар ҳамон падари меҳрубони собиқа аст! Дар рафтору ахлоқу аъмолаш тағйироте нест! Вале дар ин васат “модарандаре” низ зуҳур намуда, ки боиси нокомии фарзандони ранҷури имдодҷӯ аз пуштибонии падаронаи Пешвои миллат мегардад…”

Як ҷилваи карашмаи ҳамон “модарандар” аст, меҳвари мақолае, ки ҳоло хидмати хонандагони муҳтарам пешкаш менамоям.

 

****

Яке аз нукоти махсуси шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки ҳама вақт дар ҳаллу фасли масоили доғи пешомада тасмимҳои хирадмандонае мегирад. Маҳз ҳамин сифати вижаи Пешвои миллат боис гардида, ки роҳи ӯ бар дилу дидаи тоҷикону тоҷикистониён доимо ҳамвору бемонеъа бошад! Тасмимгириҳои дурусти ӯ буд, ки Тоҷикистони ҷангзадаву харобгаштаро ба сулҳу суботу оромӣ расонид, аз бумбасти энергетикиву коммуникатсионӣ берун кашид, буҳронҳои ҷиддиро бартараф намуд ва ғайраву ғайра… Яке аз мушкилоти умдаи ҳалталабе дар марҳилаи имрӯза, ин бунёди иқтисоди миллӣ, табдил додани кишвари то ба ҳол аграрии мо, ба кишвари аграрӣ - индустриалӣ унвон гардидааст, ки он ҳам, моил бар самти ҳаллу фасли қазия мебошад.

“Солҳои рушди саноат” эълон кардани солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон, бо фармони Президенти кишвар аз 06.01.2022, мужда аз он меоварад, ки дар ояндаи наздик мо, албатта, аз мақоми “кишвари аграрии содиркунандаи маҳсулоти хоми зироативу саноативу маъданӣ”, ба мақоми “кишвари аграриву тавлидкунандаи саноатӣ” нақли ҷойгоҳ хоҳем кард ва сатҳи зиндагии шаҳрвандони мо ба мартаба боло хоҳад рафт. Албатта, агар ин стратегияро халқу миллат ҳам дастгирии воқеӣ карда битавонанд, то ба монанди яке аз барномаҳои пештараи давлатии ҳамин самти муҳими стратегӣ нотамому нимкораву хом намонад!

Манзури ман сарнавишти “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” дар гузаштаи наздик, то солҳои 2020 мебошад, ки бо вуҷуди сайъу талошҳои зиёде аз ҷониби миллату давлат то ҷое ба нокомӣ рӯбарӯ шуда ва натиҷаҳои дақиқан баръаксу ғайричашмдоштеро ба самар оварда буд. Қариб 80 дарсади соҳибкорони бахши хусусии самти истеҳсолӣ, ки аз хазинаи ин фонд “қарзҳои имтиёзноки истеҳсолӣ” гирифта буданд, ба мушкилоти молӣ ва ба шикасту замингирӣ ва ба муфлисӣ дучор шудаанд ва дар айни ҳол қисмати зиёде аз ин “истеҳсолотчиёни кредитгирифта” дар пушти панҷара мӯҳлатҳои ҷазоро сипарӣ карда истодаанд.

Дарсади муайяни боқимонда ҳанӯз ҳам бо мушкилоти бӯҳронии молиявӣ дасту панҷа нарм карда истодаанд…

Яъне, зоҳиран, қариб ҳамаи он “патриотҳо”-е, ки замоне азм намуда буданд, бунёдгузори санъати истеҳсолии маҳсулоти ватанӣ мешаванд, “фиребгар”-у “дузд” “кулоҳбардор”-у “мошенник” аз об даромадаанд? Дар ин қазия чӣ камбудиҳову чӣ норасоиҳо буд? Айбу иллат дар чӣ буд, ки иддаи зиёди “гулҳои аввалбаҳор”-и соҳибкорони истеҳсолии Тоҷикистон ба ҷойи рушд кардану ояндадору пулдор шудан баршикасту муфлису бадному зиндонӣ шуданд?

Ончуноне ки натиҷаи фаъолияти органҳои қудратӣ нишон медиҳад, магар дар асл қарзҳои “имтиёзноки истеҳсолӣ”-ро масъулин фақат ба шахсони ҳанноту қаллобу фиребгар бовар кардаанд? Ё ҳамаи қарзгирифтаҳо бетақдир буданду корашон омад накард, ки аксари соҳибкорони дар ин самт погузошта муфлису нокому бадном гардидаанд?

Дар ин самт як пажуҳише ҳам гузаронидем, ки хеле аз асрори пасипардагиро ифшо мекунад. Дар ин матлаб натиҷа ва хулосаи онро мехоҳем эълом намоем.

Ҳанӯз даҳ сол муқаддам, мутобиқ ба нишондоди таҳлилҳои коршиносони иқтисодӣ, аз оғози қарн то даҳаи аввали солҳои дуҳазорум фазои истеъмолии Тоҷикистон ба бозори беминнати маҳсулоти пастсифати кишварҳои ҳамсоя мубаддал гардида буд. Ин вазъ то ба ҳол тақрибан бетағйир мондааст. Ҳамаи асъори хориҷии кишвар барои воридоти ҷинсҳои тақаллубӣ ва бесифату ба саломатии инсонҳо зараровар сафарбар карда мешуд ва албатта, ба ивази доллару евро ағлаб колоҳоеро вориди бозор месохтанд, ки қобили истифода нестанд, махсусан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои хусусии кишвари Чин ва маҳсули таърихи истеъмолашон гузаштаву фосидгардидаи дар бастабандиҳои ҷадид вориди бозоршуда...

Масалан, ҳамаамон ёд дорем, ки фақат бо дахолати шахсии Сарвари давлат ба воридоти “окарачка”-ву мурғи фосидгардида хотима дода шуд! Дар ҳар ниҳод афроди алоҳидае фаъолият мекарданд, ки фақат дар фикри манофеи касбиву молиявии худ буданд. Ончуноне ки борҳо Роҳбари давлат аз минбари баланд бонги хатар мезаданд, бонкҳои кишвар бо таҳияи қарзҳои кӯтоҳмуддату баландфоиз сабабгори он шуда буданд, ки саноати маҳаллӣ суқут кунад ва сели колоҳои бадарднахӯри чинӣ бозорро ғасб намуда, ҳамаи асъори хориҷиро ба коми бегонагон бикашонад. Мо мафҳумеро ба истилоҳи “амнияти истеҳсоли ватанӣ” намедонистем. Ё шояд медонистему нишон медодем, ки намедонем!

Ёд дорам, боре дар як сӯҳбат бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ- хонум Ваняи булғорӣ, ки дафтараш дар бинои Вазорати молияи кишвар қарор дошт, аз забони он шахси масъулияти расмидошта чунин нуктаи нанговаеро шунида будам, ки мегуфт:

- Маъмулан, дар кишварҳои хориҷӣ баъзе сармоядорони беимон барои ба даст овардани маблағҳои муфти бедардимиён ба қочоқи фурӯши аслиҳа ва маводи мухаддир сармоягузории пинҳонӣ намуда, ҳам аз пардохти молиёт канора мегиранд ва ҳам даромади хеле зиёди муфтро ба даст меоваранд. Ҳатто гоҳе ин даромадҳои пасипардагӣ то ба бист фоизи солона ҳам мерасанд, дар он ҳолате ки сармоягузории маъмулии ҷаҳонӣ даромади аз 1 то 3 ва ҳадди аксар 5 дарсади солонаро меситонаду бас! Вале дар Тоҷикистон ба хотири расидан ба чунин ҳадафҳои паст касе маҷбур нест ба сармоягузории пасипардагиву қочоқӣ рӯ биёрад. Дар ин ҷо бонкҳо ҳангоми додани қарзҳо, расман, аз 30 то 36 дарсад ва баъзан аз он ҳам зиёдтар фоиз мерӯёнанд, ки ин роҳзаниву ғоратгарӣ дар рӯзи равшан аст. Дар оянда аввал қарздоронро ва баъдан худи бонкҳоро банкрот месозад.

Дарвоқеъ, баъдан ин гуна далелҳоро дар мисоли “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-у бархе бонкҳои дигари ватанӣ таҷриба намудем. Аз ин нуқтаи назар, ҳоло бо итминони комил метавонам гӯям, ки баҳогузории хонум Ваня хеле дуруст будааст.

Маҳз ҳамин тариқи фаъолияти бонкҳост, ки барои пешрафтҳои иқтисодӣ халал мерасонад. Бояд аз таҷрибаи имрӯзаи Туркия истифода намуд. Президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон солҳои охир дар системаи бонкии кишвараш ислоҳоте бо номи “камтарин баҳрабардорӣ бо ҳадафи ояндаи осуда” гузаронид. Ин тасмим садои норозигии банкирҳои хориҷиро баланд кард. Барои муқобала бо қарори Эрдуғон ҳар рӯз қурби асъорро баландтару баландтар ва қимати лири туркиро пасттар намуданд. Бо гузашти муддате ҳамон экспертҳои молиявии хориҷӣ, ки қаблан бар зидди ин ислоҳоти эрдуғонӣ эътироз доштанд, ноилоҷ тасдиқ намуданд, ки ин ислоҳот дар марҳилаи аввал дарсади таваррумро баландтар менамояд, аммо дар оянда барои иқтисоди кишвар даромадҳои истеҳсолии зиёде оварда, тавозуни молиявиро барқарор менамояд ва боиси рушди саноати Туркия мегардад.

Даҳаи гузашта дар кишвари мо вазифае дар пеш истода буд, ки ба рағми ин беинсофии бонкҳо ниҳоди сармоягузореро созмон бидиҳанд, то дар қолаби қарзҳои истеҳсолии имтиёзнок ҳарчи зудтар бунёди саноати худӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ватаниро ба миён андозанду кишвар аз ин буҳрон раҳоӣ пайдо кунад. Бо ибтикори Роҳбари давлат, аз ҳисоби буҷаи кишвар барои иҷрои ин кор маблағҳои муайян ҷудо карда шуданд. Сипас дар заминаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” созмон дода шуд, то барои лоиҳаҳои истеҳсолии соҳибкорони бахши хусусӣ “сармоягузории истеҳсолии имтиёзнок”-ро ба роҳ андозанд…

Аммо, дар ҳамин марҳила мушкиле пеш омад, ки намегузошт ибтикори ватандӯстонаи Пешвои миллат бо маҷрои зарурӣ ҷараён пайдо намояд. Дар кишвар базаи қонунӣ барои таҳияи “қарзи имтиёзноки истеҳсолӣ” мавҷуд набуд. Бонкҳои кишвар фақат ба як шеваи корӣ, ба як системаи муфлисиовари қарздиҳӣ побанд буданд - мӯҳлати маъмулии яксола, болои 30 фоизи солона, баргашти маблағи фоизӣ аз аввалин рӯзи қарордоди қарзӣ, ки ин системаро ба ғайр аз аҳроми молиявӣ (финансовая пирамида) чизи дигаре наметавон гуфт!

Баъдан Сарвари давлат ба Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон супориш доданд, ки бо ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар саросари кишвар бо соҳибкорон семенарҳову мулоқоту сӯҳбатҳо гузаронида, роҳҳои дурусти иҷрои ин амри хайрро муайян намоянд. Таҳияи маблағҳои қарзиро муваққатан ба “Амонатбонк” супориданд.

Бонк ҳам, албатта, аз рӯзи аввал кӯрпаро ба сӯи худ кашида, фурсатталабона дар раванди таҳияи ин маблағҳо шароити корбурдии рӯзмарраи худро “дикта” менамуд ва даромад ба даст меовард (ба ғайри “доля”-ҳои пасипардагӣ, ки аз ҷониби шахсони маълум ситонида мешуд).

Собиқ корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Тоҳир Баротов мегӯяд:

- Он замон дар тамоми кишвар дар сафарҳои корӣ бо соҳибкорон суҳбат карда, намояндагони нисбатан фаъолро ба пойтахт даъват намуда будем. Чанд дафъа дар идора мизҳои мудаввар доир намуда, натиҷаи афкори умумро ба мақомоти марбута расонида будем. “Амонатбонк” муваззаф шуда буд, ки лоиҳаҳоро бе фоидаҷӯӣ ва бо мӯҳлатҳои ҷавобгӯ ба талаботи истеҳсолӣ таҳия созад, зеро Фонд худаш бонк надошт, аммо “Амонатбонк”-и вазифадоршуда бо баҳонаи набудани заминаҳои меъёрии расман қабулшудаи “қарзи имтиёзии истеҳсолӣ” бо сарсахтиву пофишорӣ, қарододҳоро ба шароитҳои барои худаш мувофиқ ба имзо мерасонид ва таҳияи маблағҳоро ҳамон тавр идома медод...

Дар асл, қарордодҳо ба соҳибкорон таҳмил карда мешуданд ва ваъда дода мешуд, ки дар ояндаи наздик, ки қонун дар бораи қарзи имтиёзноки истеҳсолӣ қабул шуд, шароити ин қарордодҳо ҳам иваз карда мешавад. Бонк қарзгирандаҳоро дар вазъияте қарор дода буд, ки маҷбур буданд ба қарордодҳои барои худашон номуносиб имзо кунанд ва худашонро побанди аҳдҳои номатлуб созанд.

Мантиқан, барои иҷрои боадолатонаи пешниҳоди он маблағҳо заминаи қонунии ҷадид лозим набуд. Бояд дар ҳар қарордоди имтиёзнок мӯҳлати зарурӣ ва шароити бефоизӣ дарҷ мегардид. Раванди иҷрои пружаи стратегии давлатӣ бояд ҳамин тавр таъмин карда мешуд.

Аммо, на қонуни ҷадиде рӯи кор омад ва на тағйироте дар сармоягузории “имтиёзноки истеҳсолӣ” сурат гирифт. Соҳибкорони қарзгирифта қариб ҳамаашон, беистисно, ба мушкилоти молӣ гирифтор шуданд. Бархе бо таҳияи маблағу шароити иловагӣ баъди шикасту заминхӯрдагӣ дубора қомат рост карданд. Вале ононе, ки дигар сарчашмаҳои имдодрасонеро пайдо карда натавонистанд, гирифтори вазъи шадиди буҳронӣ гардиданд.

Дар ҳамин ҳолат “болои сӯхта намакоб” аввал дар кишвар таъсири бӯҳрони маълуми панҷсолаи ҷаҳонии иқтисодӣ ва пасон вабои ҳамагирии Ковид-19 домангири шаҳрвандону соҳибкорон гардид.

Дар ағлаби кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз кӯмакҳои молиявии фонду хазинаҳои байналмиллалӣ дар ҳамин солҳо маблағҳои зиёди кӯмак ҷудо шуданд, то шуғлҳову тиҷоратҳо ва аз ҳама муҳим, фарояндҳои тавлидиву истеҳсолиро наҷот бахшанд.

Фақат дар Тоҷикистон буд, ки “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” ба ҷойи он ки роҳу илоҷе пайдо намуда, барои истеҳсолкунандагони бахши хусусии гирифторшуда нафаси тозае, такони ҷаддии молие ба миён андозад ва лоиҳаҳои нокомгардидаи истеҳсолӣ, дар асл, иҷрои муваффақонаи стратегияи муҳими миллиро наҷот бахшад, бо истифода аз кӯмаки органҳои ҳуқуқӣ – милисаву прокурору парвандасозиҳои ҷиноятиву иқтисодӣ ба соҳибкорони бе ин ҳам дар бало гирифторшуда дарафтоданд ва бо ибораи бонкирҳову қудратиҳо, “як бар-барро парвандаву зиндонӣ карданд…”

Вақте ки дар сӯҳбатҳо бо бархе ҷабрдидагон, яъне, соҳибкорони ҳукмгирифта ва ё ҷазодида, далели қазияро пурсидем, дар аксари мавридҳо сенарияи парвандасозиҳо ба ҳам монанд будаанд; аввал кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо талаби Бонк ва ё Фонд соҳибкорро боздошт карда, бо василаҳои гуногун дар мавриди “ғайримақсаднок истифода кардани маблағи қарзи имтиёзноки истеҳсолӣ”, “эътироф” ба даст меоваранд, парванда месозанд, пас дар прокуратураву мақомоти судӣ бо ифтихори он ки манфиати давлати азизамонро ҳифз намуда истодаанд (чунки тарафи даъвогари парванда идораи давлатӣ аст - О.К.) бо чашмони пӯшида ҳукмҳо ва ҳалномаҳои аксаран ноадолатонаро имзо намудаанд…

Аммо натиҷа чи шуд!?

1.   Ба ҷойи он ки як пружаи муҳими арзишу аҳамияти стратегидоштаи давлатӣ бо муваффақият ба иҷро расад, он иқдоми ногузири наҷотбахши иқтисодиёти миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардида буд, нимакораву нотамому ноком монд.

2.   Ҳадафи асосии иқдоми стратегии Роҳбари давлат дар ин пружаи имтиёзӣ -бунёди ниҳоди молие буд, ки дар муқобили шароити ногувори бонкии кишвар истеҳсолоти ватаниро дифо намуда, кишварро аз ҳолати вобастагӣ ба маҳсулоти бесифати зараровари хориҷӣ раҳо созад (на ба даст овардани фоизи бонкӣ). Аммо, пофишориву саркашии масъулини судҷӯ сабаб шуд, ки ҷараёни оғозгардидаи самти муҳимеро ба ҷониби муқобил баргардонанд ва ба ҷойи бунёди ниҳоди мавриди назари Роҳбари давлат бонки дигаре бо ҳамон сифоти бонкҳои қаблӣ арзи вуҷуд кардааст, фақат ба ҷойи калимаи “тоҷик” дар исми бонки нав калимаи “саноат” омадаасту дигар ҳама ангораҳои қадима…

3.   Ба рағми он ки дар ҳамаи парвандаҳо соҳибкоронро, аслан, бо ҷурми “истифодаи ғайримақсаднок”-и маблағҳо муттаҳам намудаанд, дарвоқеъ, ин органҳои тафтишотии дифои ҳуқуқ ва мақомоти доварикунанда ҳастанд, ки бо умеди дифо аз манфиатҳои бонки давлатӣ, нохудогоҳ ба манфиатҳои стратегии миллии худи ҳамин давлат зарбаҳои амиқи камаршикан ворид намудаанд, ки он ҷуброннопазир аст. Мантиқан, муқовимат ба иҷрои барномаи стратегии давлатӣ - чи аз тарафи шахс бошад ва ё чи аз тарафи ниҳодҳои расмӣ, ба ғайр аз “саботаж” (харобкорӣ) ва “байкот” номи дигар надорад. Яъне, аз номи давлат, вале бар зидди давлат.

4.   Кӯшишҳои бонк барои дар муҳлати кӯтоҳ рӯёнидани фоизи зиёд ба унвони иҷрои бахши даромади буҷаи давлатӣ сабаб шуд, ки маблағи табиатан субсидии барои бунёди базаи тавлидотӣ ҷудошуда дар барномаи “ғайримақсаднок” истифода шудааст ва маҳз худи ҳамин амал иллатест, ки вазъи буҳронии бозори кишварро боз ҳам харобтар менамояд!

Табиату муқаррароти имрӯзаву дирӯзаи бонкҳои мо ин будааст, ки бо мӯҳлати ҳарчи кӯтоҳтар ва бо фоизи ҳарчи баландтар қарз медиҳанд ва барои бардошти ҳарчи зудтари суд аз моҳи оянда оғози баргашти маблағро талаб менамоянд. Ин агар барои тиҷорати воридоти аҷноси фосиди хитойӣ мувофиқ бошад ҳам, барои ташкили истеҳсолот аниқ шароити мувофиқ набуда, балки чоҳе дар роҳ ва ё каманди марговаре ба гардани истеҳсолот аст!

Табиати “сармоягузории истеҳсолӣ” шароити дигарро талаб менамояд. Даромаде, ки аз истеҳсолот барои иқтисодиёти кишвар ворид мегардад, аз фоизи бонкӣ дида, ки ба кисаҳои алоҳида сарозер мешаванд, хеле ва хеле бештар аст. Аммо, даромад аз истеҳсолот яку якбора – барои мисол, дар муҳлате, ки барои пешниҳоди “қарзи имтиёзноки истеҳсолӣ” бо фоизҳояш муқаррар шудааст, ба даст намеояд. Қарзҳои истеҳсолӣ муҳлатҳои аз панҷ сол болоро ниёз доранд, то замони ташкили истеҳсолу бозорёбиву моркетингу давраи оғози баргашти сармояро пӯшиш дода тавонанд. Баргашти ин сармоягузориҳо ҳам на бояд дар шакли фоизҳои бонкӣ, балки дар шакли даромадҳои дарозмуддати давлат аз дарёфти молиёт, дар шакли сарфаҷуӣ дар харҷи асъор барои воридоти маҳсулоти гаронқиммати хориҷӣ, дар шакли рушди тавлидоти баландсифату дастраси ватанӣ ва дар шакли беҳбуд гардидани ҳолати иқтисодиву баланд бардоштани сатҳи зиндагонии шаҳрвандон бошад, на чизи дигар.

Ҳангоми таҳқиқи мавзӯъ гоҳи сӯҳбатҳои бешумор бо соҳибкороне, ки замоне барои дарёфти қарзи имтиёзнок аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ сайъу кӯшишҳо карда буданд, нусхаи аслии санаде дастрас шуд. Таҳлилу омӯзиши ин санад ҳақиқатҳои талхеро бармало мекунад, ки масъулини судҷӯи чанде аз органҳои расмӣ махсус ба сарнавишти ин пружаи стратегии сармоягузории имтиёзнок хати ботил кашидаанд. Ин санад - яке аз се нусхаи аслии Муроҷиатномаи соҳибкорон аз гӯшаву канори Тоҷикистон бо имзои соҳибони 80 лоиҳаи тавлидотии соҳибкории бахши хусусӣ, дар тобистони соли 2014 ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин муроҷиатнома, ки аз тариқи Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ба Пешвои миллат ирсол шуда буд, тамоми ҷузъиёти кашокашу муборизаи соҳибкорон бо бонк барои дарёфти сармоягузории воқеан имтиёзноки истеҳсолӣ ва гарданкашии онрӯзаи масъулини бонк дақиқан дарҷ гардидааст. Тибқи гуфтаи чандин нафар соҳибкорони марбута, роҳбарияти онвақтаи Маркази таҳқиқоти стратегӣ мужда расонидаанд, ки ба бонк шифоҳӣ амр шудааст, то маблағҳоро тибқи талаботи “имтиёз барои истеҳсолот” диҳад.

Бештари соҳибкорони баъди ин ваъдаҳо дар қарордодҳои қарзӣ имзонамуда мутмаин буданд, ки ба ҳамин наздикиҳо қонун барои таҳияи сармоягузории “истеҳсолии имтиёзнок” ба тасвиб мерасад ва кормандони “Амонатбонк” ҳамчун воситаи техникӣ дар муомилаи байни соҳибкорон ва Фонди дастгирии соҳибкорӣ қарордодҳояшонро тағйир дода, шароит ва мӯҳлати онҳоро дигар мекунанд, зеро ин ваъдаи масъулини онвақтаи “Амонатбонк” ва Фонди дастгирии соҳибкорӣ буд. Бисёриҳо бо гузашти солҳо фаҳмиданд, ки ба қавли шифоҳии масъулини расмӣ бовар намуда, дар баробари қарордоди ба ном “имтиёзнок” ба ҳукми нобудии худ мӯҳру имзо гузоштаанд!

Ҳамин буда, ки боре “Амонатбонк” “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-ро ба “Фонди дастгиркунии соҳибкорон” мубаддал намуда буд…

 

Ораши Камонвар

 

Комментарии для сайта Cackle