Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Натиҷаи нооромӣ дар ВМКБ: 77 нафар маҳкум шуданд


Shared to Facebook

10.10.2022 07:37

Количество просмотров: 557

Дар натиҷаи ҳаводиси моҳи майи имсол дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нисбат ба 109 нафар саркардагон ва аъзои иттиҳодияҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Аз ин 77 нафар маҳкум шуда, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 32 нафари дигар дар баррасии судӣ қарор дорад. Дар ин бора дар як изҳорот Прокуратураи генералии Тоҷикистон маълумот дод.

Ин изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар посух ба иддаои раиси Паймони миллии Тоҷикистон Кабирӣ М., муовини раиси “Ҳизби наҳзати ислом” Шерзамонов А. ва аъзою фаъолони ҳаракати “Гурӯҳи 24” садо дод, ки дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нисбат ба Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон маълумоти бардурӯғ ва ақидаҳои иғвоангезонаро баён кардаанд.

Ҷаалсаи САҲА аз 27 сентябр то 7 октябр дар шаҳри Варшава баргузор шуда, дар он масъалаи озодии сухан ва васоити ахбори омма дар Тоҷикистон, инчунин ҳодисаҳои тазоҳуроти Бадахшон баррасӣ гардиданд.

Аз ҷумла, М. Кабирӣ маълумоти бардурӯғро оид ба гӯё “Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақалияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳу бегуноҳ дар як амалиёти низомии Ҳукумат барои саркӯби тазоҳургарон кӯшта шудаву садҳо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла адвокату рӯзноманигорон ва фаъолони мардумӣ зиндонӣ ё фирорӣ гашта бошанд” гузориш додааст, ки бино ба таъкиди Прокуратураи генералии Тоҷикистон, он беасос буда, хусусияти иғвоангезӣ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгароӣ ва сиёсӣ доштани баромади М. Кабириро нишон медиҳад.

“Мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар бар зидди гурӯҳи тазоҳуротгарони ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ, ки мақсади ғасби ҳокимиятро дошта, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо роҳбарии саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятии ВМКБ ва тибқи нақшаи қаблан таҳрезинамудаи Кабирӣ М. ва Шерзамонов А. иттиҳоди ҷиноятиро ташкил намуда, қасди бо роҳи зуроварӣ ғасби ҳокимият, сарнагун сохтани мақомоти давлатӣ ва бо даъвати оммавӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар, шурӯъ аз 25 марти соли 2022 ба тазоҳуроту ташкил намудани гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ даст зада, тартиботи ҷамъиятиро мунтазам халалдор сохта, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, дар маркази ВМКБ ва ноҳияҳои атрофи он бетартибии оммавиро идома доданд.

18 майи соли 2022, соати 07:30 дақиқа бо мақсади амалӣ кардани нақшаҳои ҷиноии худ аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ, роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаро баста, ба сӯи хизматчиёни ҳарбӣ аз силоҳҳои гуногуни оташфишон тир холӣ намуданд, ки дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи онҳо як афсар аз тири силоҳи оташфишон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 6 нафар афсару прапоршикҳо захм бардошта, бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Дар ин давра чанд нафар корманди милитсия низ аз ҷониби аъзои гуруҳҳои ҷиноятӣ лату кӯб шуда, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифта, 2 нафар фавтиданд (ба дарё ғарқ шуданд)”, - омадааст дар изҳороти Прокуратураи генералӣ.

Ба гуфтаи мақомот, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии чинояткорӣ ва рафъи қоидавайронкуниҳои ҷойдошта дар ВМКБ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуда, зимни он аз тазоҳуротчиён ва аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ гирифта шуда, 29-нафар безарар гардонида шудаанд.

“Аз тарафи Прокуратураи генералӣ вобаста ба таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар ин давра нисбати 109 нафар саркардагон ва аъзои иттиҳодияҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз, тафтиш ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда, дар натиҷа ба 77 нафар дар асоси ҳукмҳои судӣ ҷазои сазовор таъин карда шуда, нисбати 32 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасии судӣ қарор доранд.

Ҳамзамон 89 нафари тазоҳуротчиён барои майдаавбошӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ низ кашида шуданд”, - зикр шудааст дар ин изҳорот.

Дар ин муддат чанде аз тазоҳуротчиён ва рӯзноманигорон низ барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун, яъне узвият ва ҳамкорӣ доштанашон бо созмонҳои экстремистӣ-террористии фаъолияташ мамнуъ боздошт гардида, доир ба ҳолатҳои таҳти фишору шиканҷа қарор гирифтани рӯзноманигорон ё зиндониёни сиёсӣ ягон арзу шикоятҳо ворид нашуда, аъзои оилаҳои онҳо низ доири он муроҷиат накардаанд.

Аммо, роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии “Паймони Миллии Тоҷикистон” Муҳиддин Кабирӣ, муовини роҳбари “Ҳизби наҳзатии Ислом” Алим Шерзамонов, аъзои фаъоли он Муҳамадиқболи Садриддин ва аъзои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, оқибати ҷавобгарии ҷиноятиро дарк намуданд, бо ғаразҳои нопоку супориши хоҷагонашон дар ҷаласаи САҲА суханронӣ карда ақидаҳои иғвоангезонаи худро иброз дошта, дар сомонаҳои интернетӣ барқасдона паҳн намудаанд.

Ҳоло он ки дар асоси ҳалномаҳои Суди Олии Тоҷикистон, ташкилоти “Паймони Миллии Тоҷикистон” аз соли 2019, “Ҳизби наҳзатии Ислом” аз соли 2015 ва ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз соли 2014 ташкилотҳои террористӣ-эстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шудааст. Инчунин, сомонаҳои интернетии ба онҳо тааллуқдошта баста шуда, нашр ва паҳн кардани видеонавору аудиосабтҳои онҳо низ манъ гардидааст.

Ба ғайр аз ин, бо қарори Суди Олии Русия, аз 14 сентябри соли 2022, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Русия манъ шудааст.

Ба таъкиди мақомот, Кабирӣ М., Маҳмадиқболи С. ва дигар мухолифини сиёсӣ ин ҳолатҳоро дарк намуда, дар кишварҳои аврупоӣ фаъолияти ғаразноки худро вусъат дода, қасди халалдор намудани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субботу амнияти мардум, ба даст овардани ҳокимият ва барпо кардани давлати теократӣ дар Тоҷикистонро идома дода, аз ҳама роҳу воситаҳо истифода бурда истодаанд.

Комментарии для сайта Cackle