26.08.2022 16:01
Количество просмотров: 2357
Шарҳи сухангӯи Сафорати Чин дар Тоҷикистон дар бораи назорати фентанил дар Чин
- 2 августи соли равон раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелоси ба Тайван сафар кард. Чин ба ин амал қатъиян муқобил баромад ва онро маҳкум кард. Рӯзи 5 август Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳашт чораи муқобила, аз ҷумла мутаваққиф шудани ҳамкориҳои Чину ИМА дар мубориза бо маводи мухаддирро эълон кард. Оё ин дуруст аст?
- Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико, эътирози шадид ва изҳороти расмии Чинро нодида гирифта, аз минтақаи Тайвани Чин боздид намуд. Ин вайронкунии ҷиддии принсипи “Чини ягона” ва бандҳои се баёнияи муштараки Чин ва Амрико буд ва ба таҳкурсии сиёсии муносибатҳои Чин ва Амрико ба таври ҷиддӣ халал ворид кард. Ин кирдор соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Чинро ба таври ҷиддӣ поймол намуд, сулҳу осоишро дар гулугоҳи Тайван вайрон карда, ба неруҳои ҷудоихоҳи тарафдори истиқлолияти Тайван сигнали нодуруст фиристод. Чин ба ин гуна кирдор қатъиян муқобил баромада ва маҳкум мекунад. Тавре ки гуфта шуд, Вазорати корҳои хориҷии Чин баъдан ҳашт чораи муқобила, аз ҷумла мутаваққиф шудани ҳамкориҳои Чину ИМА дар мубориза бо маводи мухаддирро эълон кард. Ин “тадбири ҷазодиҳӣ”, ки Чин дар ҷавоб ба ҳукумати ИМА қабул кард, комилан оқилона ва ба мақсад мувофиқ аст.
- Чаро Чин ҳамкорӣ бо ИМА оид ба фентанилро қатъ кард?
- Сабаби буҳрони алоқаманд ба сӯиистифодаи фентанил дар Иёлоти Муттаҳида аз худи Амрико реша мегирад. Масъулият барои халалдор кардани хамкории Чин ва Амрико дар соҳаи назорати маводи мухаддир комилан ба дӯши ҷониби Амрико мебошад. Иёлоти Муттаҳида бузургтарин тавлидкунанда ва истеъмолкунандаи доруҳои фентанил дар ҷаҳон аст, амрикоиҳо 5% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва 80% афюнҳои ҷаҳонро истеъмол мекунанд. Ҳукумати ИМА доруҳои дорухатиро назорат намекунад, ҷомеаро дар бораи хатари маводи мухаддир ба таври кофӣ огоҳ накардааст ва барои коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир ва мубориза бо маводи мухаддир чораҳои муассир намеандешад.
Зиёда аз ду сол мешавад, ки ҷониби ИМА бо баҳона муассисаҳои илмии чинии масъули ошкор ва назорати моддаҳои фентанилмонанд, аз қабили Маркази махсуси мушаххаскунонии Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ва Лабораторияи миллии мубориза бо маводи мухаддирро бо баҳонаи ба ном масъалаи ҳуқуқи инсон дар Шинҷон ба “рӯйхати сиёҳи Вазорати тиҷорати ИМА” ворид кардааст.
ИМА пайваста изҳороти манфӣ ва бардурӯғ нашр намуда ва алайҳи ширкатҳои чинӣ таҳримот ҷорӣ мекунад ва онҳоро дар истифодаи фентанил айбдор месозад. Барои як шаҳрванди Чин, ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мукофоти баланд пешниҳод мешавад, аммо ба масъулияти идораи бесамари тиҷорати маводи мухаддир дар дохили кишвар “чашм мепӯшад”. Чин борҳо ба ҷониби Амрико муроҷиат кард, вале то ҳол ҷониби Амрико ягон хел шарҳ намедиҳад. Ҷониби ИМА бояд барои вайрон кардани муносибатҳои байни ду кишвар ва халалдор кардани ҳамкориҳои Чину ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир комилан масъул бошад.
- Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи фентанил бо Чин фаъолона ҳамкорӣ карда истодаанд, оё Чин ба назорати фентанил мушкил дорад?
- Баръакс, проблемаи фентанил дар Чин чандон ҷиддӣ нест. Дар Чин ҳеҷ гуна суиистифодаи густарда аз моддаҳои ба фентанил монанд вуҷуд надорад ва фавт аз моддаҳои ба фентанил монанд ба қайд гирифта нашудааст. Аз нуқтаи назари башардӯстона, Чин аввалин шуда, 1 майи соли 2019 ба таври расмӣ моддаҳои ба фентанил монандро ба феҳристи ҷаҳонӣ ворид кард ва дар пешгирии истеҳсол, қочоқи ғайриқонунӣ ва сӯиистифодаи онҳо нақши муҳим дорад. Пас аз ворид кардани тамоми категорияи моддаҳо ба монанди фентанил ба рӯйхат, мақомоти дахлдори Чин як қатор чораҳои мақсаднокро барои таъмини самаранокии тамоми категорияи муқаррароти номбаршуда андешиданд.
Якум, беҳтарсозии муҳофизати ҳуқуқӣ. Се санади дахлдори ҳуқуқӣ ҷиҳати фароҳам овардани заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои ҷазоҳои сахт барои ҷиноятҳо бо моддаҳои ба фентанил монанд таҳия карда шудаанд.
Дуюм, такмил додани таъминоти техникӣ. Дар саросари кишвар панҷ зермаркази Лабораторияи миллии маводи мухаддир таъсис дода шуда, дар ташкили низоми санҷиш ва мониторинги моддаҳои ба фентанил монанд ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Сеюм, пурзӯр кардани тафтиш ва назорат. Чораҷӯиҳо оид ба гузаронидани амалиёти ошкор ва назорати моддаҳои ба фентанил монанд дар саросари кишвар, муайян кардани заминаҳои корхонаҳои марбут ба фентанил, кормандон, прекурсорҳо ва таҷҳизот, инчунин ба ҳадафҳои асосӣ дохил кардани одамони дорои хатари баланд ва аз байн бурдани иттилооти ғайриқонунӣ дар интернет. Пешгирии фаъолияти ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ дар истеҳсол ва фурӯши моддаҳои фентанилмонанд шурӯъ аз худи манбаъи он.
Чорум, пурзӯр кардани мубориза ба зидди гардиши ғайриқонунии фентанил. Барои ҷилавгирӣ ва мубориза бо қочоқи фентанил дар вилоятҳо ва шаҳрҳои муҳими Чин амалиёти махсус анҷом шудааст.
Панҷум, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ. Парвандаи қочоқи фентанил, ки аз ҷониби Чин ва Иёлоти Муттаҳида якҷоя ошкор карда шудаанд, парвандаи Ван Фэнси (WANG FENGXI) ва парвандаи Чен Тсзянпин (CHEN JIANPING) ба таври оммавӣ эълон карда шуданд, то натиҷаҳои ҳамкориҳои ду ҷонибро нишон диҳанд. Чин ҳамеша қоидаҳои байналмилалӣ ва қонунҳои дохилии худро оид ба назорати маводи кимиёвии прекурсорҳои маводи мухаддир риоя мекунад ва пайваста назоратро вобаста ба ҳолатҳои нав барои пешгирӣ аз ворид шудан ба каналҳои истеҳсоли маводи мухаддир тақвият медиҳад.
- Метавонед дар бораи ҳамкориҳои зидди маводи мухаддир бо Тоҷикистон чизе бигӯед? Чин барои марҳилаи навбатии ҳамкориҳои зидди маводи мухаддир чӣ нақшаҳо дорад?
- Солҳои охир Чин ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳо дар самти мубориза бо маводи мухаддир ба пешравиҳои мусбат ноил шудаанд. Ҷониби Чин омода аст, ки бо ҷониби Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи табодули иттилоот ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкили амалиёти муштараки зидди маводи мухаддир, муборизаи муштарак бо ҷиноятҳои фаромиллии маводи мухаддир ва ҳамчунин, мусоидат ба ташкили идоракунии муштараки мутақобилан судманд, иқдомоти амалӣ ва муассир барои бартараф кардани мушкилот ҳамкорӣ намояд.