Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Мирзиёев вазъи фавқулодаро дар Қароқалпоқистон сабук кард


Shared to Facebook

14.07.2022 08:48

Количество просмотров: 373

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармонро дар бораи коҳиш додани соати комендантӣ дар Қароқалпоқистон, ки қаблан вазъи фавқулода ҷорӣ шуда буд, имзо кард. Дар ин бора сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов хабар дод:

“Бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва бозгашти зиндагии сокинон ба ҷараёни муқаррарии худ, президенти Узбекистон тасмим гирифт, ки вазъи фавқулода дар қаламрави Қароқалпоқистон сабук карда шавад, яъне ҷорӣ намудани вақти нави комендантӣ ба ҷойи “аз 21:00 то соати 07:00” “аз соати 23:00 то 05:00” муқаррар гардид”, - навишт ӯ дар Telegram.

Рӯзи 1 июл дар пайи пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон оид ба тағйири мақоми худмухтори Қароқалпоқистон дар ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоиҳои эътирозӣ сар заданд.

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар дод, ки эътирозҳоро як гурӯҳ шаҳрвандоне ташкил кардаанд, ки тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишварро “нодуруст тафсир намудаанд”.

Прокуратураи генералии Узбекистон хабар дод, ки Дар ошӯбҳои рӯзҳои 1-2 июл дар Нуқус, маркази маъмурии Қарақалпоқистон, 18 нафар ба ҳалокат расида, 243 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Вазорати корҳои дохилии ин кишвар гуфт, гуруҳе аз созмондиҳандагони ошӯб, ки мехостанд мақомоти вилоятро тасарруф кунанд, боздошт шуданд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев шахсан ба шаҳри Нуқус – маркази маъмурии Қароқалпоқистон сафар карда, шаҳрвандонро итминон дод, ки мақоми худмухтории Қароқалпоқистон тағйир дода намешавад.

Рӯзи 2 июл бо фармони Мирзиёев,бо мақсади “таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, барқарор намудани тартиботи ҳуқуқӣ” дар қаламрави Қароқалпоқистон ҳолати фавқулода ҷорӣ карда шуд.

Комментарии для сайта Cackle