Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дабири кулли СММ: Башарият нотавон нест, аммо...


Shared to Facebook

14.07.2022 08:44

Количество просмотров: 1986

“Ҷаҳони мо дар душвориҳои бузург қарор дорад, вақт мегузарад, аммо ҳанӯз ҳам умед ҳаст”. Бо ин суханон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба иштирокчиёни Форуми сиёсии сатҳи баланди Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кард, хабар медиҳад сомонаи ин созмон.

Ба гуфтаи вай, башарият нотавон нест ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд як қатор иқдомоти мушаххасеро барои рафъи ин вазъ рӯи даст гирад:

“Мо хуб медонем, ки чӣ кор кардан лозим аст. Биёед ҷангҳои бемаънӣ ва мудҳишро бас кунем. Биёед инқилоби энергияи барқароршавандаро оғоз кунем. Биёед ба одамон ва идеяҳои онҳо сармоягузорӣ кунем. Биёед шартномаи нави иҷтимоӣ мебандем”, - гуфт Гутерриш.

Роҳбари СММ аз кишварҳо даъват кард, қудрат ва манобеъи молиро мувозинат намуда, ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ имкон диҳанд, ки барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор сармоягузорӣ кунанд ва онҳоро “пеш аз он ки хеле дер шавад” наҷот диҳанд.

“Мо дар замони номуайянии бузург вомехӯрем. Ҷаҳон бо буҳронҳои шадид рӯбарӯ аст, ки ранҷу азобҳои зиёд меорад ва тухми нобаробарӣ, бесуботӣ ва бесарусомонии иқлимро паҳн мекунанд. Дар пасманзари барқароршавии нозук ва нобаробар аз пандемияи COVID-19, мо оқибатҳои мураккаби ҳамлаи Русия ба Украинаро дар ҳама ҷо эҳсос кардем. Тақрибан 94 кишвар, ки 1,6 миллиард аҳолӣ доранд, бо болоравии нархи маводи ғизоӣ ва энержӣ ва дар баробари набудани дастрасӣ ба маблағгузорӣ рӯбарӯ ҳастанд”, - нигаронӣ карда Дабири кулл.

Ба гуфтаи ӯ, имсол хатари воқеии гуруснагии оммавӣ вуҷуд дорад. Соли оянда метавонад аз ин ҳам бадтар шавад, агар нарасидани нуриҳо ба ҳосили зироатҳои асосӣ, аз ҷумла шолӣ таъсир расонанд.

Гуруҳи вокуниш ба ғизо, энержӣ ва буҳрони молии Созмони Милали Муттаҳид аз таъсири болоравии нархҳо ва хатарҳои оянда ҳушдор медиҳад, хабар дод Гутерриш. 60 фоизи аҳолии қобили кор дар ҷаҳон имрӯз нисбат ба пеш аз пандемия камтар маош мегиранд. Ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои пур кардани камбудиҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ соле 1,2 триллион доллар намерасанд. 60 дарсади кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар остонаи буҳрони қарзӣ ё дар арафаи он қарор доранд. Теъдоди афроде, ки маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд, ба 100 миллион нафар расидааст, ки аз замони таъсиси СММ нишондоди баландтарин аст.

Антониу Гутерриш чаҳор самти асосиро барои амалиёти фаврӣ пешниҳод кардааст. Якум, бартараф кардани пандемияи коронавирус дар ҳар як кишвари ҷаҳон. Дуюм, муқобила бо буҳрони ғизо, энергетика ва молиявӣ. Сеюм, сармоягузорӣ ба одамон ва идеяҳои онҳо. Чорум, фавран бартараф кардани буҳрони иқлимӣ.

“Биёед тамоми кори аз дастамон меомадаро кунем, то ин ки роҳро тағйир диҳем ва устуворона пеш равем!”, - даъват кард Дабири кулли СММ.

Комментарии для сайта Cackle