Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Владимир Жириновский баъд аз бемории тӯлонӣ даргузашт


Shared to Facebook

06.04.2022 16:38

Количество просмотров: 1388

Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский, ки бо изҳороти тезутундаш дар Тоҷикистон маъруф буд, баъд аз бемории тӯлонӣ рӯзи 6 апрел дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашт. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар Телеграм-канали худ хабар дод:

“Пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ Владимир Жириновский даргузашт. Сиёсатмадори дурахшон ва боистеъдод, марде, ки ҳамеша кори ҷаҳонро амиқ дарк ва бисёр чизҳоро пешгӯӣ мекард”, - навишт вай.

Тибқи маълумоти расмӣ, сабаби марги Жириновский оқибатҳои сироятёбӣ ба коронавирус буд. Вай аввали моҳи феврал бистарӣ шуда буд.

Жириновский чанд маротиба ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ бори охир моҳи ноябри соли 2018 ба Тоҷикистон омада, аз шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода боздид намуда, аз меҳмоннавозии тоҷикон ба ҳайрат афтода буд.

Владимир Жириновский 25 апрели соли 1946 дар Алмаато, дар ҶШС Қазоқистон ба дунё омадааст. Вай баҳори соли 1967 вориди сиёсат шуда, дар тӯли солҳои фаъолияти худ ҳамчун раиси Ҳизби либерал-демократӣ шаш бор дар интихоботи президентии Русия ширкат кардааст.

Комментарии для сайта Cackle