Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Афғонистон: тақдири як насли комил зери хатар аст


Shared to Facebook

15.03.2022 14:32

Количество просмотров: 1489

Ба миллионҳо афғонистонӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад. Имрӯз дар ин кишвар аллакай 95 дарсади аҳолӣ бо камғизоӣ рӯбарӯянд. Кӯдакони афғон хеле лоғару аз ҳама бештар осебпазир шудаанд, менависад хадамоти иттилоотии Созмони Милали Муттаҳид.

“Ин рақам [гуруснагон] чунон баланд аст, ки тасаввур кардан душвор аст. Аммо, мутаассифона, ин як воқеияти сахт аст”, - мегӯяд ҳамоҳангсози СММ дар умури башардӯстона дар Афғонистон Ромиз Алакбаров.

Ба гуфтаи ӯ, теъдоди онҳое, ки аллакай гуруснагии шадидро аз сар мегузаронанд, босуръат меафзояд - аз 14 миллион дар моҳи июли соли 2021 то 23 миллион дар моҳи марти соли 2022. Оилаҳо маҷбур мешаванд, ки чораҳои ноумедонаро истифода баранд, аз ҷумла, ба гирифтани қарзҳои ҳангуфт даст мезананд.

Бино ба маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, шӯъбаҳои беморхонаҳои Афғонистон аз кӯдаконе, ки аз таъсири камғизоӣ азоб мекашанд, пур шудаанд. Вазни бисёре аз кӯдакони яксола ба тифли шашмоҳаи як кишвари пешрафта баробар аст. Баъзеҳо чунон заифанд, ки ҳатто ҳаракат карда наметавонанд.

Афғонистон муборизаро бо оқибатҳои хушксолии мудҳиш идома медиҳад. Интизор меравад, ки имсол низ беҳосилӣ идома ёбад. Дар ин кишвар буҳрони шадиди бонкию молиявӣ ҳукмрон аст. Зиёда аз 80 фоизи аҳолӣ ба қарз гирифтор шудаанд. Нархи озуқа ва маводи сӯзишворӣ мунтазам меафзояд.

“Ин ҳама воқеиятест, ки хонаводаҳои афғон бо он рӯбарӯ ҳастанд ва мо наметавонем онро нодида гирем. Санҷишҳои азим дар пешанд”, - гуфт намояндаи СММ.

Ромиз Алакбаров бори дигар таъкид кард, ки Созмони Милали Муттаҳид дар якҷоягӣ бо шарикони миллӣ ва байналмилалии худ барои пуштибонӣ аз талошҳои ҳамаҷониба ва ҳамоҳангшуда ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои гуруснагӣ ва камғизоӣ ҳар кори аз дасташ меомадаро анҷом медиҳад.

Шарикони СММ дар соли ҷорӣ аллакай ба 8,2 миллион афғон кумаки ғизоӣ расондаанд. Одамон қисман озуқаворӣ дарёфт карданд. Кӯдакон хӯроки бепули мактабӣ гирифтанд. Намояндагони СММ ба кишоварзони маҳаллӣ тухмӣ, нуриҳои минералӣ ва хӯроки чорво тақсим карданд. Лоиҳаҳо оид ба расонидани ғизо ва иловаҳои иловагӣ ба модарони ширдиҳанда ва кӯдакони онҳо васеъ карда шуданд.

Вале, ба гуфтаи ӯ, ин кушишҳо кифоя нестанд. Имрӯз аз 34 вилояти кишвар дар 28-тои он беш аз 3,5 миллион кӯдак ба кумаки ғизоӣ ниёз доранд. Аллакай дар ҳамаи 34 музофот - чи дар шаҳрҳо ва чи дар деҳот зиёда аз 2500 маркази табобатии диетологӣ мавҷуданд. Аз нимаи моҳи август дар он ҷойҳо ба 800 ҳазор кӯдак кумак расонда шуд. Созмони Милали Муттаҳид нақша дорад, ки имсол 3,2 миллион кӯдаки осебдидаро фаро гирад. Илова бар ин, муассисаҳои зерсохтори СММ барномаҳои ғизодиҳии мактабҳоро васеъ мекунанд.

“Ҳарчанд вокуниши густурдаи башардӯстона, ки аз моҳи августи соли 2021 интиқол дода мешавад, имкон надоданд, ки интизориҳои бадтаринамон дар фасли зимистон рафъ карда шавад, ноамнӣ ва камғизоӣ дар сатҳи таърихӣ боқӣ мондааст ва вокуниши фаврӣ ва васеъмиқёси башардӯстонаро барои пешгирии маргу талафоти бештар талаб мекунад. Сарнавишти як насли пурраи афғонҳо дар хатар аст”, - ҳушдор дод Ромиз Алакбаров.

Рӯзи 31 март СММ ва ҳукуматҳои Британияи Кабир, Олмон ва Қатар якҷоя конфронси байналмилалии ҷамъоварии маблағро барои дастгирии вокуниши башардӯстона ба Афғонистон баргузор мекунанд. Намояндаи СММ аз давлатҳо хост, ки аз ин талошҳои наҷотбахши ҳаёт саховатмандона пуштибонӣ кунанд:

“Бо меъдаи холӣ роҳи тӯлонӣ ба сӯи ояндаи беҳтарро тай кардан ғайриимкон аст”, - хулоса кард ӯ.

Комментарии для сайта Cackle