Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Гузориши нави СММ: рушди иқтисодӣ амниятро кафолат намедиҳад


Shared to Facebook

12.02.2022 11:15

Количество просмотров: 1547

Пешрафти глобалӣ дар бахши рушд эҳсоси амниятро кафолат намедиҳад. Имрӯз ҳатто сокинони кишварҳои сарватманд худро нисбат ба 10 соли пеш камтар ҳимояшаванда ҳис мекунанд. Солҳои охир таҳдидҳои марбут ба гармшавии глобалӣ дар сайёра афзуда, пандемияи COVID-19 боиси коҳиши давомнокии умр гардид. Бе ваҳдати байналмилалӣ ин мушкилотро ҳал кардан номумкин аст.

Дар ин бора дар гузориши нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар бораи амнияти башар зикр шудааст, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд. Муаллифони гузориш пас аз таҳлили маълумоти ҷамъоваришуда ба чунин хулоса омадаанд, ки ҳамаи сокинони сайёра - чи дар кишварҳои бой ва чи дар кишварҳои камбағал бо эҳсоси ниҳоят пасти ҳимоявӣ зиндагӣ мекунанд.

Гуфта шудааст, имрӯз сокинони кишварҳои сарватманд, ки аз бартариҳои рушди иқтисодӣ, аз ҷумла пешрафти соҳаи маориф ва тандурустӣ бархӯрдоранд, нисбат ба 10 соли пеш худро камтар эмин ҳис мекунанд. Бисёр одамон дар фазои изтироб ва бо ҳисси номуайянӣ дар бораи оянда зиндагӣ доранд.

“Бо вуҷуди он ки сарвати ҷаҳонӣ имрӯз нисбат ба ҳар давраи таърихӣ бештар аст, аксари одамон ба оянда бо нигаронӣ назар доранд ва эҳтимол ин эҳсосро пандемия шадидтар кардааст”, - гуфт роҳбари Барномаи рушди СММ Ахим Штайнер.

Ба гуфтаи ӯ, инсоният бо талоши худ барои рушди доимии иқтисодӣ нобуд кардани табиатро идома медиҳад. Бо сабаби афзудани нобаробарӣ вазъият чи дар дохили кишварҳо ва чи байни онҳо бадтар мегардад:

“Вақти он расидааст, ки аломатҳои дар зери фишори шадид қарор гирифтани ҷомеа ва аз нав дида баромадани меъёрҳои пешрафти воқеӣ дида шавад. Мо ба як модели мақсадноки рушд ниёз дорем, ки ба ҳифз ва барқарорсозии сайёра, дар баробари фароҳам овардани имконоти устувор барои ҳама асос ёфта бошад”, -гуфтааст Штайнер.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти нав нишон медиҳанд, ки COVID-19 тӯли соли дуюм аст паиҳам нишондиҳандаҳоро оид ба давомнокии умр дар ҷаҳон коҳиш медиҳад ва рушди умумии инсон низ кам мешавад. Илова бар ин, яқинан, тағйирёбии иқлим ба яке аз сабабҳои асосии фавт дар саросари ҷаҳон табдил меёбад. Аллакай то охири аср тақрибан 40 миллион нафар метавонанд бар асари тағйирёбии иқлим фавтанд - ва ин ҳам дар ҳолати ба таври мӯътадил коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ аст.

Дар ин гузориш ҳамчунин проблемаҳои аввалиндараҷаи солҳои охир зикр шудаанд. Инҳо таҳдидҳои марбут ба технологияҳои рақамӣ, нобаробарӣ, низоъ ва имконот ва зарфияти маҳдуди системаҳои тандурустӣ барои мубориза бо пандемияи COVID-19 будаанд.

Муаллифони гузориш мӯътақиданд, ки барои ҳалли ин мушкилот сиёсатмадорон бояд барои ҳимоят ва тавонмандии мардум талош кунанд ва ҳамчунин омодагӣ ба ҳамбастагӣ нишон диҳанд. Кӯшишҳо барои беҳтар кардани амнияти инсонӣ ва тавсеаи пешрафт бояд ба ҳам пайванданд, яъне ҳалли як масъала набояд мушкилоти дигарро шадидтар созад.

Дар гузориш қайд шудааст, ки вазифаи муҳим таҳкими ҳисси ҳамбастагии глобалӣ дар асоси амнияти умумӣ мебошад:

“Амнияти умумӣ маънои онро дорад, ки ҳар як давлат метавонад танҳо дар сурате бехатар бошад, ки ҳамсояҳояш низ дар амн бошанд. Ва ин дар замони пандемияи кунунӣ ба таври возеҳ собит шуд: кишварҳо дар пешгирии паҳншавии мутатсияҳои нави коронавирус тавассути сарҳад ба таври қобили мулоҳиза нотавон буданд”, - гуфтааст ёвари Дабири кулли СММ ва директори Бюрои бӯҳронии БРСММ Асако Окай.

Яке аз хулосаҳои аслии гузориш ин аст, ки кишварҳои бештар рушдкарда аз асароти таконҳои ҷаҳонӣ камтар осеб мебинанд. Ин маънои онро дорад, ки тағйирёбии иқлим нобаробарии ҷаҳониро боз ҳам шадидтар мекунад.

Консепсияи амнияти башарият бори аввал дар гузориши БРСММ дар бораи рушди инсон дар соли 1994 муаррифӣ шуда буд. Дар соли 2012 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро дар бораи мафҳуми “амнияти башар” қабул карда, қарор баровард, ки мафҳуми амнияти башарӣ ҳуқуқи одамонро ба зиндагӣ дар сулҳ, озодӣ ва шаъну шараф, инчунин озодӣ аз фақр ва ноумедиро дар бар мегирад. Дар қатънома гуфта шудааст, ки консепсияи амнияти башар робитаи байни сулҳ, тараққиёт ва ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро баробар ба назар мегирад.

Комментарии для сайта Cackle