Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоқаев: “Ҳар касе таслим нашавад, нобуд карда мешавад”


Shared to Facebook

07.01.2022 13:10

Количество просмотров: 2119

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар муроҷиати чанд лаҳза қабли худ айнан ҳамин гуна ваъда дод ва гуфт, музокирот бо ҷинояткорон ва қотилон имконнопазир аст.

Вай ба маъмурони амниятӣ амр дод, ки бидуни огоҳӣ ба сӯи “ҷинояткорон” оташ кушоянд.

“Ман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиш фармон додам, ки бидуни огоҳӣ оташ кушоданд. Аз хориҷа даъват карда мешавад, ки барои бо роҳи осоишта ҳал намудани мушкил гуфтушунид гузаронда шавад. Сафсата! Бо ҷинояткорон, бо қотилон чӣ гуна гуфтушунид метавонад бошад?, - гуфт Тоқаев дар паёми худ, ки чанд лаҳза қабл тавассути телевизионҳои Қазоқистон пахш шуд.

Президенти Қазоқистон гуфт, ба пулис ва низомиён зарур омад, бо “бандитҳои мусаллаҳ ва омӯзишдида” рӯбарӯ шаванд, ки дар миёни онҳо на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки хориҷиён низ ҳастанд.

“Онҳоро нест кардан лозим аст ва ин дар ояндаи наздик анҷом дода мешавад... Ҷангҷӯён силоҳашонро нагузоштанд, ҷинояткориро давом медиҳанд ё ба он омодагӣ мебинанд. Мубориза ба муқобили онҳоро бояд то охир расонид. Ҳар касе, ки таслим нашавад, нобуд хоҳад шуд, - ваъда дод Тоқаев ва қайд кард, ки нерӯҳои қонун ва тартибот, сарфи назар аз нарасидани нерӯҳои махсус, воситаҳои махсус ва техника омодаанд, вазифаашонро иҷро кунанд.

“Танҳо ба Алмаато 20 ҳазор роҳзанон ҳамла карданд. Амалиёти онҳо мавҷудияти нақшаи возеҳи ҳамла ба иншооти ҳарбӣ, маъмурӣ ва иҷтимоиро қариб дар тамоми минтақаҳо, ҳамоҳангсозии хуби амалиёт, омодагии баланди ҷангӣ ва бераҳмии ваҳшиёнаро нишон дод”, — гуфт Тоқаев.

Ба гуфтаи вай, нерӯҳои посдори сулҳи СААД, ки вориди кишвар шуданд, ба мақомоти Қазоқистон дар рафъи бӯҳрон кумак мекунанд. Тоқаев ба раҳбарони кишварҳои узви СААД барои саривақтӣ дар расонидани кумак тавассути созмон изҳори сипос кард.

Комментарии для сайта Cackle