Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоқаев аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Қазоқистон хабар дод


Shared to Facebook

07.01.2022 10:28

Количество просмотров: 1430

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ҷаласаи ситоди мубориза бо терроризмро баргузор карда, аз оғози амалиёти махсуси зиддитеррористӣ хабар дод:

“Террористон аз силоҳ истифода мекунанд ва ба моликияти шаҳрвандон зарар мерасонанд. Аз ин рӯ, амалиёти зиддитеррористӣ бояд то пурра аз байн бурдани ҷангҷӯён идома ёбад”, - гуфт ӯ, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Тоқаев гуфтааст, дар тамоми минтақаҳои кишвар тартибот барқарор шуд. Вазъиятро мақомоти маҳаллӣ таҳти назорат доранд. Тамоми биноҳои ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, шӯъбаҳои пулис дар кишвар таҳти назорат гирифта шудаанд.

Қаблан аз истифодаи мошинҳои зиреҳпӯш ба зидди дастаҳои ғоратгарон дар Алмаато хабар дода шуд. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар бораи безараргардонии 26 ҷинояткор ва захмӣ 18 нафар хабар дод. Дар маҷмӯъ, беш аз 3 ҳазор эътирозгар боздошт шудаанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба ошӯбгарон ҳабси абад таҳдид мекунад.

Дар Гвардияи миллии Қазоқистон гуфтаанд, ошӯбгарон аз силоҳи суфтамил, омеи оташгиранда, “коктейли Молотов”, ва оҳану арматура истифода мекунанд.

Дар Қазоқистон эътирозҳо аз 2 январ идома доранд. Даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҳудуди Қазоқистон вазъи фавқулодда ҷорӣ карда шудааст.

Комментарии для сайта Cackle