Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

СААД ба Қазоқистон неруҳои посдори сулҳ мефиристад


Shared to Facebook

06.01.2022 09:39

Количество просмотров: 797

Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) эълон кард, ки барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон як воҳиди неруҳои посдори сулҳро ба ин сафарбар мекунад.

“Дар робита ба муроҷиати президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва бо дарназардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва соҳибистиқлолии Қазоқистон, ки аз ҷумла бо сабаби дахолат аз хориҷ ба миён омад, Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мутобиқи моддаи 4-и Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон ба ин кишвар як воҳиди неруҳои посдори сулҳ сафарбар мекунад”, - изҳор дошт раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, сарвазири Арманистон Никол Пашинян.

Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус узви СААД ҳастанд.

Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнамилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.

Дар ин изҳороташ вай аз раҳбарони кишварҳои узви СААД кумак хост:

“Аз ин лиҳоз, ман имрӯз бо такя ба Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба сарони кишварҳои СААД муроҷиат кардам, то ба Қазоқистон дар рафъи ин хатари террористӣ кумак кунанд. Дар асл, ин на таҳдид, балки поймол кардани тамомияти арзӣ аст”, - гуфт вай.

Дар Котиботи СААД хабар додаанд, ки муроҷиати ҷониби Қазоқистон дар бораи кумак ба ин кишвар ҳамчун “ҳамлаи гурӯҳҳои ҷиноятпешаи дар хориҷи кишвар омодашуда баррасӣ шуд”.

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон алайҳи болоравии нархи гази моеъ рӯзи якшанбе оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз шуда, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.

Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Дирӯз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.

Комментарии для сайта Cackle