Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон: “Бояд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад”


Shared to Facebook

20.09.2022 08:05

: 49

19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” мулоқоти Раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, дар музокирот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва сохторҳои низомии Қирғизистон низ иштирок доштанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намудаанд:

“Бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад”, - таъкид шудааст дар мулоқот.

Ҳамзамон аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар протокол имзо гардидааст, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад.

Аз ин қабл мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 18 сентябр баргузор гардида буд, ки дар он низ ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.

Ҳамзамон муҳим шуморида шуд, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Дар он мулоқот гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад. Худи ҳамон рӯз роҳ ба самти Ҷамоати деҳоти Ворух боз шуд.

Комментарии для сайта Cackle