Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистон далелҳо оид ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба СММ пешниҳод кард


Shared to Facebook

20.09.2022 09:45

: 107

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон маълумоти муфассал дода, маводи марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, пешниҳод намудааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Антониу Гутерриш шоми 19 сентябр дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид:

“Вазири корҳои хориҷии кишвар зикр кард, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ пойбанд мебошад”, - хабар дод манбаъ.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, бахусус дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим ва обу энергетика мубодилаи афкор намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақа, бахусус вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, доир ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона мубодилаи афкор карданд.

Дабири кулли СММ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон истиқбол намуда, баҳри ҳамкории фарогир омодагии Созмонро иброз кард.

Ёдрас мекунем, дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки субҳи барвақти 16-уми сентябр оғоз шуд, минтақаҳои аҳолинишин, манзилҳои сокинони осоишта, мактабу масҷид тавассути тамоми намудҳои силоҳ ва техникаи вазнини низомӣ, аз ҷумла, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи “Байрақтар” мавриди гулулаборон қарор гирифта, дар натиҷа, бино ба иттилоъи расмӣ, 41 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷониби Қирғизистон аз қабл барои ин ҳамла омода шуда ва неруҳои низомияшро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷамъ оварда буд.

Комментарии для сайта Cackle