Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҳамлаи аҳдшиканонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон: ҷангҷӯёни қирғиз пешниҳодҳои гуфтушунид ва оташбасро қабул накарданд


Shared to Facebook

16.09.2022 10:25

: 242

Қирғизистон пешниҳодоти Тоҷикистонро оид ба гуфтушунид ва оташбас нодида гирифта, баръакс, аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини минтақаҳои аҳолинишини шаҳри Исфараро тирборон мекунанд. Ҳамчунин, неруҳои махсуси қирғиз ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ задаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи манбаъ, ба ҳолати соати 10:00-и 16 сентябр дар тамоми самтҳои Сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона идома дошта, қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд:

“Аз тарафи мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, соатҳои 06:30 ва 07:30-дақиқа, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд”, - омадааст дар изиҳорот.

Ҳамчунин, хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси қирғиз дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ задаанд.

Гуфта мешавад, талошҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, бо сабаби ба инобат гирифта нашудани пешниҳодоти гуфтушунидҳои сулҳомез аз тарафи низомиёни Қирғизистон, натиҷаи мусбат надода истодаанд.

Комментарии для сайта Cackle