Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қирғизистон созиш карданӣ нест! Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон


Shared to Facebook

16.09.2022 11:25

: 204

Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад. Дар ин бора дар изҳороти навбатии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон зикр шудааст:

“Кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Сарҳади давлатии ҶТ ва ҶҚ то соати 11:10-и 16 сентябри соли 2022 натиҷа надода истодаанд”, - гуфта шудааст дар изҳорот.

Ба иттилоъи неруҳои марзбонӣ, ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд:

“Ба замми ин, ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад. Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад”.

Маълумоти иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд, мақсаднок ба мураккабтар намудани вазъият дар хати сарҳади давлатии ду кишвар нигаронида шудаанд.

Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад, таъкид шудааст дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 16 сентябр неруҳои мусаллаҳ ва марзбонии қирғиз аҳдшиканона ба қаламрави Тоҷикистон ҳамла карда, аз тамоми анвоъи силоҳ ва техникаи низомӣ деҳаҳои наздимарзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тирборон карданд. Ин аҳдшикании қирғиз дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл ҷонибҳо барои хатми низоъ ва берун кашидани низомиён аз минтақаҳои марзӣ тавофуқ карда буданд.

Комментарии для сайта Cackle