Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Алишер Мирзонабот ва Азизулло Исматзода - аъзои нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон


Shared to Facebook

29.08.2022 07:21

: 248

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда ва Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудаанд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар дод.

Интихобот рӯзи 26 август баргузор шудааст. Ба иттилои КМИР, тибқи моддаҳои 51 ва 52 Қонун “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар интихобот номзадҳо Алишер Мирзонабот бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Азизулло Исматзода бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта ва ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.

Дар ҷаласаи КМИР, ки таҳти роҳбарии Раиси Комиссия Бахтиёр Худоёрзода баргузор гардид, масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ аз ВМКБ №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 баррасӣ шудааст.

Ба иттилоъи Комиссия, дар асоси пешниҳодҳои маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр ҳамагӣ ду номзад ба узвияти Маҷлиси миллӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Тибқи протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии бисёрмандатӣ, дар интихоботи миёнадаврӣ 97,5 фоиз вакилони интихобкунанда аз ВМКБ ва 83,45 фоиз вакилони интихобкунанда аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок кардаанд.

“Тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр салоҳиятнок ҳисобида шуд”, - омадааст дар иттилоияи КМИР.

Масъулин мегӯянд, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии зикргардида ба таври ошкоро, шаффоф ва озод бо иштироки фаъоли вакилони интихобкунанда баргузор гардид.

Комментарии для сайта Cackle