Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар шаҳри Душанбе


Shared to Facebook

28.06.2022 21:27

: 488

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқоти рӯзи 28 июн вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.

Владимир Путин баъд аз зуҳри имрӯз бо сафари корӣ ба Душанбе омад.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди муносибатҳои ду кишварро дар тӯли 30 соли пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипаришуда қайд намуданд.

Ҳамзамон, аҳаммияти нигоҳ доштани муколамаи сиёсии мунтазаму эътимодбахш, ҳамчунин робитаҳо дар сатҳҳои олӣ ва баланд таъкид гардидааст.

Суръати баланди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамчунин робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо қаноатмандӣ зикр карда шудааст.

Дар ин зимн президентҳо қайд кардаанд, ки ҳаҷми тиҷорати байни ҷонибҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,2 дарсад афзоиш ёфтааст.

Русия дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад, чунончӣ, соли гузашта афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар 39 дарсадро ташкил додааст.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кори муштарак барои боз ҳам густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи судманд ба мувофиқа расиданд. Дар робита ба ин, ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ, ки қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Сарони давлатҳо ба сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ баҳои баланд додаанд.

Қайд карда шудааст, ки дар Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва рушди забону фарҳанги русӣ, инчунин фазои таълимии русӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаб бо таълими забони русӣ аз ҷониби Русия бомуваффақият анҷом дода мешавад. Дар назар аст, ки онҳо то якуми сентябр ба истифода дода мешаванд.

Сарони Тоҷикистон ва Русия, бо дарназардошти ниёзҳои воқеии имрӯза, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои амалии минбаъдаро дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар зарур донистаанд.

Зимни мулоқот ба рушди вазъият дар Афғонистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст.

Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили густариши ҳамкорӣ дар заминаи амният, аз ҷумла дар бахшҳои ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фаннӣ ва мудофиавӣ, бахусус дар қисмати таҷдиди иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Дар мулоқот оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифтааст.

Дар бораи идомаи ҳамкориҳои мунтазам аз рӯи масъалаҳои дар боло зикршуда дар сатҳҳои гуногун ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд.

Комментарии для сайта Cackle