Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Талаби қатъии Президент: афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила


Shared to Facebook

13.06.2022 07:15

: 226

Раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор рӯзи 11 июн ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи корҳо дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳисобот додаанд:

“Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи корҳо дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла суръати ҷамъоварии ғалладонагиҳо шуниданд”, - хабар дод хадамоти матбуотии Президент.

Сарвари давлат ба раисони вилоятҳо ва ноҳияҳои зикршуда доир ба таъмин кардани истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, суръат бахшидани кишти такрорӣ барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва махсусан, ба раисони ноҳияҳои водии Рашт доир ба зиёд кардани истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он, инчунин, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо супоришҳо доданд.

Президент ҳамчунин ба таври қатъӣ талаб кардаанд, ки бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кам шудани маводи ғизоӣ ва болоравии босуръати нархҳо ба масъалаи истифодаи тамоми захираву имкониятҳо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода шавад.

Комментарии для сайта Cackle