Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистон-Русия: 30 соли дӯстии ҳақиқию самимӣ


Shared to Facebook

08.04.2022 08:05

: 389

Имрӯз, 8 апрел, аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 30 сол пур мешавад. Русия, ки аввалин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад, яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлоли давлатии моро эътироф намуд. Тоҷикистон ва Русия 8 апрели 1992 Протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишварро имзо намуданд, ки заминаи асосии рушди равобити дуҷониба мебошад.

4 майи ҳамон сол Сафорати Русия дар Душанбе ифтитоҳ ёфт. 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Маскав ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Русия табдил дода шуда, 18 декабри 1993 дар асоси ин Намояндагӣ Сафорати Тоҷикистон дар Русия ифтитоҳ шуд.

Айни замон, дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск Консулгариҳои генералии Тоҷикистон ва дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Русия фаъолият доранд.

Дар маҷмӯъ, аз 1992 то ин замон байни Тоҷикистон ва Русия ҳудуди 300 созишномаи байнидавлатӣ, байнимақомотӣ ва байниҳукуматие, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ-техникӣ ва дигар самтҳо ба танзим медароранд, ба имзо расонида шудаанд. Санадҳои асосии муносибатҳоро Шартнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила (25.05.1993) ва Шартномаи ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия (16.04.1999) ташкил медиҳанд.

Таври маълум, дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба Сарони ду кишвар нақши асосӣ дошта, маҳз ба шарофати вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарокати стратегиро касб кардаанд. Равобити сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд ба таври мунтазам роҳандозӣ мегардад.

Байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар тамосҳои доимӣ барқарор шудаанд. Аз соли 2008 вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии ҷонибҳо ва имзои барномаҳои ҳарсолаи ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ба ҳукми анъана даромадаанд.

Байни парламентҳои ду кишвар ҳамкории фаъол роҳандозӣ шудааст. Сиғаи муҳимми ҳамкориҳои байнипарламентиро баргузории форумҳои байнипарламентии “Русия-Тоҷикистон: зарфиятҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ” ташкил медиҳад.

Шарокати стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни давлатҳо заминаи мустаҳками тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо дар сиғаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба арёзбӣ мешавад.

Муносибатҳои дӯстонаю судманди Тоҷикистон ва Русия аз гузаштаи дур сарчашма гирифта, ин робитаҳо дар замони соҳибистиқлолии ду давлат сатҳу сифати беҳтару хубтареро касб намуданд.

Ба гуфтаи коршиносон, муносибатҳои шахсии президентҳои Тоҷикистон ва Русия дар рушди равобити дуҷониба ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқчигӣ нақши муҳим бозида, дӯстии ҳақиқию самимии халқҳоро нишон медиҳанд.

Ҷонибҳо ҷиҳати такмили абзорҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла фароҳам намудани шароитҳои лозими ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди кишварҳои ҳамдигар тадбирҳои зарурӣ меандешанд. 

Русия дар тӯли ҳамкориҳои бисёрсола дар тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон мавқеи пешсаф дорад:

“Русия шарики асосии фаъолияти иқтисоди хориҷии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ маҳсуб ёфта, бо ширкати он дар Тоҷикистон баъзе аз лоиҳаҳои бузург амалӣ мешаванд, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ таҳким меёбанд. Ин ҳама омили бебаҳси кӯшиши дуҷониба барои ғанӣ ва пуррагардонии мазмуну муҳтавои ҳамкориҳо мебошанд”, - мегӯяд Нуралӣ Қурбонов, доктори илмҳои иқтисод, профессор, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии кашфу геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе.

Бино ба маълумоти расмӣ, солҳои 2007-2020 сармоягузории Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,65 млрд. доллар, аз ҷумла сармоягузориҳои мустақим 898,9 млн. доллар ва сармоягузориҳои дигар 747,2 млн. долларро ташкил додааст. Зимни ҳамкориҳои бисёрҷанба бахши иқтисодӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол карда, Русия аз ҷумлаи калонтарин содиркунандагони мол ба бозорҳои Тоҷикистон мебошад. Содироти моли истеҳсоли Русия ба Тоҷикистон хусусияти устувор пайдо карда, солҳои охир бемайлон меафзояд. Дар тиҷорати байни ҳар ду кишвар ҷойи асосиро сӯзишворӣ ташкил намуда, анвои ғизоӣ дар ҷойи дуюм меистад. Инчунин, аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори зиёд масолеҳи сохтмонӣ, метал, чӯбу тахта ва таҷҳизот ворид мешавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 200 корхона бо сармоягузории Русия фаъолият мекунанд. Наздик ба 40 адади онҳо ширкатҳои нисбатан калони Русия буда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, саноати кӯҳкорӣ, энергетика, таъмини маводи нефтӣ, рушди шабакаҳои таъминоти сӯзишвории автомашинаҳо, алоқа, хизматрасониҳои молиявӣ ва саноати сабук фаъолият менамоянд.

Ҳарду ҷониб мегӯянд, кишварҳо имконоти васеи рушди ҳамкорӣ доранд ва онҳо ҳанӯз ҳам пурра истифода нашудаанд.

Дар муносибатҳои байни ҳар ду кишвар муҳоҷирати меҳнатӣ нишондоди хеле муҳим маҳсуб меёбад. Муҳоҷирони зиёд аз Тоҷикистон дар Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд ва сатҳи зиндагии оилаҳояшон аз онҳо вобаста аст.

Ҳамчунин, дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд. Намояндагони аҳли илму адаби ду кишвар ба таври доим дар чорабиниҳои илмию фарҳангие, ки дар Тоҷикистону Русия баргузор мешаванд, фаъолона иштирок менамоянд.

Комментарии для сайта Cackle