Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар Душанбе метро месозанд


Shared to Facebook

16.03.2022 16:50

: 491

Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе метро бунёд мекунад. Дар ин бора 14 март ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Корея ба имзо расидааст.

Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи ҷанубӣ Ким Ҳангёнг ба имзо расонидаанд.

Бино ба хабари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, зимни имзои созишнома Азим Иброҳим гуфтааст, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем.

“Ёддошти тафоҳум имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяро барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, васеъ менамояд”, — афзудааст Вазир.

Комментарии для сайта Cackle