Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳон хост, Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад


Shared to Facebook

03.03.2022 10:38

: 503

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таъсис диҳад, то тавассути он имкони сафарбар кардани нерӯҳо ва захираҳо барои тадбирҳои амалӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо - муҳимтарин манбаи оби ошомиданӣ дар Осиёи Марказӣ фароҳам шавад.

Бо чунин дархост рӯзи 1 март раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар Иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи ҳифзи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист дар қароргоҳи Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида дар пойтахти Кения — Найроби дархост кард.

Шерализода, ки аз номи Ҳукумати Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, Тоҷикистон ҳудуди шаст дарсади захираҳои оби Осиёи Марказиро ташаккул дода, макони асосии пиряхҳои минтақа мебошад. Қисми асосии захираҳои об дар кишвари мо ташаккул ёфта, он дар таъмини обу ҳаво, рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад:

“Ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид”, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад, ки тавассути он имкон мегардад, нерӯ ва захираҳо барои тадбирҳои амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо – муҳимтарин манбаи оби тоза дар Осиёи Марказӣ сафарбар карда шаванд”.

Ҳамчунин, зикр гардидааст, ки сарфи назар аз саҳми ҳадди ақали кишвари мо дар партовҳои газҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон дар таҳрири навшудаи Саҳми Миллии Муайяншуда дар соли 2021 уҳдадориҳои афзояндаи коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ба дӯш гирифт.

Раиси Кумита ба вакилони иҷлосия иттилоъ додааст, ки дар 5 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион дарахт шинонда шуда ва ин раванд дар солҳои оянда низ идома хоҳад ёфт, то иқтидори маҳвкунии карбон дар Тоҷикистон афзоиш ёбад.

Илова бар ин, майдони умумии ҳудудҳои ҳифзшавандаи кишвар аз 2,8 фоизи майдони умумии кишвар аз соли 1991 то соли 2021 ба 22 фоиз зиёд карда шудааст. Дар амал майдони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 2,7 миллион гектар зиёд карда шуда, дар Тоҷикистон барои таъмини истифодаи устувори экосистемаҳо ва захираҳои табиӣ минтақаҳои нави муҳофизатшаванда бунёд карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Ҳамон ҷо, ҳамчунин, бори дигар пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон гардид.

Изҳори итминон шуд, ки иқдомҳои музкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳанд дод.

Комментарии для сайта Cackle