Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистон-СММ: 30 соли узвият барои сулҳу шукуфоӣ


Shared to Facebook

02.03.2022 16:28

: 500

Имрӯз, 2 март, аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 30 сол пур шуд. Ба ин муносибат Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар изҳороте ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро шодбош гуфт.

Вай дар ин табрикоташ 2 марти соли 1992-ро барои СММ санаи махсус номидааст, зеро дар ҳамон рӯз қариб 5 фоизи тамоми аъзои ҳозираи Созмон ба он дохил шуданд:

“Дар давоми се даҳсолаи охир мо дар роҳи таъмини сулҳ, субот ва пешрафти иҷтимоӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон шарикии боз ҳам зичтар барқарор кардем. Дар ин давра Тоҷикистон як ҷонибдори муҳими низоми бисёрҷониба, пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ буд”, - изҳор доштааст Гуттериш.

Вай таъкид кардааст, ки тавассути ҳамбастагӣ, ягонагии ҳадафҳо ва рӯҳияи нави муколама, созиш ва мусолиҳа метавонем бо мушкилоте, ки рӯбарӯ ҳастем, муқобала кунем ва ҳадафҳои асосии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба сулҳ, шукуфоӣ ва ҳуқуқи инсон барои ҳама амалӣ созем:

“Бори дигар ба Шумо ташаккур барои дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар давоми се даҳсолаи охир. Умедворем, ки дар солҳои оянда робитаҳоямон боз ҳам мустаҳкамтар шаванд”, - хулоса кардааст Гуттериш.

2 марти соли 1992 Тоҷикистон узви СММ гардида, барои рушди ҳамкорӣ бо ташкилот, муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусии он заминаи устувор фароҳам овард. Имрӯзҳо кишвари мо бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.

Мақомоти кишвар мегӯянд, ҳмкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону СММ дар сатҳи муносиб қарор дошта, он дар самтҳои авлавиятнок пайваста дар ҳоли рушд аст. Айни замон ҷумҳурӣ бо СММ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир ба амният, ҳифзи муҳити зист, рушди устувори ҷомеа ва идораи захираҳои об фаъолона ҳамкорӣ дорад.

Бино ба иттилоъияи ВКХ Тоҷикистон, ки дар робита ба 30-юмин солгарди узвият дар СММ нашр шуд, ин Созмон ва ниҳодҳои тахассусии он ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои старатегӣ, аз ҷумла дар доираи “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” фаъолона мусоидат намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо саҳми арзанда доранд.

Ҳамчунин, нақши Созмони Милали Муттаҳид дар мусоидат ба таҳкими сулҳу субот, инчунин расидан ба ҳадафҳои рушди устувор назаррас арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмон дар татбиқ ва роҳандозии Рӯзномаи оби СММ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иштироки фаъол дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар даврони узвияти Тоҷикистон дар ин Созмон якчанд ташаббуси ҷаҳонии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла эълон гардидани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.

Таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ҳамкории густурдаи худро бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он ба мақсади бунёди ҷаҳони амну ва қобили итминони комил барои наслҳои оянда идома медиҳад.

Зимнан, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 бори нахуст дар таърихи мардуми тоҷик аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ карданд. Бори аввал ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшаҳои созанда, ҳадафҳои осоишта ва ниятҳои неки давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ пешкаш гардиданд. Аз ин рӯ, 29 сентябр дар кишвари мо Рӯзи кормандони хадамоти дипломатӣ таҷлил мегардад.

Комментарии для сайта Cackle