Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқоти рӯзи 28 июн вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод. Владимир Путин баъд аз зуҳри имрӯз бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди муносибатҳои ду кишварро дар тӯли 30 соли пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипаришуд...
Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ Ҳамватанони азиз! Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки имрӯзҳо 25-солагии он дар кишвари ...
Раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор рӯзи 11 июн ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи корҳо дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳисобот додаанд: “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ ан&...
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 июн дар сохтори вазоратҳои маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дод. Аз ҷумла, Ҷамолиддин Нуралиев бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шудааст. Фармон дар ин хусус барои таъйид ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Т...
Ҳолати бамиёномада (вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ) ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонида истодааст ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳм...
Ҷаласаи 8-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” рӯзи 15 апрел дар шакли маҷозӣ баргузор гардид: “Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама роҷеъ ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷопон, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 таҳкими ҳамко...
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ рӯзи 14 апрел бо Дабири кулли СҲИ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо мулоқот кардааст. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмон мазкурро баррасӣ кардаанд. Доир ба раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи...
Имрӯз, 8 апрел, аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 30 сол пур мешавад. Русия, ки аввалин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад, яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлоли давлатии моро эътироф намуд. Тоҷикистон ва Русия 8 апрели 1992 Протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишварро имзо намуданд, ки заминаи асосии рушди равобити дуҷониба мебошад. 4 майи ...
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни боздид аз як мактаб дар ноҳияи Кушониён аз дастгирӣ нашудани омӯзгорон аз сӯи роҳбарият ва ширкати нокифояи толибилмон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ нигаронӣ кардааст. Вазир рӯзи 6-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кушониён бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, таъминот бо маводи хониш, муҷаҳ&...
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ рӯзи 6 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Турехановро ба ҳузур пазируфтааст. Баъд аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома аз ҷониби Сафири Қазоқистон ба Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба баргузор гардидааст: “Ҳамсуҳбатон масъалаҳои мубрами ...
Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо ҳама гуна санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ то охири имсол манъ шуд. Дар Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”, ки рӯ...
Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе метро бунёд мекунад. Дар ин бора 14 март ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Корея ба имзо расидааст. Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи ҷанубӣ Ким Ҳангёнг ба имзо расонидаанд. Бино ба хабари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, зимни ...
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ ба Маликаи Бритониё Елизаветаи II эътимоднома супорид. Маросими супурдани эътимоднома рӯзи 15 март ба таври маҷозӣ сурат гирифтааст. “Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро б...
16 март таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шӯро баргузор гардид. Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати электронӣ, истифодаи восита...
Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки убуру мурури сарҳад тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шавад. Ҳамчунин, реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ бекор карда шуда, тӯйи домодию ...
Зимни мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои онҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, муҳити зист ва гуманитарӣ баррасӣ гардида, фазои мавҷудаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум омили асосии пешрафти ҳамгироии дуҷониба дон...
Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таъсис диҳад, то тавассути он имкони сафарбар кардани нерӯҳо ва захираҳо барои тадбирҳои амалӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо - муҳимтарин манбаи оби ошомиданӣ дар Осиёи Марказӣ фароҳам шавад. Бо чунин дархост рӯзи 1 март раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷи...
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд. Маросими супоридани эътимодномаҳо 2 март дар Қасри миллат баргузор шуд. Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Тоҷикистон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷопон Айки Тошиҳиро, Кореяи ҷанубӣ Квон Донг Сок, Миср Назиҳ Алӣ Баҳа Ад-Дин Ал-Нагарӣ, Амороти М...
Имрӯз, 2 март, аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 30 сол пур шуд. Ба ин муносибат Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар изҳороте ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро шодбош гуфт. Вай дар ин табрикоташ 2 марти соли 1992-ро барои СММ санаи махсус номидааст, зеро дар ҳамон рӯз қариб 5 фоизи тамоми аъзои ҳозираи Созмон ба он дохил шуданд: “Дар давоми се даҳсолаи охир мо дар роҳи таъмини сулҳ, субот ва ...
1 март дар Кохи “Суруш”-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони тоҷик, ки дар соли 2021 дастовардҳое доштанд, баргузор шуд. Дар маҷмуъ, имсол 32 варзишгар дар 4 намуди варзиш – ҷудо, гуштин, бокс, таеквондо - соҳиби Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои пирӯзӣ ва бурдани ҷоизаҳои мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2021 гардиданд. Ҳамчунин, ба мураббиёни онҳо мукофотҳои пулӣ дода шуд...
Аз 17 то 22 марти имсол, ба ифтихори Иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба кураш ва 3-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” баргузор мешавад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод: “Чемпионати Осиё оид ба кураш дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва мусобиқаи байналмилалии гуштингирӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мешаванд”, - хабар дод ...
Сафири Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода дар шаҳри Гаага бо Директори кулли Департаменти “Рушди сабз”-и Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд Сафири вижа оид ба рушди мустадом Рене ван Ҳелл мулоқот кардааст: “Ду ҷониб зимни баррасии ҷомеи масоили муносибатҳои тарафайн ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Нидерланд дар мавзуоти об, ки ҳар ду кишвар дар он пешсаф ҳастанд, таъкид намуда, аз нияти ширкати фа...
Дар мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ, амнияти минтақаӣ ва вазъ дар Украина баррасӣ шудааст. Ин мулоқот рӯзи 28 феврал дар шакли маҷозӣ баргузор гардида, дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намудааст...
28 феврал таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳол...
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ, барӯйхатгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина оғоз гардида, ба ҳолати субҳи 28 феврал беш аз 120 нафар мустақилона ба дигар кишварҳои аврупоӣ рафтаанд. Дар он кишвар 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекардаанд. Бинобар ҳодисаҳои кунунӣ дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми қ...