Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Бозгашти гармои бесобиқа баъди 78 сол


Shared to Facebook

19.07.2022 08:05

: 507

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ин ҳафта то рӯзҳои истироҳат дар ҷумҳурӣ ҳарорати баландтарини рӯзонаи ҳаво - то 47 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст:

“Рӯзҳои 20-24 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ниҳоят гарм бо ҳарорати баландтарини рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 39+440 гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+470 гарм, дар ноҳияҳои алоҳидаи куҳӣ ва доманакуҳӣ то 35+400 гарм пешгӯӣ мешавад”, - хабар дод Агентӣ.

Ба маълумоти манбаъ, рӯзҳои 20-23 июл бо сабаби ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 20-24 июл дар ноҳияҳои куҳӣ ва баландкуҳии ҷумҳурӣ бо истисно аз шарқӣ Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, ҳушдор медиҳанд обуҳавошиносон.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, охирин бор ақрабаки ҳароратсанҷ то нишондиҳандаи 47 дараҷа гарм соли 1944 боло рафта буд:

“78 сол пеш обуҳавои гармтарин дар таърихи Тоҷикистон дар шаҳраки Айваҷ, қаламрави ҳозираи ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда буд”, - гуфтаанд дар Агентӣ ба “Азия-Плюс”.

Вобаста ба гармои камсобиқа Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки болоравии ҳарорати ҳаво метавонад сабабгори об шудани барфу пирях дар баландкуҳҳо гардад, ки дар навбати худ, боиси резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешаванд.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо низ дақиқан ба вазъи атроф нигаранд ва аз эҳтиёт кор гиранд.

Ҳамчунин, Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад, ки ба хотири риояи бехатарӣ аз тавсияҳои зерин кор гиранд:

- Давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

- Ҳангоми шамол додани хона, кӯдаконро беназорат нагузоред;

- Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз +23+24 дараҷа бошад. Тобистонҳо ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифода нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва якмосҳо рух медиҳанд;

- Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ кунед;

- Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кулоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар;

- Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед;

- Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошине, ки дар офтоб истодааст, нишинед, аввал дарҳои онро боз кунед;

- Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок пок созед. Баъзан лозим меояд, нафаси сунъӣ дода шавад;

- Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об ё оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд, дар гармо чӣ бояд кунанд?

1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.

2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.

3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.

4. Рӯймол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.

5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.

6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.

7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.

8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед. 

10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Дар сурати пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 112; 93 880 28 19; 223-13-11 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ хабар диҳед.

Комментарии для сайта Cackle