Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Мусодираи миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ аз хонаи Толиб Аёмбеков


Shared to Facebook

13.06.2022 20:19

: 285

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз дарёфт ва мусодираи миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ аз хонаи шахсии Толиб Аёмбеков ва канори манзили истиқоматиии Ниёзшо Гулобов хабар дод.

Бино ба иттилоияи маркази матбуоти Ситод, миқдори калони силоҳу муҳимоти ҷангӣ рӯзи 13 июн “дар пайи идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1966, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Заводи нони шаҳри Хоруғ дар шоҳидии шахсони  холис ва дар ҳузури писараш Абдураҳмонов Асаналӣ Толибович  дар хонаи шахсии ӯ, ки дар кӯчаи А.Аёмбеков, хонаи 58-и шаҳр воқеъ мебошад”, мусодира карда шуданд.

Аз ҷумла, дар хонаи шахсии айбдоршаванда Толиб Аёмбеков — 6 адад автомати “Калашников”, тамғаи АК -74  бо 15 тирдон ва 450 тири қутраш 7.62 мм;

— 1 гранатомёти зиддитанкии дастии тамғаи РПГ бо 8 гулӯла, 7 фишанги гулӯла ва 1 камарбанди гранатомёт мусодира карда шудаанд.

“Инчунин дар асоси нишондоди айбдоршаванда Гулобов Ниёзшо Аслишоевич, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Гулободи шаҳри Хоруғ, соли таваллудаш 1982, ки аз ҷониби писарамакаш  Аслан Гулобов  тасдиқ мегардад,  аз канори манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи С.Абдураҳмон, бинои №92-и шаҳр — 15 автомати Калашников, тамғаи АК 74, мили  7,62 мм бо 11 тирдон мусодира карда шуданд”, - гуфта шудааст дар иттилоия.

Ёдрас мекунем, ки Толиб  Аёмбеков, Ниёзшо Гулобов  ва Мунаввар Шанбиев рӯзи 11 июни имсол аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуданд. Мақомот мегӯянд, нисбат ба онҳо ҳаракатҳои тафтишотӣ идома доранд.


Аксҳо аз маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ

Комментарии для сайта Cackle