Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҷоми Осиё-2023: як қадами дигар барои мунтахаби Тоҷикистон


Shared to Facebook

12.06.2022 09:26

: 223

Барои дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон кофӣ аст, ки бозии охиринашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мусовӣ анҷом диҳад. Ин имкон медиҳад, ки мунтахаби миллии мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфта, орзуи ҳамешагии мухлисони футболи тоҷик амалӣ гардад.

“Аммо мусовӣ дар даври навбатӣ бояд ҳамчун вариант ё чораи охирин буда, ҳадафи ниҳоӣ бояд ғалаба бошад”.

Ин хулоса ё ба навъе тавсияҳои шореҳону мухлисони футболи тоҷик аст, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид мешаванд.

Гар сари он меравад, ки рақиби мунтахаби миллии Тоҷикистон дар даври навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” мунтахаби Қирғизистон аст.

Ҳарду мунтахаб шоми 14 июн дар ҳоле рӯ ба рӯи ҳамдигар қарор мегиранд, ки дар гуруҳи худ имтиёзҳои баробар дошта, аммо аз ҳисоби таносуби тӯбҳо мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми аввал ва Қирғизистон дар ҷойи дуюм аст.

Ду дастаи дигари ин гуруҳ - Сингапур ва Мянмар бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд.

Яъне, бо нигоҳ доштани ҳамин мавқеъи худ, ки дар ҳоли ҳадди ақал, мусовӣ анҷом ёфтани дидор имконпазир аст, мунтахаби Тоҷикистон ба таври мустақим ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбад.

Аз сӯйи дигар, ғалаба ё мусовии мунтахаби Тоҷикистон бар мунтахаби Қирғизистон дар рақобати шоми 14 июн на танҳо барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муҳим аст.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввал бо мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард.

Рӯзи 11 июн бозии дуввуми мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи “F” бо мунтахаби Сингапур баргузор гардид, ки низ бо ғалабаи дастаи мо анҷом ёфт. Ягона голро дар ин дидор Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юм ба самар расонид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни тимҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона дастаест, ки дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфтааст. Қабл аз оғози марҳилаи интихобӣ мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, гуфта буд, вазифаи даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтан аст. Аз ҳамин дидгоҳ ҳоло пешорӯи бозигарони тоҷик танҳо як қадам, ки хеле муҳим аст, боқӣ мондааст.

 

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи “F”

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Мянмар – 4:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 9 (1:0), Манучеҳр Ҷалилов, 55 – аз пеналти (2:0), Шервонӣ Мабатшоев, 57 (3:0), Эҳсони Панҷшанбе, 84 (4:0)

Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).

8-уми июн. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов. 50 тамошобин.

 

Даври 2-юм

11-уми июн (шанбе)

Сингапур – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 53 (0:1)

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 83), ШервонӣМабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 88), Эҳсони Панҷшанбе (Сиёвуш Асроров, 90+4), Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 83), Манучеҳр Ҷалилов.

 

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

14-уми июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.

Комментарии для сайта Cackle