Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Амалиёти махсус дар Хоруғ: шарҳи пурраи ҳаводиси рӯзҳои 11-12 июн дар маркази ВМКБ


Shared to Facebook

13.06.2022 07:09

: 230

Мақомоти Тоҷикистон расман тасдиқ карданд, ки дар натиҷаи амалиёти махсуси рӯзи 11 июн дар шаҳри Хоруғ се нафар Аёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевич дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд. Ҳамчунин, рӯзи 12 июн хабар дода шуд, ки Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич безарар гардонида шуданд. Номбурдаҳо “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ” муаррифӣ мешаванд:

“Аёмбеков Т.А., Шанбиев М.Н. ва Гулобов Н.А. як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ содир кардаанд.

Нисбат ба дастгиршудагон Аёмбеков Т.А., Шанбиев М.Н. ва Гулобов Н.А. тафтишоти пешакӣ идома дорад”, - омадааст дар иттилоияи Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ.

Бино ба хабари маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ, аз тарафи Прокуратураи вилоят нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, маълумоташ миёна, бо моддаҳои:

— 179 (терроризм);

— 104 қисми 1 (куштор);

— 237 қисми 2, (авбошӣ);

— 345 қисми 2 (монеъ шудан бо татбиқи адолати судӣ);

— 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ);

— 289 (қочоқи силоҳу аслиҳа);

— 181 (ғасби гаравгон);

— 182(ғасби бино ва иншоти ҳокимияти давлатӣ);

— 328, қ. 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ);

— 309 (тахрибкорӣ дар объектҳои ҳаётан муҳим);

— 189қ.3. (барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ);

ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, маълумоташ миёна, ки нисбаташ аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо моддаҳои

— 179 (терроризм);

— 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ);

— 289 (қочоқи силоҳ);

— 182 (ғасби бино ва иншооти ҳокимияти давлатӣ);

— 328, қ. 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ);

— 309 (тахрибкорӣ дар объектҳои ҳаётан муҳим);

— 189 қ. 3. (барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ);

— 345 қ. 2 (монеъ шудан бо татбиқи адолати судӣ) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда буданд.

Гуфта мешавад, Мазоров Х. М. ва Раҷабов З. К. барои пешбурди тафтишот ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ чандин маротиба расман даъват шуданд, аммо онҳо ҳар дафъа барқасдона аз иҷрои талаботи қонунии органҳои маъмурӣ саркашӣ мекарданд.

Мазоров Х.М. ва Раҷабов З.К. дар ҳоле безарар гардонида шудаанд, ки ҳангоми чорабинии дастгиркунӣ ба талаботи воҳидоти таъйиноти махсус, дар бораи ихтиёран супоридани худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд. Онҳо аз норинҷакҳои дастии Ф-1 ва автомати “Калашников” истифода намуда, “дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткорон безарар гардонида шуданд”.

Аз ҷойи  ҳодиса:

· Як адад пулемёти дастии Калашников;

· Як адад пулемёти Калашников;

· 11 автомат Калашников бо 5715 адад тир ва 66 тирдон;

· 9 адад гранатомёти дастии зиддитанкӣ бо 546 адад тир;

· 2 милтики мерганӣ бо дурбин;

· 3 адад тапончаи Макаров бо 198 дона тир ва 10 адад тирдон;

· 36 адад норинҷаки гуногунтамға бо 15 фурузонак;

· 20 гулӯлаи гранатомёти зиддитанкӣ;

· 2 адад дурбини мергании шабона;

· 3 адад тиризермили гранатомёт;

· 1 адад найзакорд;

· 19 фишанги тарканда;

· 5 адад мухобира;

· 18 адад қуввадиҳандаи гранатомёти дастии зиддитанкӣ;

· 3 адад телефони сенсорӣ, 4 телефони одӣ бо симкорти афғонӣ;

· 1 адад телефони моҳворавӣ бо чор адад сим-корт;

· 1 адад аксбардори “Кодак”;

· 1 адад мавҷқабулкунаки мухобираи “Кодак”;

· 700-доллари ИМА, 60 сомонӣ;

· 7 адад камарбанди ҳарби барои тирдон;

· 7 ҷуфт либоси ҳарбии саҳроӣ;

· 1 адад дурбини шабона;

— ду нақлиёти сабукрав, ки аз  бордони онҳо лавозимоти ҷангии гуногунтамға дарёфт, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатнигорӣ карда шудаанд.

Ҳамзамон, дар рафти амалиёт 10 нафар алоқаҳои ҷиноятии онхо дастгир карда шудаанд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо Имомназар Шоиширинов  2 адад автомати “Калашников” бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим   Шерзамонов — 1 адад автомати “Калашников” бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст.

Гуфта мешавад, тафтишот нисбат ба парвандаҳои мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят идома дорад.

Комментарии для сайта Cackle