Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тафсилот ва натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ дар Рӯшон


Shared to Facebook

19.05.2022 07:58

: 613

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тафсилоти амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро нашр кард. Бино ба иттилоияи маркази матбуоти ВКД, дар натиҷаи ин амалиёт 8 силоҳбадаст нобуд, 11 нафар захмӣ, 114 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ дастгир ва 8 нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Аз онҳо 24 автомати Калашников, 5 пулемёт, 18 пистолети гуногунтамға, 4 милтиқи ТОЗ-18, 11 норинҷаки дастии Ф-1, 86 адад коктейли Молотов, 3 кг тратил, 15 ратсия ва 53 телефон мусодира гардидааст.


Матни пурраи ин иттилоия, ки АМТ “Ховар” нашр кард, чунин аст:

“17-18 майи соли 2022, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшон дар ҳайати 200 нафар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Кулмаро дар 3 нуқта баста, ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиётро маҳдуд карданд.

Онҳо таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеа шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ гардиданд.

Гурӯҳи дуюм таҳти роҳбарии саркардагони гурӯҳи муташаккили ҷиноятию террористӣ Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Палаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд.

Аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз мавқеъҳои ҷангӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, пости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иншооти маъмурии сохторҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро мавриди ҳадафи ҳамла қарор дода, вазифадор шуда буданд, ки бо истифода аз Гранатамёти РПГ 7В, Пулемёти Калашников, Автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хизматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳанд.

Рӯзи 18 майи соли ҷорӣ гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда ба колоннаи автомашинаҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҶТ ҳамлаи мусаллаҳона намуданд, ки бар асари он 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Тафтишоти пешакӣ ва далелҳои расмии дастрасгардида собит менамоянд, ки гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани амали террористӣ қаблан омодагии пурраи ҷангӣ гирифта, аз хориҷи кишвар роҳбарӣ ва бо силоҳу аслиҳа таъмин шудаанд.

Аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиву террористии ноҳияи Рӯшон муддати 6 моҳи охир дар ҳудуди ноҳия ба қонуншиканӣ, халалдор намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба тарсу таҳлука андохтани сокинони осоишта даст доштанд. Аз ҷониби онҳо постҳои ғайриқонунӣ ташкил шуда, воситаҳои нақлиёти давлатию хусусӣ ва мусофирони онҳо мавриди таҳқир қарор мегирифтанд.

Новобаста аз таъкидҳо ва муроҷиатҳои расмии кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ барои қатъ намудани ҳама гуна қонуншиканиҳо рӯзи 16-17 майи соли ҷорӣ онҳо раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоро таҳқиру дашном дода, муовинони ӯ Гулмад Дӯстализода, Лайло Чоршанбезода ва сардори агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Маҳмаднабӣ Маҳмаднабиевро мавриди лату куби шадид қарор доданд.

Бо мақсади пешгирии пурраи кирдорҳои мудҳишонаи террористон, таъмини амнияти шаҳрвандон, суботу оромӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, барқарор кардани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Кулма” 18 майи соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.

Дар натиҷа 8 силоҳбадаст нобуд, 11 нафар захмӣ, 114 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ дастгир ва 8 нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Аз онҳо 24 автомати Калашников, 5 пулемёт, 18 пистолети гуногунтамға, 4 милтиқи ТОЗ-18, 11 норинҷаки дастии Ф-1, 86 адад коктейли Молотов, 3 кг тратил, 15 ратсия ва 53 телефон мусодира гардид.

Зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ аз миёни сокинони осоишта ягон нафар осеби ҷисмонӣ, ҷонӣ ва молӣ надидааст.

Айни замон вазъият дар ноҳияи Рӯшон ба эътидол омада, идораю муассисаҳо, сохторҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолияти муқаррарии худро оғоз карданд. Сокинон ба фаъолияти рӯзмарраи худ машғул мебошанд.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби бригадаи тафтишотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, ки аз натиҷаи он иловатан иттилоъ дода мешавад.

Аз тамоми дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ қотеъона талаб карда мешавад, ки талаботи қонунҳои амалкунандаро бечунучаро риоя кунанд. Силоҳи ғайриқонуниро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд. Ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯӣ расмӣ қарор доранд, ҳоло ҳам имкон доранд, ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуда, дар назди қонун ҷавоб диҳанд”.


Аксҳои “ИмрӯзNews”

Комментарии для сайта Cackle