Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҳалокати 9 ва ҷароҳати 24 нафар дар Рӯшон


Shared to Facebook

18.05.2022 15:20

: 353

Дар натиҷаи ҳамлаи гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба колоннаи мошинаҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ҳамчунин, аз байни ҳамлаварон 8 нафар кушта ва беш аз 70 нафар дастгир шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба изҳороти ВКД, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ “таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, инчунин маводи оташафрӯзи “Коктейли Молотов” ба колоннаи мошинаҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҶТ ҳамла намуданд”.

Ба иттилоъи манбаъ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша иборат аз 200 нафар бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон дар 3 нуқта роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ин амалҳо қаблан омодагӣ дида, бо ҳамин мақсад аз хориҷи кишвар силоҳу аслиҳа ворид намудаанд:

“Ҳар сокини бовиҷдони вилоят шоҳиди он аст, ки таъкидҳои чандинкаратаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамъомадҳо, суҳбатҳо бо иштироки аҳли ҷомеа ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, муроҷиатҳо тавассути воситаҳои ахбори умум барои супоридани силоҳи оташфишон, даст кашидан аз муқовимати мусаллаҳона ба муқобили сохторҳои конститутсионии мамлакат аз ҷониби дастаҳои ҷинояткор беҷавоб монданд. Оқибат онҳо ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ гузаштанд”, - омадааст дар изҳорот.

Аз ин қабл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар дода буд. Мақомот гуфтанд, амалиёти зиддитеррористӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ оғоз гардид.

Дар натиҷаи ин амалиёт 8 силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзои фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд, хабар дод ВКД.

Аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, “Коктейли Молотов” мусодира гардидааст.

Таъкид мешавад, ки аз миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст.

Прокуратураи вилоят вобаста ба қазияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда ва тафтишотро шурӯъ кардааст.

Мақомот мегӯянд, айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлияти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.

Дар айни замон ба “боқимонда гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша қотеъона эълон карда мешавад, ки то ҳол онҳо имконияти сулҳомези супоридани ҳама гуна силоҳ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шуданро доранд. Фардо дер мешавад”.

Ҳамзамон аз аҳолии вилоят хоста шудааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инфрасохтори иҷтимоӣ, фаъолгардонии масири ҳаракати нақлиёти байналхалқӣ, пешгирии тамоми намуди қонуншиканиҳо ва ахиран суботи ҷомеа, дар мисоли тамоми минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ кумаки худро расонанд:

“Танҳо давлатмеҳварӣ ва конунмандӣ асоси амният ва рушди ҷомеа аст. Ин вазифаи муқаддасро мо дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо мардумони баору номуси вилоят бо қотеъият ва муваффақона амалӣ мекунем. Бо ҳамин ба фаъолияти тамоми гурӯҳҳои муташаккили силоҳдори нашъаҷалоб якбора хотима мегузорем. Роҳи дигар вуҷуд надорад”, - таъкид шудааст дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки субҳи дирӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар дар изҳороте гуфт, 17 май аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд:

“Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд”, - омадааст дар изҳорот.

Мақомот мегӯянд, “кирдори мазкур, барқасдона, ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарби итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд”.

Мақомот гуфтанд, дар амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби созмонҳои байналхалқии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардидааст, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой доранд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.

Комментарии для сайта Cackle