Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон


Shared to Facebook

18.05.2022 08:35

: 788

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар дод.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, 17 май аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд:

“Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд”, - омадааст дар изҳорот.

Мақомот мегӯянд, “кирдори мазкур, барқасдона, ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарби итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд”.

Ба гуфтаи мақомот, дар амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби созмонҳои байналхалқии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардидааст, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой доранд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардидааст.

Комментарии для сайта Cackle