Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Заминбизнес” дар Файзобод


Shared to Facebook

18.04.2022 16:52

: 604

Мақомоти прокуратура дар ноҳияи Файзобод қонунвайронкуниҳои зиёдеро дар самти истифодаи замин ошкор кардаанд. Ин қонунвайрокуниҳо зимни санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории замин дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар заминистифодабарандагони ноҳия ошкор карда шудаанд. Нисбат ба ду мансабдори ноҳия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Бино ба иттилоияе, ки Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ нашр кард, аз ҷумла, раиси ин ноҳия дар чанд ҳолат ба қонунвайронкунӣ даст задааст:

“Ҷудо намудани заминҳои кишоварзӣ барои сохтмони биною иншоот ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёбад ҳам, аммо раиси ноҳияи Файзобод бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои сохтмони ҳаргуна иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда додаанд.

Чунончӣ, тайи солҳои 2019-2020 бо 4 қарорҳои ноҳия майдони 0,43 гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ ғайриқонунӣ ба 4 нафар шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.

Бо эътирози овардашуда 4 қарори раиси ноҳия бекор ва қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин, раиси ноҳияи Файзобод дар давраи солҳои 2019-2020 бо 3 қарори худ майдони 1 гектар заминҳои нақлиёти ноҳияро, ки ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия тааллуқ дошт, ба 11 нафар ва майдони 0,26 гектар заминҳои солимгардониро, ки ба Шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия тааллуқ дошт, ба 2 нафар ба дигар мақсад, яъне барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ғайриқонунӣ ҷудо карда додааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи талаботи моддаҳои 26, 84 ва 89 Кодекси замини Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз заминҳои таъиноти нақлиёт ва солимгардонӣ бе иваз намудани таъинот танҳо барои эҳтиёҷоти ҳамин мақсад ҷудо карда метавонанд.

Бо эътирози Прокуратураи генералӣ қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳия бекор карда ва заминҳо ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва Шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия баргаронида шудаанд.

Ба ғайр аз ин, ҳолатҳое ошкор шудаанд, ки шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати эҳтиёҷмандон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ нестанд, ё ин ки дар ҳудуди ноҳия истиқомат намекунанд, аз тарафи Комиссия ба онҳо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудааст:

“Муайян карда шуд, ки дар асоси пешниҳоди комиссияи ҷамъиятии ноҳия ба 6 нафар шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд набуда, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд, бо қарорҳои раиси ноҳия ҳамчун оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст”, - хабар медиҳад Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.

Ин қарорҳо низ бо эътирозҳои прокурорӣ бекор карда, масъалаи аз рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд баровардани онҳо гузошта шудааст.

Ба ғайр аз ин, хилофкориҳои кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод нисбат ба талаботи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ошкор шудааст. Кумитаи мазкур ҳангоми вобаста кардани заминҳои чарогоҳ, бархилофи талаботи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз муҳлати дар қарори мазкур муқарраршуда муҳлати истифодабарии чарогоҳро зиёд вобаста намудааст.

Аз рӯи ин ҳолат бо 5 қарори раиси ноҳияи Файзобод майдони 2060 га заминҳои чарогоҳҳои мавсимии муҳлатноки ноҳия ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ғайриқонунӣ вобаста карда шудааст. Бо эътирозҳои прокурорӣ қарорҳо бекор ва қитъаҳои замин ба заминҳои захираи ноҳия гузаронида шудааст.

Ҳамчунин, ҳолатҳои бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ба хариду фурӯш ва тақсимоти ғайриқонунии заминҳои таъиноти кишоварзӣ даст задани шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумитаи идораи замин ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор карда шудааст.

Аз ҷумла, бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, собиқ раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод Ҳасанов И.И. ва дигар аъзои комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ майдони 1,68 га заминҳои таъиноти кишоварзӣ (намуди корами лалмӣ)-и ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд, Меҳробод ва ба номи Дустмурод Алиеви ноҳияро ба 27 шаҳрванд ғайриқонунӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додаанд.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Бедил”-и ноҳияи Файзобод Раҳимов Қ.Қ. бошад, дар сатри ҷадвали шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки фермаи комплексии сохтмонаш нотамоми харидорӣ намудааш масоҳати умумии қитъаи заминро, ки 5,50 гектарро ташкил медодааст, бо роҳи сохтакорӣ 15,50 гектар нишон додааст. Сипас майдони 3,0 га замини таъиноти кишоварзӣ (намуди чарогоҳ) бо роҳи сохтакорӣ азхуднамудаашро ба 33 шаҳрванд ғайриқонунӣ ба ивази 285000 сомонӣ, 120 000 рубли русӣ ва 8800 доллар ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда фурӯхтааст.

Нисбат ба Ҳасанов И.И., аъзои комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. барои ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва сохтакории шаҳодатномаи қонунгардонии молу мулк бо моддаҳои 3381 қисми 2, банди “б” (ғайриқонунӣ додани замин бо истифода аз ваколати мансабӣ), 247 қисми 4, банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2, банди “б” (сохаткории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешкӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

Бо таъиноти Суди ноҳияи Файзобод, аз 28 феврали соли 2022, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба аъзои комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бинобар талофӣ гардидани зарари расонидашуда, дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, аз 24.08.2016, таҳти №1355, дар истеҳсолоти суд қатъ карда шудааст.

Бо ҳукми Суди ноҳияи Файзобод, аз 16 декабри соли 2021 нисбат ба роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. ҷазои ҷарима ба андозаи 1660 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 96,280 сомонӣ, татбиқ карда шудааст.

Прокуратураи генералӣ мегӯяд, ҳолатҳои зиёди худсарона ишғол намудани замин, ғайримақсаднок истифода намудани замин, бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда истифодабарии замин ва сари вақт пардохт накардани маблағҳои андози ягона аз тарафи заминистифодабарангон ошкор карда шудаанд. Нисбат ба 27 нафар ҳуқуквайронкунандагони дигар бо аломатҳои моддаҳои 141, 143, 146 ва 148 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои рӯёнидани қарзи андози ягона 7 амр ба шахсони воқеъию ҳуқуқӣ дода, бо натиҷаи баррасии он маблаги 28505 сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ барқарор карда шудааст.

Бо натиҷаи санҷиш дар ноҳияи Файзобод ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан ва хариду фурӯши майдони умумии 5,45 гектар замин ба 57 нафар ба маблағи 285000 сомонӣ, 120 000 рубли русӣ ва 8800 доллар ошкор шуда, нисбат ба шахсони гунаҳгор 2 парвандаи ҷиноятӣ, 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Ба 15 қарори ғайриқонунии раиси ноҳия эътироз оварда, барои ба ҳолати аввала баргардонидани 0,75 га қитъаи замин амр дода шудааст. Ҳамчунин, 28505 сомонӣ андози замин ба буҷети давлат барқарор карда шудааст.

 

Комментарии для сайта Cackle