Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар марз бо Қирғизистон чӣ мегузарад?


29.04.2021 07:34

: 420

Дар натиҷаи сангзаниҳои шаҳрвандони Қирғизистон 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Барои авҷ гирифтани ин муноқиша як мансабдори баландпояи Қирғизистон ҳам мусоидат кардааст.

Ин ҳодиса баъд аз зуҳри 28 апрел рух додааст.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, рӯзи гузашта дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара, дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод. Шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтаанд. Дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд:

“Иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст”, - гуфта шудааст дар изҳорот.

Ин дар ҳолест, ки тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989, иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.

“Аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд”, - гуфт Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Хоҷаи Аъло дар бораи захмӣ шудани камаш 15 нафар хабар додаанд. Онҳо гуфтаанд, ҳашт касро ба шифохона бурданд.

Сабаби сар задани муноқишаро ба насби дурбини назоратии Тоҷикистон дар назди Маркази тақсими оби “Головной” рабт медиҳанд. Бо насби ин дурбин Тоҷикистон мехоҳад, ҷараёни тақсими баробар ва одилонаи обро назорат кунад.

Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, қаблан дар он ҷо ҷониби Қирғизистон низ чунин дурбини назоратиро часпонда буд, вале сарҳабонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.


Аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ.


Комментарии для сайта Cackle