Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҷозеп Боррел: “Бояд ба рушди муносибатҳо диққати бештар диҳем”


Shared to Facebook

23.11.2022 14:08

: 626

Дар тӯли садсолаҳо робитаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ташаккули ҷомеаҳои мо нақши хеле муҳим бозиданд - ҳанӯз пештар аз давраи инкишофи савдо дар ҷаҳони қадим қад-қади Роҳи Абрешим, тамаддунҳои Аврупо ва Осиёро пайваста, сарват, фарҳанг ва омӯзиши ҳамдигарро паҳн намуда буд.

Вале робитаҳо диққати доимиро талаб менамоянд ва мо шояд вақтҳои охир ба рушди робитаҳои байни минтақаҳоямон диққати зарурӣ надода будем. Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо шарикони Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, ки инро ислоҳ кунад. Моҳи равон Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел барои таҳкими ҳамкориҳои мо ба минтақа ташриф оварда буд. Ман бошам, 18 ноябр дар конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Дарвозаи ҷаҳонӣ (Global Gateway)-ро, ки аз тарафи Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд мизбонӣ шуд, иштирок кардам.

Мо дар замони афзоиши талошу душвориҳои геополитикӣ ва болоравии сиёсати қудрат зиндагӣ дорем. Мо, инчунин, бо ду тамоюли бузург дучор мешавем: тағйирёбии иқлим ва рақамисозии иқтисод ва ҷомеа. Аз ин рӯ, рӯзномаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар суръатбахшии гузариши сабз ва ташаккули иқтисоди рақамӣ асос ёфтааст. Тавассути ташаббуси Global Gateway (Дарвозаи ҷаҳонӣ) Иттиҳоди Аврупо гузариши сабз ва рақамикунониро дар сатҳи ҷаҳонӣ пеш мебарад. Ҳама коре, ки мо анҷом медиҳем, ба қонеъ кардани ниёзҳои кишварҳои шарик ва фоида ба ҷомеаҳои маҳаллӣ асос ёфтааст.

Мо медонем, шарикони мо дар Осиёи Марказӣ бо ҳамон мушкилоте, ки мо дорем, рӯбарӯ ҳастанд: барқароршавӣ пас аз пандемия, мубориза бо бӯҳронҳои энергетикӣ ва иқлимӣ ва бартараф сохтани маҳдудиятҳо дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба Украина. Аммо ин душвориҳо инчунин имкониятҳо мебошанд - имконияти сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷаҳонии бештар устувор ва пайваста.


Дар Самарқанд мо се мавзӯъро баррасӣ намудем – ҳамбастагии рақамӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ. Дар ҳар се самт мо роҳҳои ҳамкории қавитарро ҷустуҷӯ кардем, имкониятҳои сармоягузориро муайян намуда, таваҷҷӯҳро ба ислоҳот ҷалб намудем, ки метавонанд равобити мутақобиларо таҳрик диҳанд. Мо сиёсатмадорон ва коршиносони техникӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва муҳимтар аз ҳама, намояндагони ҷомеаи тиҷоратӣ ва шаҳрвандиро гирди ҳам овардем. Тариқи созиш додани робитаҳо байни одамон мо пайвастҳоро байни минтақаҳо фаъолтар месозем.

Дар соҳаи рақамӣ барои сохтани платформаҳои бехатар, бартараф кардани монеаҳои ҷуғрофӣ, ривоҷ додани хидматрасонии давлатӣ ва дастгирии соҳаи маориф ва таъсиси ҷойҳои корӣ имкониятҳо ҷустуҷӯ хоҳем намуд.

Мо, инчунин, роҳҳои таҳкими робитаҳои устувори нақлиётӣ дар дохили Осиёи Марказӣ ва байни Осиёи Марказӣ ва Аврупоро барои ҳавасмандгардонии гуногунсозии иқтисодӣ ва рушди сабз баррасӣ намудем.

Ҳамаи мо аз таъсири бузурги тағйирёбии иқлим ва норасоии захираҳои об огоҳем. Барои қонеъ кардани талаботи афзоянда ба нерӯи сабз, мо имконоти беҳтар кардани дастрасиро ба истеҳсоли нерӯи камкарбон меомӯзем. Ҳарду минтақа, бешубҳа, ба чунин тарзи эҳёи истеҳсолоти кишоварзӣ ва саноатӣ манфиатдоранд, ки идоракунии самараноки захираҳои об ва партовҳоро таъмин намояд.

Дурнамои мо оид ба ҳамбастагии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар заминаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Барои ба роҳ мондани шарикии қавитар, васеътар ва муосиртар бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ фаъолона кор карда истодаем.

Ӯҳдадориҳои сиёсии мо ба кӯмаки аниқи фароҳамовардашуда такя мекунанд. Иттиҳоди Аврупо (ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳод) донори асосӣ дар Осиёи Марказӣ буда, аз соли 2014 то соли 2020 ба минтақа 1,1 миллиард евро кумаки аврупоӣ расонида шудааст. Дар чаҳор соли оянда ҳаҷми умумии грантҳо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2024 дар чаҳорчӯби барномаҳои дуҷониба ва минтақавӣ бояд на камтар аз 390 миллион евро бошад. Ин ду ташаббуси минтақавии ба истилоҳ Тими Аврупоро (Team Europe) дар бар мегирад, ки ИА расман дар Самарқанд эълони оғоз намуд, яке дар робита бо ҳамбастагии рақамӣ, дигаре оид ба захираҳои об, нерӯ ва иқлим. Team Europe аломати истифодашаванда барои лоиҳаҳоест, ки дар чорчӯбаҳояшон муассисаҳо, кишварҳои узв ва ташкилотҳои молиявии Иттиҳоди Аврупо якҷоя фаъолият мебаранд.

Нигоҳи ИА оид ба ҳамбастагӣ фарогир аст. Мо кӯшиши дур сохтани шарикиҳои дигарро надорем. Ва мо бешубҳа ба созмон додани мутобиқатҳои нав манфиатдор нестем.

Мо дар Иттиҳоди Аврупо “мухторияти стратегии кушода”-ро таҳия намуда истодаем, ки аслан аз нигоҳ доштани озодии интихоби стратегии худ, канорагирӣ аз мутобиқати аз ҳад зиёд ва доштани алтернативаҳо дар як низоми ҷаҳонӣ, ки бар қонунҳои байналмилалӣ, қоидаҳои оқилона ва стандартҳои байналмилалӣ асос ёфтааст, иборат мебошад. Ва табиист, ки мо хоҳиши шарикон барои нигоҳ доштани мустақилияти худ ва озодии интихоби худро низ айнан ҳамин тавр мефаҳмем.

Мо барои шарикони худ пешниҳоди ҷолиб дорем. Иттиҳоди Аврупо бузургтарин сармоягузор дар ҷаҳон аст. Ширкатҳои аврупоӣ бештар аз ҳама, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, сармоягузории мустақими хориҷӣ фароҳам меоваранд. Бо истифода аз қудрати сармоягузории бахши хусусии Аврупо, мо метавонем ба Осиёи Марказӣ дар бунёди иқтисоди нави рақамии сабз, ки бо тамоми ҷаҳон зич алоқаманд аст, кӯмак кунем.

Вазифаи мо дар Самарқанд аз он иборат буд, ки тавассути муайян ва татбиқи ислоҳот ва имкониятҳои ҷалби соҳибкорон сармоягузориро ҳавасманд намоем. Иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ босуръат рушд мекунад ва имкониятҳои васеъ доранд. Иттиҳоди Аврупо шарики боэътимод дар ҷаҳони нооромиҳои геополитикӣ ва тағйирот аст. Аз ин рӯ, ман бесаброна интизорам, ки Аврупо дар муваффақияти ин минтақаи муҳим нақши худро бозад.

 

Ҷозеп Боррел

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ 

ва сиёсати амниятӣ ва муовини раиси Комиссияи Аврупо

Комментарии для сайта Cackle