Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Иҷлосияи тақдирсоз ё пайки бақои миллат


Shared to Facebook

15.11.2022 11:27

: 1436

Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард.

(Эмомалӣ Раҳмон)

 

Дар фитрату ҷавҳари халқи тоҷик ҳамеша қудрату тавони истодагӣ дар рӯёрӯи хатарҳои муҳлик вуҷуд дорад. Ин ҷавҳар ва ин фитрат ҳамеша дар сиришти фарзандони барӯманду баномуси он зоҳир мегардад.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба истиқлол расидани кишварҳои он, дар аксари ҷумҳуриҳо парокандагӣ, бесарусомонӣ ва мухолифат байни қувваҳои дохилӣ ба вуҷуд омада, талошу кӯшишҳои гурӯҳҳои алоҳида ва ҳизбу ҳаракатҳои ба тозагӣ таъсисёфта барои расидан ба қудрат ва ба даст овардани ҳокимият зиёд гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шароити ниҳоят ҳасосу душвор қарор гирифта, бино бар сабаби фалаҷ шудани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, муноқишаҳои дохилӣ ва тезу тунд гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, хатари барҳам хӯрдани давлат ва парокандагии миллат ба вуҷуд омад.

Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат бо мақсади ба амал баровардани ҳадафҳои сиёсии худ, бо ҳар роҳу восита вазъро дар пойтахт ноором сохта, талаботи сиёсии худро пешниҳод мекарданд. Кор то ҷое расид, ки онҳо барои расидан ба мақсад бо роҳи зиёд кардани тарафдорони худ аҳолии осоиштаро аз минтақаҳои гуногуни кишвар, алалхусус кишоварзони деҳотро ба пойтахт даъват ва майдонниширо оғоз карданд.

Дар ду майдон – “Шаҳидон” ва “Озодӣ” шумораи зиёди одамон, аз ҷумла тарафдорон ва мухолифини ҳукумат ҷамъ омада, алайҳи ҳамдигар шиорпартоӣ ва муқобилат нишон медоданд. Мухолифин ба хотири тарс додани ҳукумат баъзе аз намояндагони мардумиро гаравгон мегирифтанд. Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои марказии пойтахт қатъ гардида, идораву корхонаҳо аз фаъолият бозмонда буданд.

Қисми зиёди майдоннишинҳо моҳияти гирдиҳамоиро сарфаҳм нарафта, бо дастури роҳбаладон ва ташкилкунандагони майдон дар қатори дигарон дар назди роҳбарияти ҳукумат талаботи нав ба нав мегузоштанд. Вазъ рӯз аз рӯз душвору мураккаб гардида, хатари ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвар таҳдид мекард.

Нотавонбинон, гурӯҳҳои хурофотпараст ва душманони дохилӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ, ки истиқлоли кишварро намехостанд, бо мақсади нишон додани нотавонӣ ва фалаҷ будани ҳукумат, ҳамзамон тарс додани мардум аз силоҳ кор гирифта, қасди ҷони шахсиятҳои сиёсӣ ва ходимони давлатӣ мекарданд. Онҳо барои ба қудрат расидан, ба амалу кирдорҳои ваҳшиёна ва хиёнаткорона даст зада, ҷиноятҳои вазнин содир менамуданд. Дар муддати начандон зиёд чандин нафар ходимони сиёсӣ, низомӣ, табибон, журналистон, аҳли фарҳанг, аз ҷумла Минҳоҷ Ғуломов, Исоқӣ Юсуф, Муҳаммад Осимӣ, Муҳиддин Олипур, Сайф Раҳимзод, Сафаралӣ Кенҷаев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Ҷумахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналӣ ва дигарон дучори иғвою дасисаҳои гурӯҳҳои зидди ҳукумат гардида, аз дасти онҳо ба ҳалокат расиданд. Мухолифони зидди ҳукумат бо ин амалҳои ноҷавонмардона бар зидди ҳамватанони худ ба хотири ҳимояи манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ то ҷое муваффақ гардиданд.

Мутаассифона, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ то ҷое фалаҷ гардида, роҳбарон ва кормандони ниҳодҳои номбурда низ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда буданд. Қисме ба савганди худ хиёнат карда, дар муқобили сиёсати давлат қарор гирифтанд.

Таҳти фишору зӯроварии мухолифини давлати соҳибистиқлол моҳи майи соли 1992 бо роҳи ғайриконститутсионӣ Ҳукумати муросои миллӣ ташкил ёфт.

Мухолифин аз имкониятҳои бадастоварда истифода карда, дар чунин шароити вазнин ва барои давлату миллат хатарнок истеъфои шахсони мансабдори давлатиро талаб мекарданд. Зери таҳдиду фишор ва талаботи гиридиҳамомадагон раисони Шӯрои Олӣ, аз ҷумла Қ. Аслонов, С. Кенҷаев ва А. Искандаров аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд.

Баъди аз сари қудрат дур кардани онҳо қувваҳои мухолиф ба фаъолияти Президенти ҷумҳурӣ Р. Набиев монеа эҷод карда, зери фишори гурӯҳҳои силоҳбадаст дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо силоҳ маҷбур карданд, ки мавсуф аз вазифаи роҳбарии давлат ба истеъфо равад.

Мутаассифона, Ҳукумати муросои миллӣ аз уҳдаи иҷрои вазифа дар идораи давлат, пешгирии нобасомонӣ ва таъмини суботу оромӣ набаромад, баръакс, зиддият ва муноқишаҳои дохилӣ афзуда, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд.

Силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба дасти одамони тасодуфӣ, шахсони ҷинояткор афтода, барои онҳо воситаи қасосгирӣ ва манбаи ғорату даромад гардид.

Вазъият дар пойтахти кишвар ва Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) ниҳоят вазнин буд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст бештар дар ин ду мавзеъ амал карда, ба раванди бомароми ҳаёти мардум халал эҷод мекарданд. Аз як тараф, агар ба ҳаёти одамон хатар таҳдид мекард, аз ҷониби дигар, хатари гуруснагӣ фаро гирифта норасоии озуқаворӣ ба назар мерасид.

Аҳолиро рӯҳияи ноумедӣ фаро гирифта, бисёриҳо аз минтақаҳои даргир, алалхусус пойтахти ҷумҳурӣ ба ҷойҳои нисбатан ором кӯч бастанд.

Дар чунин шароиту вазъият, ки хатари аз байн рафтани давлату парокандагии миллат ногузир буд, норозигӣ ва эътирози сокинони кишвар афзуда, аз ҳукумат талаб мекарданд, ки ҳарчи тезтар садди роҳи бетартибиҳо, зӯроварӣ ва содиршавии ҷиноятҳои вазнин гирифта, вазъият ба эътидол оварда шавад.

Ниҳоят бо иқдому ташаббусҳои шахсони бонангу номус ва оқилу ғамхори Ватан, ҳамзамон дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ тасмим гирифта шуд, ки иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ баргузор карда шавад.

Дар он вазъияти ниҳоят душвор ва ноустувор, гузаронидани чунин як иҷлосияи тақдирсоз дар шаҳри Душанбе ғайриимкон буд. Касе кафолати дар фазои орому бидуни дахолат баргузор гардидан ва таъмини ҳифзи ҳаёти вакилон – иштирокдорони иҷлосияро дода наметавонист. Ҳаёти шахс барои нафарони хиёнаткор, душманони миллат ва тоифаи ҷинояткор арзише надошт.

Бинобар ин, қарор дода шуд, ки иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардад. Бо вуҷуди мухолифати баъзе вакилони мардумӣ, ниҳоят ин пешниҳод дастгирӣ ёфт.

Дар чунин вазъияти ҳассосу давраи сарнавиштсоз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, дар қасри Арбоб ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаев бо иштироки 193 нафар вакили халқ аз 230 нафар ва фармондеҳони саҳроӣ, роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Фронти халқӣ, кори худро оғоз намуд.

Бояд қайд намуд, ки як теъдоди муайяни вакилони мардумӣ аз сабаби тарсу ҳарос дар иҷлосия иштирок накарданд. Теъдоди дигарро таҳти фишор қарор дода, имкони коркунӣ намемонданд.

Воқеан, сарҷамъ овардани вакилон, қумандонҳои саҳроӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи дар сангарҳои муқобил ҷойгирбуда кори саҳлу осон набуд. Ҳадаф аз даъвати онҳо ба иҷлосия ин талош барои расидан ба оштии миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, қатьи муқовимати мусаллаҳона ба муқобили якдигар, расидан ба сулҳи сартосарӣ ва дасти ҳамдигарро гирифтану кишварро обод намудан иборат буд.

Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи иҷлосия - интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар он вазъияти хеле мураккаб, ноустувор ва муҳити баҳсбарангезу мухолифатомези қувваҳои сиёсӣ на ҳар кас барои масъулияти роҳбарии як кишвари ҷангзадаву харобгардида ва дар буҳрони иқтисодиву молиявӣ фурӯрафтаро ба дӯш гирифтан мехост.

Ҳатто дар сохторҳои давлатӣ барои ба уҳдадории чандин вазифаҳо, аз қабили роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла вазифаҳои прокурор, вазири корҳои дохилӣ, мудофиа, амният, инчунин мансабҳои шаҳрвандӣ бисёриҳо даст кашиданд.

Ҷасорат, диловарию мардонагӣ, ғурӯр ва нангу номуси миллӣ дар замири вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки намояндагони аҳолии кишвар ба тарфдории ӯ барои интихоб ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳанд.

Бояд таъкид намуд, ки мавқеи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як фарди таҷрибадор, болаёқату боистеъдод, сиёсатмадор, ва ташаббускору роҳнамои зиндагӣ замони ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб кор кардан, хеле возеҳу равшан аён гардид.

Интихоби Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ин мансаби баланд ва масъулиятнок, ҳамзамон додани ваколати роҳбари давлат ба ӯ гардиши куллиеро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд овард.

Баъди таъсиси Ҳукумати нав тасмим гирифта шуд, ки ҳарчи зудтар сохторҳои давлатӣ фаъолияти худро дар пойтахти кишвар оғоз кунанд. Вале аксарияти намояндагони мардумӣ мухолифи интиқоли Ҳукумати тозаинтихоб ба шаҳри Душанбе буданд ва тавсия медоданд, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ аз Хуҷанд идора карда шавад. Ҳатто дар байни намояндагони мардумӣ зиёд нафароне буданд, ки сулҳро намехостанд ва кӯшиш мекарданд, дар байни мардум кинаву адоват ва ҳиссиёти маҳалгароиву бадбиниро барангезанд, то ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди вакилонро оиди аз шаҳри Хуҷанд идора кардани давлат қатъиян рад карда, дастур доданд, ки бояд сохторҳои ҳукуматӣ дар пойтахт ҷой гирифта, таваҷҷуҳи худро барои ҷорӣ кардани тартибу низом ва таъмини фаъолияти бомароми корхонаву муассисаҳо равона намоянд.

Воқеан, дар чунин як давраи мушкил ва саравиштсоз масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифтану гурӯҳҳои мухолифро бо ҳам созиш намудан, халъи силоҳ кардану сулҳу суботро барқарор сохтан, гурезаҳоро ба ватан барагардонидану харобаҳоро обод кардан ва боз даҳҳо масъалаву мушкилот пешорӯи Сарвари давлат қарор доштанд, ки ҳалли онҳо барои ҷомеа ногузир буд.

Президенти кишвар дар баромади худ дар иҷлосия ва дар идомаи сафарҳо ба минтақаҳои даргир бо қумандонҳои саҳроӣ, Фронти халқӣ ва дигар роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин вохӯрда, муроҷиат карданд, ки барои ҳифзи истиқлолият, якпорчагии Тоҷикистон, барқарории сулҳу субот ва ваҳдату муттаҳидӣ бо ҳам оянд ва даст аз қасосгириву бародаракушӣ боздоранд.

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мо шоҳиди эҳтиром гузоштани қумандонҳои саҳроӣ ба парчами Тоҷикистон гардидем. Онҳо низ ташнаи сулҳ ва ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои дохилӣ буданд ва бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба парчам ваъда доданд, ки барои тинҷиву оромӣ ва сулҳи сартосарӣ дар ҷумҳурӣ талош менамоянд.

Мутаассифона, намояндагони мухолифи ҳукумат ҳарчанд бо зоҳирнамоӣ эҳтироми худро ба парчам нишон дода, онро бӯсиданд, баъдан ваъдахилофӣ карда, ба ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва тезу тунд сохтани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ пардохтанд.

Онҳо, ки бо хоҷагони хориҷии худ вобастагии молиявӣ доштанд, барои дар назди онҳо аз ваъдаҳои додаашон шармандаву сархам нагардидан, роҳи қатлу куштор, гаравгонгирӣ ва ғоратро пеш гирифтанд.

Барои муқовимат нишон додан ба душман ва ҳифзи истиқлоли Тоҷикистон иқтидори ҳарбии ҷҷумҳурӣ дар ҳолати ногувор қарор дошт. Мо ҳанӯз Қувваҳои мусаллаҳ ва қӯшунҳои сарҳадиро надоштем, ки моро аз ҳуҷуми қувваҳои беруна ва дохилӣ ҳифз намояд. Зеро пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз техникаву лавозимоти ҷангӣ ягон дастгоҳу таҷҳизот ва корхонаи обод ба мо ба мерос намонда буд. Бояд иқтидори ҳарбию низомии кишварамон аз сифр оғоз мегардид.

Воқеан, бо азму талош ва кӯшишҳои зиёди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати дифоъ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҷой ва макони холӣ, бе доштани техникаи ҳарбӣ ва хазинаи холии давлат таъсис ва ташкил карда шуданд.

Нарасидани мутахассисони соҳавӣ, алалхусус низомӣ аз мушкилоти асосӣ дар таҳкими иқтидори ҳарбии ҳукумат ба шумор мерафт. Ҳатто вазири мудофиаи кишвар Шишлиянников А. В. аз дигар давлат даъват ва ба ин вазифаи масъулиятнок таъйин карда шуд. Баъдан бо ибтикору ташаббуси Сарвари давлат бо мақсади омода кардани кадрҳои маҳаллӣ донишкадаи ҳарбӣ дар Тоҷикистон ва курсҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълими ҳарбии кишварҳои хориҷа ба роҳ монда шуд.

Аз рӯзи аввали ба иҷрои вазифа шурӯъ кардан, Сарвари давлат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки “Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.

Аз баёни ин суханони ҳикматомез ва барои сокинони Тоҷикистон боарзиш бармеояд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, нахуст барои пойдории давлати тоҷикон, ҳифзи истиқлол ва барқарории сулҳу субот кору амалҳои беназирро анҷом доданд.

Бо мақсади аз парокандашавӣ наҷот додан ва сарҷамъ кардани мардум, мебоист ҳамватаноне, ки бо тақозои вазъияту шароит ва тақдир берун аз ватан рафта буданд, баргардонида шаванд.

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои бисёр ҳасосу муҳимме, ки дар назди Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ меистод, - ин ҳарчӣ тезтар баргардонидани гурезагони тоҷик, ки ба хориву зорӣ дар Афғонистони ҳамсоя умр ба сар мебурданд.

Ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд чунин таъкид карда буданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем, ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам, то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Афғонистон, ки ноорому муташанниҷ буд ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар аксар вулусволиҳо идома доштанд, мақсади сафар ба ин давлатро карданд. Вале ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ бо дарназардошти авзои сиёсӣ ва ҷангҳои дохилӣ байни гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ба Афғонистон сафар карданро ғайриимкон меҳисобиданд.

Ба таҳдиду хатарҳо ба ҳаёт нигоҳ накарда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ, далериву мардонагӣ, ҳар лаҳзаи вақтро ғанимат шуморидан ва манфиати давлату миллатро аз ҳама боло донистан, 10 декабри соли 1996 ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карда, бо мақсади созмон додани комиссияи оштии миллӣ ва баргардонидани гурезаҳо ба ватан бо роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар маҳаллаи Хосдеҳи вилояти Тахори Афғонистон вохӯрданд.

Тавре ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд кардаанд: “Дар аввалин суҳбате, ки ман бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ доштам, кушоду равшан гуфтам: -Домулло, дар сурате ки мову шумо ба ифоқа наоем, ҷанги шаҳрвандӣ давом кунад, миллати тоҷик пароканда мешавад. Кишварҳое ҳастанд, ки кумак карда истодаанд, бо ҳар роҳу восита давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз байн меравад. Ва мову шумо дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун миллаткуш боқӣ мемонем, ки фарзандону наберагону аберагони мову шуморо ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик дигар намебахшад. Ман ҳаминро ба инобат гирифта, назди шумо ва мардум барои сулҳ кардан омадам”.

Ба хотири сарҷамъ кардан ва ба ватан баргардонидани гурезагон, ки дар миёни онҳо қумандонҳо ва аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ низ буданд, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки шумо бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба Ватан баргардед, ба хотири ба сулҳу субот расидан, мо шуморо авф мекунем ва амалҳои ғайриқонунӣ кардаатонро мебахшем.

Роҳбари давлат бо ҳисси хайрхоҳӣ ба қавли худ устуворӣ нишон дода, қисми низомиро дар ҳайати ҷангиёни мухолифин таъсис доданд ва онҳоро бо кору маоши доимӣ таъмин намуданд, ки ин иқдом аз рисолати сулҳофарӣ ва муттаҳид сохтани қувваҳои сиёсӣ дар кишвар иборат буд

Дар мулоқот бо намояндагони мухолифини тоҷик дар Афғонистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳисси дилсӯзӣ ва ҳайрхоҳӣ аз онҳое, ки дар мулки бегона бо душворӣ ва азобу машаққат зиндагӣ карда, аз гуруснагиву беморӣ ҷон медоданд, ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки: «Дар як Мазори Шариф якуним ҳазор мардуми мо мурдааст. Ин нанг бар мардуми мо нест? Ҳазорҳо-ҳазорҳо мурдаанд, гӯристонҳои нав пайдо шудааст. Ҳазорсолаҳо мегузарад, моро таъна мекунанд. Ҳар нафаре, ки гузарад, мегӯяд: Ин гӯристони гурезаҳои тоҷик аст”.

Баъдан, гуфтушунидҳо дар шаҳрҳои Алма-Атои Қазоқистон (соли 1995), Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Маскави Русия (соли 1997) баргузор гардиданд. Дар натиҷа бо талошу кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар асоси талаботи Созишномаи мазкур, дар зимоми давлатдорӣ 30 дарсади вазифаҳои роҳбарикунанда дар сатҳи мақомоти давлатӣ ба намояндагони мухолифин вогузор карда шуд.

Бо вуҷуди тақсимоти вазифаҳо ва сари қудрат омадани намояндагони мухолифин, гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки дар тобеияти онҳо қарор доштанд, амалҳои ҷинояткорона, аз ҷумла даст задан ба роҳзаниву ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ ва содир намудани амалҳои террористиро идома медоданд.

Сарвари давлат ба таҳдиду хатарҳо ба ҷони хеш аҳамият надода, дар кадом вазъу шароите, ки бошад, талош менамуданд, ҳарчи тезтар ба муқовимати гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ки раванди сулҳу суботро халалдор мекарданд, хотима гузошта, мардуми гурезаро ба Ватан баргардонанд ва барои аҳолии ҷумҳурӣ ҳаёти осоишта ва рӯзгори босуботро фароҳам оваранд.

Далели ин гуфтаҳо сӯиқасд ба ҷони Сарвари давлат дар соли 1996 зимни сафар ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Рӯшонро метавон ба ёд овард. Гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон пеши роҳи автомашинаи Президенти кишварро бо силоҳ гирифта, имкони ҳаракат надоданд. Сарвари давлат аз автомашина фаромада, хостанд бо силоҳбадастон вохӯранд, вале як гурӯҳ занону модарони рӯшонӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳифзи Сарвари муқобили онҳо баромада, барои амалӣ сохтани ҳадафи нопоки ҷинояткорон монеъ шуданд.

Инчунин, дар шаҳри Хуҷанд санаи 30 апрели соли 1997, ҳангоми наздикшавӣ ба бинои Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ хоинони ватану миллат ба ҷони Роҳбари давлат сӯиқасд анҷом доданд. Дар ин сӯиқасд Президенти кишвар ҷароҳат бардоштанд. Дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расида, 83 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бо вуҷуди ин, ба чунин вазъи ногувору хатарафзо нигоҳ накарда, Роҳбари давлат вохӯрӣ ва мулоқоти худро бо мардуми вилоят идома доданд.

Соли 2007 зимни ҳаракати кортеҷ (корвони савора)-и Сарвари давлат аз роҳи марказӣ ба сӯи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар наздикии Кохи Ваҳдат таркиш ба амал омад. Ин амали террористӣ ба хотири халалдор кардани сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд буд.

Сокинони кишвар, алалхусус ҷавонон бояд аз таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилӣ сабақ гиранд. Дар худ эҳсоси ватанпарастиву ҳуввияти миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлату миллат ва садоқат ба Пешвои муаззами миллатро афзун намуда, ба бегонапарастӣ ва кору амалҳое, ки хилофи манфиатҳои давлат мебошанд, роҳ надиҳанд. Ин ватанро дӯст доранд, рисолати хешро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони азиз барои ободӣ, таъмини суботу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

Бо вуҷуди талошҳо ва ранҷу заҳмат кашидан дар ҷодаи ба як давлати воҳиду мутараққӣ расидан, дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ хиёнаткорон ва душманони миллат борҳо қасди табаддулоти давлатӣ карданд. Аз ҷумла, ҳуҷуми гуруҳи мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиев ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар соли 1998, Назарзода Ҳалим ба шаҳри Ваҳдат ва Душанбе дар соли 2015, ки боиси ҳисороти зиёди ҷонию молӣ гардид, нишони хиёнат ба давлату миллат ва сарзамини аҷдодӣ мебошад, ки мехостанд кишварро ба парокандагӣ ва нобудӣ баранд. Хушбахтона, онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд, қисме дастгиру боқимонда шармандавор Тоҷикистонро тарк карданд.

Яке аз ташаббусу иқдомоти бомаврид ва саривақтии Сарвари давлат дар солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири рафъи гуруснагӣ ва таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷа, - ин тақсимоти замин ба аҳолӣ буд. Ҳарчанд баъзе шахсиятҳо ва намояндагони мардумӣ муқобили ин ташаббуси Сарари давлат баромаданд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ аз 9 октябри соли 1995 №342 ва аз 1 декабри соли 1997 №874 беш аз 75 ҳазор гектар заминро ба аҳолии деҳот барои истифода тақсим карданд, ки дар натиҷа садҳо ҳазор нафар соҳиби замин, ҷойи кор ва даромади молиявӣ гардиданд.

Сокинони кишвар дар баробари баровардани эҳтиёҷоти рӯзгори худ, инчунин барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ба даст овардани даромад талош намуда, бо ин роҳ ба рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар кишвар мусоидат намуданд.

Пешвои миллат дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ аз фоҷиаи сангини ба сари миллати тоҷик омада таассуф хӯрдаву ёдовар мешаванд, ки: “Соли 1992 бисёр соли вазнин, шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ, дар вақти фалаҷшавии ҳокимият, ки касе касеро гӯш намекард, ягон сохтору мақомоте ҳам вуҷуд надошт, тоҷиккушӣ сар шуда буд. Дар баъзан шаҳру ноҳияҳо одамонро даста-даста бурда мекуштанд. Дар ҳамон шабу рӯз, баъде, ки маро интихоб карданд, ман аввалин бор қайд кардам: Дар вақти тинҷию оромӣ роҳбар будед. Акнун вақте ба сари миллат вазнинӣ омадааст, гиред, роҳбарӣ кунед, ташаббускор бошед, мардумро соҳибӣ кунед! Дар рӯям мегуфтанд, ки “ҳукумати ту дер давом намекунад, баъди ду ҳафта туро мекушанд”. Ман як чиро дарк мекардам, ки дар ҳамон вақт роҳбаре даркор буд, ки фидоии миллат бошад, худашро қурбон кунаду миллатро сарҷамъ”.

Набояд фаромӯш сохт, ки дар ҷанги дохилӣ беш аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медоданд, ба ҳалокат расиданд. Онҳо низ ҳаётро дӯст медоштанд ва дар қалбашон муҳҳабат ба ватан, ба обу замин ва наздикону пайвандонашон туғён дошт ва барои хушбахтии насли имрӯз, субботу оромӣ ва рушду шукуфоии Тоҷикистони навин ҳаёти худро дареғ надоштанд.

Бар ғайр аз ин, ба соҳаҳои хоҷагии халқ ва давлат ба маблағи садҳо миллион доллари ИМА зарари молиявӣ расонида шуд.

Дигар аз хидматҳои бузургу бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” - муттаҳид ва сарҷамъ овардани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар тамоми чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамзабонони мо аз кишварҳои Русия, Амрикову Канада, Ҳиндустону Покистон, Англия, Исроилу Олмон ва Эрону Афғонистон даъват карда мешаванд, ки дар пайванди фарҳангу тамаддуни оламшумул, осору таърих ва фарҳангу адабиёти куҳану ҷаҳонгири тоҷикон нақши арзанда мегузорад.

Талошҳои пайгирона, ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва эътимод ба фардои дурахшон имкон дод, ки тоҷикон таҳти роҳбарии Сарвари оқилу хирадманд ва миллатдӯсту ватанпарвар ба орзуи деринаи худ бирасанд.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, Сарвари давлат бо ҷоизаи олӣ - Медали тиллои “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият сарфароз гардиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин шахсияте дар байни сарварони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мебошанд, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф шуданд.

Воқеан, сулҳи тоҷикон сулҳи бесобиқа ва беназир аст. Ваъдаи Сарвари давлати тоҷикон “Ман барои шумо сулҳ меоварам” дар ҳаёт амалӣ гардид ва ин фазилати сулҳофарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик кишвари ҷангзада ва дар вартаи ҳалокат қарордоштаро умри дубора бахшид ва Тоҷикистон имрӯз дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор гирифта, бо ташаббусу иқдомҳои созанда ва бунёдкорона ба сӯи ояндаи дурахшон пеш меравад.

Ин ҷо андешаҳои ду нафар сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро овардан мумкин аст, ки нисбат ба сиёсати сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд додаанд:

“Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои муштаракулманофеъ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми талошҳои ӯ баёнгари он аст, ки Тоҷикистон раванди сулҳеро мегузарад, ки амсоли он дар дигар кишварҳо вуҷуд надорад, дар кишварҳое, ки гирифтори муборизаи шадиданд. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои тамоми мардумону кишварҳо намунаи хубест”.

Владимир Путин,

Президенти Федератсияи Русия 

“Тоҷикистон барои бисёр кишварҳои дигар дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад. Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидан ва ҳалли зиддияти дохилии миллиро нишон дод”.

Кофи Аннан,

собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастӣ, нерӯи ақлонӣ ва ҳам ҳастияшонро барои осоиши мардум, рушду тараққиёти мамлакат, ободии Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рӯзгори пурсаодати сокинони диёри азизамон сарф намуданд, ки имрӯз кули сокинони Тоҷикистон аз ин абармарди саҳнаи сиёсат, кафили сулҳу субот ва пешвои тоҷикони ҷаҳон сипосгузоранд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони кишвар аҳаммияти таърихӣ дорад. Он барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиклоли мамлакат, ваҳдати миллӣ, муттаҳидии мардум ва раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

 


Аламшозода А.А.

муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия

Комментарии для сайта Cackle