Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Даҳсолаи дурахшони Чин дар давраи нав”


Shared to Facebook

28.10.2022 10:58

: 678

Имсол аз барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 30 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар ҳарду кишвар чорабиниҳои зиёд доир гардиданд ва ё дар ҳоли тадорукот қарор доранд. Аз ҷумла, дар торихи 25 октябр дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат таҳти унвони “Даҳсолаи дурахшони Чин дар давраи нав” ҷаласаи ботантанае бо намоиши аксҳо баргузор гардид, ки аз пешрафту дастовардҳои иқтисодии ин кишвар дар тӯли даҳ соли охир қисса мекарданд. Дар маҷмӯъ, ин намоишгоҳ достони аҷиби асри нави Чинро дар тӯли даҳсолаи пуршукуҳи гузашта нақл мекард.


Ба ин нишаст намояндагони созмонҳои маҳалливу байналмилалӣ, идораву вазоратхонаҳо, корпусҳои дипломатӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ даъват шуда буданд. Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тсзи Шумин дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, даъватшудагонро бо комёбиҳову дастовардҳои даҳ соли охири кишвараш ошно намуд.

Тавре гуфта шуд, дар даҳ соли охир Ҳизби коммунистии Чин мардуми чиниро аз паси худ бурда, як кишвари тавоно, қудратманд ва шукуфон ба вуҷуд овард. Барои ҳаёти зебои одамон шароит фароҳам сохт. Руҳи мардумони Чинро барои далерона ба пеш рафтан мустаҳкам намуд.

Сипас муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латипов ва муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим баромад карда, аз номи ҲХДТ ва аз номи давлати Тоҷикистон дар симои кормандони Сафорати Чин мардуми ин кишварро ба муносибати муҷаддадан ба симати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардидани ҷаноби Си Ҷинпин табрику муборакбод намуданд ва дар мавзуи ҳамкориҳои ҷумҳурии мо бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя ба унвони муҳимтарин шарики стратегии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Дарвоқеъ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар даҳсолаҳои охир бо тарзи устувор ва боварибахш гомҳо мебардорад, ҳоло ба бузургтарин қудрати иқтисодии ҷаҳон мубаддал гардидааст. Тоҷикистон ва Чин равобити хуби ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷавориву ҳамсоягии дӯстонае доранд. Дар давоми ин муддати муносиботи дипломатӣ давлати абарқудрати Чин ба бузургтарин ва муҳимтарин шарики стратегии Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол мубаддал гардидааст.

Дуруст аст, ки баъди фурӯпошии Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Чин яке аз нахустинҳо шуда, истиқлолияти моро ба расмият шинохт ва бо давлати ҷавони тозаистиқлоли мо робитаи дипломатӣ барқарор намуд, ки имрӯз аз оғози ин ҳамкориҳо сӣ сол гузаштааст. Аммо дар гузаштаи торихӣ ҳам кишварҳои мо ҳанӯз аз аҳди бостон бо ҳамдигар додугирифтҳои тиҷориву иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд ва ин равобит бо унвони бархурди тамаддунҳо дар сарчашмаҳои муътабари торихӣ дарҷ гардидааст.


Порае иқтибос аз китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Роҳи абрешим: Тоҷикистон ва Чин” гуфтаҳои болоро тақвият мебахшанд:

“Дар торихи инсоният ҳеҷ тамаддуни бузург дар алоҳидагӣ ва бе барпо намудани робитаҳои тиҷоративу фарҳангӣ бо дигар мардумони олам вуҷуд надоштааст. Намояндагони ҳамаи тамаддунҳо аз дастовардҳои ҳамдигар бархурдор гардида, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам рушд мекарданду мекунанд.

Чунин робитаҳо, ки аз аввалҳои ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод маълум буданд, мавриди омӯзиш ва тадқиқи таърихшиносон қарор доранд. Шаклгирии нахустин давлатҳо низ ба ҳамин давра рост меояд. Табиист, ки ҳеҷ гуна равобити миёни тамаддунҳо ва мардумони қавмҳои гуногунро бе вуҷуди инфрасохтори нақлиётӣ ва ё роҳҳо наметавон тасаввур кард.

Аз қадимтарин роҳҳои пайвандсози тамаддунҳои ҷаҳон, аз ҷумла Шарқу Ғарб “Шоҳроҳи лоҷвард” (Лазуритовый путь ё Lazuli way), “Шоҳроҳи Абрешим” ва “Роҳи Шоҳон” буд. “Роҳи Шоҳон” аз ҷониби шоҳони Ҳахоманишӣ асос ёфта буд, ки дар асрҳои У1-1У пеш аз милод робитаҳои сиёсӣ ва тиҷоративу фарҳангии ин империяи бузурги Форсро ба чаҳор сӯйи олам, аз ҷумла бо кишварҳои қаламрави Суғду Бохтар ва дар ғарб то соҳили Баҳри Миёназамин таъмин мекард.

“Шоҳроҳи Лоҷвард” аз куҳҳои сарбарфалаки Бадахшон ибтидо гирифта, тавассути Афғонистону Ирон то ба Бобулистону Миср ва Юнону дигар самтҳои олам тӯл кашида буд. Пайдо шудани ашёи гаронарзиши бо лоҷвард ва лаъли Бадахшон ороёфта аз мақбараҳои фиръавнҳои Миср, ки таърихи 4-5 ҳазорсола доранд, далели возеҳи хеле бостонӣ будани ин шоҳроҳ аст.

“Шоҳроҳи абрешим” аз бузургтарин роҳҳои тиҷоратӣ дар таърихи бостони аҳли башар аст. Ин шоҳроҳ аз қаламрави кишвари Чин оғоз ёфта, шохаҳои он чун рагҳои хунгард то ба гӯшаҳои гуногуни АвруОсиё ва Африқои шимолӣ паҳн гардида буд. Шарёни он ҳамчун тору пуди заминҳои миёни се уқёнуси ҷаҳонӣ – Ором, Ҳинд ва Атлантика рисолати пайвандгарӣ доштанд. Муҳимтарин шарёни ин Шоҳроҳи бузурги абрешим аз заминҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистони имрӯза низ мегузашт.

Нахустин робитаҳои дар сарчашмаҳои таърихӣ сабтгардидаи байни Чин ва Осиёи Марказӣ ба асри 11-и пеш аз милод рост меояд. Саргузашти сафир ва сайёҳи чинӣ - Чжан Ҷян, ки соли 138 пеш аз милод аз ҷониби императори Чин Ву Ди ва сулолаи Хан ба Осиёи Марказӣ фиристода шуд, дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ сабт гардидааст.

Чизи ҷолибе, ки майлу рағбати императори Чин Ву Диро дар минтақаи мо ҷалб намудааст, аспҳои хушзоти бохтарӣ (хатлонӣ) ва давонӣ (аз давлати ориёии Давон дар води Фарғона) будаанд, ки чиниён онҳоро аспҳои “парон, болдор ва ё осмонӣ” меномидаанд. Шахси дорои чунин асп гӯё бо осмон робита пайдо намуда, каси олимақом ва ба мартабаи худоӣ расида шинохта мешудааст.

Барои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Ғарб дар муомилаҳои тиҷоратии таърихӣ моли аз ҳама арзишманду ҷолибтари Чин, албатта, абрешим будааст.

Имрӯз Тоҷикистону Чин дар доираи барномаҳои ташаббуси таърихии “Як камарбанд – як роҳ” ҳамкориҳои хеле доманадору бовусъати барои ҳарду тараф судманд доранд.

Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд. Тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сармоягузориҳои мустақими давлати Чин барои Тоҷикистон, ки захираҳои бойи табиӣ ва имконияти зиёди ҷуғрофии рушди босуръатро доро мебошад, хеле муфид ва сарнавиштсоз ҳастанд.

Иродаи мустаҳкам, ҳусни нияти хайрхоҳона ва ҳамкориҳои пайваста кишварҳои моро барои расидан ба ҳадафҳои дастҷамъӣ ва муштараки зиёде раҳнамун хоҳанд сохт!

 

Абдураззоқ Саид

 

Аксҳо аз АИ “Авеста”

Комментарии для сайта Cackle