Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Меҳрномаи Озода Раҳмон


Shared to Facebook

07.10.2022 09:13

: 1298

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябр ҷашни зодрӯз доштанд: ба синни мубораки 70-солагӣ расиданд. Шодбошиҳо бо таманнои сарбаландиву некномӣ, умри дарозу бобаракат ва бо арзи беҳтарин орзуҳову таманниёт унвонии Сарвари давлат ирсол гардиданд.

Дар ин байн аз ҷумлаи шодбошиҳо ва табрикот, ки яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, паём ё табрикоти видеоии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон буд. Ин паёми табрикӣ ба таври густарда ҳамовозӣ пайдо кард.

Ман боз ҳам ба табрикоти муаллима шарик мешавам: ҳарчанд қаблан низ Ҷаноби Олиро табрик карда будам, натавонистам бо шодбоши Озода Раҳмон бетараф бошам. Ҳамовозиям аз ин ҷост, ки он чӣ ки андар шинохт, эҳтирому эътибор ва ҷойгоҳи фарзанди барӯманди Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон донистану гуфтан мехостам, дар ин паёми шодбошӣ дарёфтам. Фикр мекунам, кулли мардуми кишвар ба ҳамин андешаанд.

Ба ростӣ, табрикоти Озода Раҳмон он қадар таъсирбахш буд, ки ҳангоми шеърхонияшон, наметавонистам оби чашмонамро нигаҳ дорам. Фақат ҳаминро гуфтаниям, ки аз оне ки чунин падари ғаюр, шуҷоъ ва ҳакиму ятимпарвару бо таъбири ориёӣ ҷавонмард дорем, ҳама тоҷикону форсзабонони олам ифтихор дорем.

Баъди тамошои ин табрикнома, бо тамоми боварӣ метавонам бигӯям, ки ҳама падарони олам орзу доранд, ки чунин фарзанд дошта бошанд: меҳрубон, сиёсатмадор, донишманд, сухангӯи моҳир, иншогари ашъори борик ва аз ҳама муҳимаш, дӯстдори фидоӣ барои Падар.

Ман замоне 7 духтари фаришта доштам ва дар орзуи як писар будам. Боре дар Бӯстонсаро, ҳангоми ҳашари ниҳолшинонӣ, Ҷаноби Олӣ ба ман дуо доданд, ки Худованд маро соҳиби писар гардонад. Дуои дӯстони Худованд, бешубҳа, мустаҷоб мегардад. Ҳоло мисли Пешвои миллат ду қаҳрамонписар ҳам дорам (бо шарофати дуои падари азизи миллат). Вале пеш аз оне ки писаронамро ба ман ҳадя кунад, Аллоҳи Парвардигор ба ҳафт фариштаи ман боз яктои дигар биафзуд ва ман ҳоло Худоро шукр, ҳашт фариштаву ду писар дорам. Бо ҳамин далел бештар аз ҳар фарде хушбахтии Ҷаноби Олиро ман метавонам дарку эҳсос намоям.

Мову Шумо хушбахтем, ки дар болои сарамон Пешвои миллатро дорем, аммо худи Пешвои миллат барои он хушбахт ҳастанд, ки аз меҳрубониву муҳаббати беназири ана ҳамин фарзандони сарбаланд бархӯрдоранд.

Албатта, паёми шодбошии Озода Раҳмон наметавонист ҳазорон ҳазор нафарро бетараф гузорад. Аз як сӯ агар ин шеваи табрикот барои ҷомеаи мо як чизе нав аст, аз сӯйи дигар, суханҳои тиллоие, ки муаллимаи гиромӣ дар ин меҳрнома арзонӣ доштанд, қабл аз ҳама, касро ба азизу гиромӣ доштани Падар, эҳтирому муқаддас доштани волидон, ҳамзамон ба руҳбаландӣ, ватандӯстдорӣ, эҳтироми халқу миллат, пос доштани забону фарҳанг талқин месозад.

“Қабл аз ҳама шукри онро мекунам, ки дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Дар оилае, ки фазои меҳру муҳаббат, садоқату ҳамдигарфаҳмӣ ва иззату эҳтироми тарафайн ҳукмфармо буда, ба арзишҳои хонаводагӣ, ба мисли тарбия ва ба воя расондани фарзандон дар рӯҳияи ахлоқу одоби ҳамида, инсондӯстиву ватанпарастӣ, нексириштиву хушмуомилагӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамзамон эътирофу қадршиносии урфу одат ва расму оинҳои ниёгонамон, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд, диққати аввалиндараҷа дода мешавад”. Ин иқтибос аз як суҳбати Озода Раҳмон аст, ки дар маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” мутолиа кардам. Хулоса мекунам, он чӣ ки дар навори шодбошии ӯ унвонии Падар гуфта шуданд, танҳо ба хотири шодбош гуфтан нест, балки далеле аз ҳамин меҳру садоқат аст, баёнгари ахлоқу одоби ҳамида ва пос доштани арзишҳои хонаводагӣ аст. Ин намунае аз эътирофу эҳтиром ба қадру манзалати инсон, балки арзиши баланд доштани инсон аст.

 

Абдураззоқ Саид

 

 

Раҳмон Озода Эмомалӣ

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.

Солҳои 2005-2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2009-2014 ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раҳмон О.Э. дар ҳимояи манфиатҳо ва мавқеи кишвар дар рафти вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва такони нав бахшидан ба муносибатҳои консулии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

Қобили қайд аст, ки маҳз дар давраи фаъолияти Раҳмон О.Э. дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ бо ибтикор ва роҳбарии ӯ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолаияти консулӣ такмил гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра “Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ”, “Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии маълумот ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шуданд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Раҳмон О.Э шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардида, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Саҳми Раҳмон О.Э. дар амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, ки боиси боз ҳам боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, тавсеа ёфтани муносибатҳои дипломатӣ хеле назаррас мебошад.

Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Комментарии для сайта Cackle