Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ин садои ларзиши пояҳои курсии Жапаров аст


Shared to Facebook

19.09.2022 08:46

: 535

Ваҳшонияти қирғиз дар рӯзҳои охир даҳҳо хонаводаи тоҷикро боз ба мотам нишонд. Артиши аз бӯйи хуни бегуноҳон масти қирғиз, ки ҳамакнун ба ҳайси латтаи дастпоки ҷинояткорони ба сиёсат роҳёфтаи Бишкек истифода мешавад, болои миллати тоҷик тохт. Дуруст, шаттаи обдори дигаре хӯрд, ки даҳсолаҳо аз ёдаш намеравад, аммо...

Айнан ҳамин тавр, дар пайи ҳамлаи аҳдшиканонаи Қирғизистон ба хоки поки Тоҷикистон, ки ҳафтаи сипаригардида бевосита бо дастури роҳбарони олами ҷиноии он кишвар - Садир Жапаров ва Қамчибек Ташиев сурат гирифт, теъдоди зиёде аз ҷавонмардони тоҷик қурбон гардиданд, тифлакони маъсуми шодии рӯзгорнадида, келинҳои муҳаббати шавҳарон начашида, модарони чашмбароҳу падарони доғи фарзандгирифта худ низ қурбони фитнаи қирғиз шуданд. Нафрату лаънати модарону хоҳарони зор бар сари фитнагарону саркардагони ҷанг боз ба фалак дакка хӯрд.

Роҳбарони олами ҷиноии Қирғизистон - Садир Жапаров ва Қамчибек Ташиев ва даҳҳои дигар, ки ҳоло ҳатто мардуми худро қурбони бизнесу манфиатҳои хусусӣ кардаанд, бе он ки аҳду лафзи ҳамсоядорӣ дошта бошанд, бе он ки номусу имону виҷдон дошта бошанд, бо тӯпу танку “Байрактар” бар сари мардуми бегуноҳ борони тиру снаряд рехтанд - танҳо барои он ки дидгоҳи мардуми худро аз инқилоби навбатии шаклгирифта дар Қирғизистон тағйир диҳанд. Албатта, ин муваққатист - дер ё зуд шоҳиди як таркиши бузурги иҷтимоиву сиёсӣ дар Қирғизистон хоҳем шуд, чун касоне, ки барои ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шудаву аз зиндон фирор намуданд ва қудратро дар Қирғизистон аз роҳи зулму зӯр ғасб карданд, бидуни он ки дурнамое, фаросате дар сиёсату идороти давлат дошта бошанд, на танҳо бар сари ҳамсояи худ бо тиру туфанг омаданд, балки ҳамзамон тӯда-тӯда мардуми худро ба куштан медиҳанд. Аслан, ин андешаро надоранд, ки сабри мардуми қирғиз беинтиҳо нест.

Субҳи барвақти 16-уми сентябр, соати 04:30, замоне ки мардуми осоиштаву сулҳпарвари тоҷик дар хоби ноз буданд, артиши хуношоми қирғиз фармони “оташ” гирифт ва аз тамоми анвоъи силоҳ борони тирро бар сари мардуми тоҷик рехт (Чунин бераҳмиву инсонбадбиниро таърихи муосир танҳо дар симои толибону диишиён ёд дорад. Дарвоқеъ, соли гузашта маҳз қирғиз аввалин шуда, худро ба оғуши толибон партофт ва нимқат шудаву дастбӯси роҳбарони террористон гардид).

Ҷониби Тоҷикистон, ки ҳамеша аз рафоқату дӯстӣ ва ҳамсоядориву ҳамзистии осоишта мегӯяд, ҳадди ақал, то соати 06:00, яъне якуним соат сабр кард, то хунхорони қирғиз ба худ оянд ва даст аз қатли инсонҳо бардоранд. Аммо ба кӣ мегӯӣ, вақте душмани аз фарҳанг бегона чизе ҷуз ҳамоқату аҳдшиканӣ надораду дар рафтору кирдор камтар аз толибону диишиён нест?

Чорае ҷуз оташи ҷавобӣ намонд. Ва ин ҳам танҳо замоне буд, ки неруҳои махсуси қирғиз, бархилофи ҳама гуна уҳдадориҳои байналмилаливу ҳамсоягии Қирғизистон, вориди манзилҳои сокинони деҳоти Тоҷикистон шудаву нақшаи “чистка”-ро доштанд.

Гурдони тоҷик вақте даст ба кор шуданд, ки хуршеди заррин аз паси қуллаҳои чун миллати тоҷик сарбаланд нурфишонӣ кард. Мардони майдон, ки пешорӯи худ як тӯдаи хунхорро дида буданд, аввалин коре, ки карданд, нафрату лаънат ба саркардагону фармондиҳандагони ҳамла буд. Чун пешорӯяшон вазифаи муқаддас – ҳимояи марзу бум, ҳифзи инсонҳои бегуноҳ, рондани гуруҳе кӯчманчӣ ва ғоратгар ва тоза кардани хоки поки меҳан аз қадами наҳси онҳо буд, бо сари баланд ба “пешвоз”-и душман баромаданд.

Ва дигар зарбаи ҷаррору миёншикани гурдони тоҷик буду фирори рубоҳмонанди ҷангҷӯёни қирғиз.

Ҳамлаи ҷангҷӯёни қирғиз болои мардуми тоҷик, ки субҳи барвақти 16-уми сентябр шурӯъ гардид, чизе ҷуз терроризм нест. Ба ин ҳамла бояд аз ҳамин дидгоҳ баҳо дод.

Гуфтем, ки ҳамлаи мазкур аҳдшиканона буд. Даҳҳову садҳо мисол метавон овард, ки чӣ гуна ба ном сиёсатмадорон, аммо ҷинояткорони қирғиз на танҳо аҳдшиканӣ карданд, балки болои нону намак ва дастархони миллати тоҷик тӯф карданд. Дуруст, дар ниҳоят шармсору сарафканда шуданд, аммо ин шармсориву сарафкандагии Жапарову Ташиев баҳои як тори мӯйи тифлакони қарбоншудаи тоҷикро намедиҳад, як қатра хуни диловарони тоҷик, ки аз тири қирғиз кушта шуданд, даҳҳову садҳо маротиба болотар аз ҳар обрӯву беобрӯии Жапарову Ташиев аст. Саду дусаду ҳазору сад ҳазор Жапарову Ташиев баробар ба як ваҷаб хоки поки ин замини муқаддас арзиш надоранд.

Ҳамагӣ ду рӯз қабл аз ин шабохун онҳо даст додаву аҳд карда буданд, ки ҳама гуна масоили вобаста ба марзу ҳамсоядориро аз роҳи гуфтугӯ, дипломатия ва бо дарназардошти манофеъи ҳамдигарӣ ҳаллуфасл мекунанд. Танҳо қавлу ваъдаи инсони бошараф чунин метавонад бошад. Аммо ҳанӯз ду рӯзи пурра нагузашт ва кулли ҷомеаи ҷаҳон дид, ки роҳбарони қирғиз, ки ҳамзамон роҳбарони олами ҷиноӣ ҳастанд, аз шараф чизе дар бисот надоранд.

Аслан, ин ҳарфи исботшуда аст – ҳеч далел ё таҳлилу тафсир зарур нест, ки чеҳраҳои хашини Жапарову Ташиев ва ҷангҷӯёни хунхорашон муаррифӣ шавад. Аммо тоҷик, ки ҳамеша ба садоқат ва муҳаббату эҳтироми ҳамдигарӣ боварманд аст, ҳич гумон надошт, ки ин маротиба макру фиреби қирғизӣ хеле зуд рӯ мезанад.

Айнан ҳамин тавр, аҳд ва ё ҳамон созиш ҳамагӣ дӯ рӯз қабл – 14-уми сентябр, баъди иғвои навбатии қирғизҳо сурат гирифта буд. Ёдамон ҳаст, ки дар пайи он иғвогарии қирғизҳо низ ду сарбози сарбаланди тоҷик кушта шуданд.

Ҳоло маълум мешавад, ки созиши қирғиз танҳо фиреби назар ва бо ҳадафи ҷамъоварӣ ва кашонидани неруҳои низомӣ ба наздикиҳои марз будааст. Вақте субҳи 16-уми сентябр ҳамлаи Қирғизистон ба Тоҷикистон оғоз шуд, аллакай низомиёну неруҳои махсуси қирғиз дар хатти сарҳад буданд ва дар ҳамла иштирок доштанд. Дар ҳоле ки як банди тавофуқоти ду рӯз қабл маҳз берун кашидани неруҳо аз хатти марз ва ба ҷойи будубоши доимӣ бурдани онҳо буд.

Ба ин маънӣ, изҳороте, ки аввали ҳафтаи сипаришуда Жапаров ҳангоми ба истифода додани маркази идораи ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрактар” оид ба марз дод, сигнал ба Ташиев барои омода кардани иғво ва ҳамлаи навбатӣ ба Тоҷикистон буд.

Ин ҳама маънои онро дорад, ки намешавад ба қирғиз ва бахусус, ду роҳбари маҳкумшуда ва қудратро ғасбкардаи он кишвар - Жапаров ва Ташиев камтарин эътимодро дошт. Ва натанҳо ин.

Ҳамлаи мусаллаҳонаву аҳдшиканонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳамзамон кӯрнамакӣ ба меҳмондории президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев буд. Агар иғвои рӯзи 14-уми сентябр замоне сурат гирифт, ки Жапаров ба Узбекистон парвоз мекард, шабохуни 16-уми сентябр ва ҳамла тавассути чархболҳои ҳарбиву ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазананда (“Байрактар”) болои манзилҳо, масҷиду мактаб ва аҳолии осоишта айнан замоне сурат гирифт, ки Жапаров дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд, пешорӯи лидерони ҷаҳонӣ – Путину Ҷинпин, Раисиву Раҳмон, Токаеву Мирзиёеву Эрдуғон ва дигарон менишаст. Ҳама медид, ки чӣ гуна Жапаров маккоронаву дӯрӯёна аз сулҳу осоиштагӣ ва мубориза бо бадӣ мегуфту ҳамзамон тавассути планшет ахбори ҳамлаи Қирғизистон ба Тоҷикистонро мехонд ва раванди ҳамла ба Тоҷикистонро контрол мекард. Видеои ин ҳолат тавассути телевизионҳои Узбекистон пахш шуд ва ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад. Маҳз ҳамин дурӯягии Жапаров буд, ки ҳеч касе аз ҳузурдоштагон ӯро пуштибонӣ накард, мавқеъяшро ҷиддӣ нагирифт. Ин ҳилаи Жапаров нагузашт ва дар ниҳоят водор шуд, ки нишасти СҲШ анҷом наёфта, бо сари хам Самарқандро тарк кунад. Зеро ӯ дарк кард, ки дар байни пешвоёне, ки бо ҳамдигар эътимоду эҳтиром доранд ва ба сулҳу созиш арзиши баланд қоиланд, зиёдатист.

Аз видеоҳои тавассути телевизионҳои Узбекистон пахшуда мушоҳида мешавад, ки чӣ гуна ин рафтори Жапаров, қабл аз ҳам, меҳмондор Мирзиёевро нороҳат кардаасту чӣ гуна меҳмононро (ки дар миёнашон пуштибонҳои Жапаров ҳам буданд) дар ҳолати ногувор гузоштааст.

Ба ин маънӣ, нақшаи ҳамлаи мусаллаҳона ба Тоҷикистон, ки бешубҳа, бо дастури Жапаров ва Ташиев сурат гирифтааст, дар баробари он ки миёни артиши қирғизро шикаст, ҳамзамон боиси беобрӯии тарроҳонаш дар арсаи байналмилалӣ шуд.

Ҳоло аз ҳамлаи аҳдшиканонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон рӯзҳои зиёд нагузаштааст, аммо аллакай аксари коршиносони минтақаиву байналмилалӣ ва ҳатто теъдоди бузурге аз мардуми қирғиз маҳз президент Садир Жапаров ва раиси амният Қамчибек Тошиевро ба ин фоҷиа айбдор медонанд. На аз он ҷиҳат, ки ин ду чеҳраи хашин аз роҳи зӯру террор ҳукуматро ғасб кардаанд, балки аз дидгоҳи он ки манфиатҳои хусусиро ба ҷойи аввал гузоштаву истиқлолияти Қирғизистонро зери суол бурдаанд.

Тамоми ҷаҳон медонад, ки ба ғайр аз Аскав Акаев, боқимонда ҳар касе қудратро дар Қирғизистон ба даст овард, аз роҳи инқилоб ва зулму зӯроварӣ буд. Ин мардум, ки таҷрибаи бузурги пар кандани роҳбаронашонро доранд, ҳар лаҳза метавонанд инқилоб ё исёни навбатиро роҳ андохта, Жапарову Ташиевро ба замин зананд. Аллакай заминаҳо барои ин инқилоб омодаанд ва ҳар рӯз садои зиддижапаровию зиддиташиевӣ бештару баландтар мешавад. Бахусус, дар ҳамин рӯзҳо, ки мардуми аз дасти Жапарову Ташиев азиятдидаи Қирғизистон ҳам мотам доранд (на онҳое, ки маддоҳу чоплусони дарбориянд), раванди ба интиҳо наздикшавии қудратдории Жапарову Ташиев бештару пештар ба назар мерасад. Зеро тавре зикр шуд, пас аз ғасби қудрат аз сӯйи Жапаров зиндагии мардуми қирғиз на танҳо ба сӯйи беҳбуд набуд, балки аз қабл бадтар шудаву дар баробари ин, ҳафтае, моҳе, соле нест, ки қирғизҳои зиёд қурбони бозиҳои жапаровӣ-ташиевӣ нашаванд.

Жапарову Ташиев, ки тавре гуфта шуд, аз роҳи инқилоб ва хунрезӣ қудратро ғасб карданд ва баъдан бо роҳбарони собиқи Қирғизистон бадтарин муносибатро доштанду доранд, ин маъниро хуб дарк мекунанд, ки инқилоб дар Қирғизистон - ин яъне чист ва маҳз барои Жапарову Ташиев чӣ пайомадҳое хоҳад дошт. Ба ин хотир, ҳар вақте ларзиши курсиҳоро дарк мекунанд, ҳатман, аз ҷумла, масъалаи сарҳад бо Тоҷикистонро ба миён мегузоранд. Аз ин ки барои ҳифзи қудрат даҳҳо қирғизро ба куштан медиҳанд, ҳич ташвиш надоранд ва баъдтар бо изҳороте ба хонаводаи қурбониён ҳамдардӣ кардаву барои чанд муддати дигар “фора” ба даст меоранд.

Ба назар мерасад, ки ин маротиба “фора” чандон тӯлонӣ нест. Мардуми қирғиз кайҳост, ки аз роҳбарони интихобкардаашон пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон шарм медоранд. ВАО-и қирғиз аз ин шеваи муносибат ва бархӯрди Жапарову Ташиев, ки рӯз ба рӯз боиси ба ботлоқи тарсу ваҳм фурӯ рафтани сокинон шудаву ҳамзамон ба истиқлолияти Қирғизистон таҳдид мекунад, дилсард шудааст. Ин садои ларзиши пояҳои курсии Жапаров аст.

 

Аҳлиддин Мирзозода

таҳлилгар

Комментарии для сайта Cackle