Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ректори ДДОТ: На ҳама ҳолат ба норасоии омӯзгор марбут аст


Shared to Facebook

24.08.2022 08:17

: 204

Имрӯз дар ҷумҳурӣ як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғул мебошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар самти тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар миёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҷойгоҳи хос ва муҳим дорад.

Мутахассиси ҷавоне, ки ҳамчун омӯзгор метавонад дар оянда фаъолият намояд, бояд соҳиби ихтисоси омӯзгорӣ ва таҳсилкардаи донишгоҳи омӯзгорӣ ва ё дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бошад. Дар моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми мутахассиси ҷавон чунин шарҳ дода шудааст: “Мутахассиси ҷавон - шахсе, ки ба ташкилот баъд аз хатми шуъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо роҳхати муассисаи мазкур ба кор қабул шудааст”.

Аз моддаи мазкур чунин бармеояд, ки мутахассиси ҷавон шахсе ҳисобида мешавад, ки агар шуъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии таҳсилоти касбиро тариқи буҷавӣ хатм намуда бошад ва дар асоси роҳхати муассисаи хатмкарда ба кор фиристода шудааст. Тибқи роҳхат, бояд мутахассис давоми се сол ба ҳайси омӯзгор фаъолият намояд ва ин марҳила бояд аз ҷониби муассисаи роҳхатдодашуда назорат карда шавад, то мутахассис эҳсос кунад, ки ҳамчун мутахассиси хуб ба қайд гирифта мешавад, ё ин ки самти роҳи ояндаашро муайян намуд. Ба ин васила мо метавонем бо мутахассис робитаи ногусастании хуб дошта бошем ва ин робита мушкилоту эҳтиёҷ ба омӯзгоронро аз байн мебарад ва мутахассиси хуб медонад, ки ҳамеша бо ӯ иртибот ҳаст ва дар ҳолати зарурӣ ба кор таъмин карда мешавад.

Мебояд ёдовар шуд, ки шумораи аҳолӣ рӯ ба афзоиш дорад ва дар ин замина ҳамасола мактабҳои наву замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад. Дар ҳоли ҳозир шумораи умумии мактабҳои миёна ба 4000 ҳазор мерасад.

Яке аз мушкилоти муҳим имрӯз ин аст, ки мактабҳои мо ниёз ба омӯзгор доранд ва ин ниёзмандӣ ба якчанд омилҳои муҳим, аз ҷумла баромадани омӯзгор ба рухсатии ҳомиладорӣ ва парастории кӯдак, ба нафақа баромадани омӯзгороне, ки синну солашон ба ҳадди нафақа расидаанд ва инчунин аз ҳаёт гузаштан вобаста аст.

Дигар ин ки аз 4000 ҳазор мактаб дар як сол якнафарӣ ба рухсатии ҳомиладорӣ ва парастории кӯдак барояд, бубинед, ки чӣ қадар ниёз ба омӯзгор пеш меояд. Ин тахмини мо вобаста ба он аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувон дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Новобаста аз ин омилҳо, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рисолати хешро дар таъмини омӯзгорон иҷро намуда истодааст.

Масъалаи дигар ин аст, ки вақте мутахассисони мо бо донишу хубу баҳои аъло донишгоҳро хатм мекунанд, мо талош намеварзем, ки ин гуна мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоӣ барои идомаи фаъолият ё ба сифати ассистенти кафедра дар донишгоҳ ё ба сифати омӯзгор дар макотиби миёна ба кор таъмин карда шаванд.

Пеш аз ҳама, барои дастболо шудан ба ҳадафҳои гузошташуда бояд ба мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи бештар намуда, шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овард, чунки дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи фармоиши давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор уҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд. Бо ин дарназардошт, ин мутахассисон то 3 сол ҳамчун мутахассисони ҷавон ба ҳисоб мераванд ва дар ин раванд бояд робита бо ин мутахассисон қавӣ бошад.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ талош дорад, ки хатмкунандагони гуруҳҳои шартнома ва фосилавиро бо дарназардошти донишу малакаи хуби касбӣ ба роҳхат таъмин намояд. Илова бар ин, дар доираи имконоти мавҷуда кушиш намуда истодаем, ки донишу заковати хатмкунандагони зинаҳои магистратураро низ ба инобат гирифта, ҷиҳати таъмин намудан бо роҳхат корбарӣ карда шавад.

Дар асоси қонуни кишвар мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро дар хориҷи кишвар тибқи шартномаи тарафайн хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол фаъолият намоянд ва илова бар ин, мақомоти дахлдори давлатӣ барои ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон вазифадор мебошанд.

Мебояд ин нуктаро низ тавзеҳ бахшем, ки агар дар асоси қонуни мазкур фаъолиятро ба роҳ монем, вақте мутахассис дар хориҷа аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил намуда бармегардад, ӯ ба қайд гирифта шуда, ба ҷойи кор таъмин карда шавад, дар ин маврид мутахассис эҳсос мекунад, ки ба дониши андӯхтаи ӯ ниёз ҳаст ва ӯ мекӯшад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти бар дӯшаш гузошташуда заҳматҳои дучанд кашад.

Чунонки доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов дар мақолаи таҳти унвони “Давлат ва тарбия” аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавад: “Суоли ниҳоят одӣ, аммо пурмаънои Роҳбари давлат, ҳамчунон посухи мантиқии ӯ: “Мамлакатро кӣ обод мекунад? Мутахассис, соҳибкасб, шахси донишманд”. Моро зарур аст, ки ба суханони мондагору ояндасози Пешвои миллат такя намуда, робитаи қавиро бо мутахассисони ҷавони донишманд барқарор созем.

Ҳамзамон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов дар мақолаи мазкур ишора менамояд, ки: “Маънии марказонидашудаи давлат-таъмини амнияти ҷомеа, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст. Ин мафҳумҳо бо мактаб, маориф, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти ҷомеа робитаи мустақим дорад. Одамон ҳама вақт дар он сохти ҷамъиятие зиндагӣ мекунанд ва умр ба сар мебаранд, ки дар натиҷаи тарбия ва таълим ба он расидаанд”.

Вақте ки мафҳумҳои мактаб, маориф ва ҷаҳонбиниро аз дидгоҳҳои мантиқӣ тафсир намоем, ин аз робитаи ногусастании байниҳамдигарӣ доштани онҳо дарак дода, омили асосии мустаҳкам намудани робитаҳо мебошад.

Дар натиҷа мутахассисони ҷавон аз дигар гуруҳҳои меҳнатӣ бо ғамхории давлат оид ба сари вақт ба кор фаро гирифта шудани онҳо, дастгириҳои руҳӣ ва маънавӣ, фароҳам овардани шароит барои муътадил ворид шудани онҳо ба фазои меҳнатию ҳуқуқӣ, коллективҳо ва ҷамъиятҳои меҳнатӣ ва дигар имтиёзҳои моддӣ фарқ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дастпарварони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни маорифи кишвар ва берун аз он муваффақона кору пайкор мекунанд. Маҳз бо ташаббусу фаъолияти онҳо дар заминаи тарбияи хуб додан ба хонандагон кори таълим пурзӯр гашта, дар кори маориф пешравиҳо ба назар мерасад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар вохӯрӣ бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд, изҳор доштанд, ки “дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни мамлакат фаъолияти босамар дошта бошанд”.

Вобаста ба ин моро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош варзем, то мушкилиҳо вобаста ба таъмини сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон, норасоии кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ бартараф гарданд ва дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намоем, ки имтиёзҳои барои омӯзгорон-мутахассисони ҷавон муайяншуда амалӣ карда шаванд.

 

Аҳлиддин Ибодуллозода

ректори Донишгоҳи давлатии 

омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Комментарии для сайта Cackle