Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

ВМКБ: Оғози марҳилаи нави рушд


Shared to Facebook

22.08.2022 08:39

: 1207

17-18 август дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест 2022” баргузор шуд. Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил гардид.


Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумиро тамшо кардаанд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшон, дар Форум беш аз 150 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ, сармоягузорон аз Русия, Чин, Туркия, Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намудаанд.

Дар маросими расмии Форум Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир суханронӣ карданд.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот оид ба имконоти сармоягузорӣ дар вилоят, самтҳо ва воситаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва дарёфти механизми пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ навори видеоии имконоти сармоягузории вилоят ба намоиш гузошта шуд.

Сипас, чорабинӣ дар се панели алоҳида дар мавзӯъҳои “Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ”, “Рушди соҳаҳои саноат ва энергетика дар ВМКБ бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026, солҳои рушди саноат” ва “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа” идома ёфт.

Дар рафти форуми мазкур ва доираи мулоқоти В2В (соҳибкорон бо соҳибкорон) имконоти ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.


Бино ба маълумоти мақомоти ВМКБ, аз натиҷаи Форум ва ҳамоишҳои марбут ба он, ҳамчунин, мулоқоту вохӯриҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон, дар маҷмӯъ, беш аз 30 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои сохтмон, истихроҷ, кишоварзӣ, саноати коркард, ташкили IT-паркҳо ва дигар санадҳои ояндадор ба маблағи 1 млрд сомонӣ ба имзо расиданд.

Хабарнигори мо, ки дар панели “Имконоти рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа” иштирок дошт, мегӯяд, зарфиятҳои сайёҳии вилоят ва дар умум, ҷумҳурӣ дар ин ҳамоиш муаррифӣ шуда, самтҳо ва воситаҳои афзалиятноки ҷалби сармоя ба ин соҳа баррасӣ гардид.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти ВМКБ, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва созмону ташкилотҳои миллию байналмилалӣ иштирок кардаанд.

Гуфта шудааст, вилояти Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои куҳӣ, кӯлҳо, куҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрати калон дорад. Ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, қаторкуҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир мусоидат менамоянд.

Ба иттилоъи масъулин, бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ таъмини рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии вилоят бо тартиби муқарраргардида то имрӯз ба 49 субъекти хоҷагидори вилоят иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуда, фаъолиятро дар ин самт пеш бурда истодаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби сармоя аз Бонки Ҷаҳонӣ Қалъаи “Ямчун” дар вилоят бозсозӣ шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешавад.

Дар самти татбиқи сиёсати давлатии сайёҳӣ дар қаламрави вилоят ҳамасола як қатор чорабиниҳо, аз қабили Фестивали сайёҳию фарҳангии “Боми ҷаҳон”, мусобиқаи қаиқронии “Regatta in Roof of the World”, форуми тиҷоратии “Помиринвест” баргузор карда мешаванд, ки дар он имконоти сайёҳӣ бо мақсади ҷалби сармоя ва дустдорони сайру саёҳат муаррифӣ карда мешаванд.

ВМКБ барои сайёҳон ҳамчун як минтақаи саёҳати экологӣ муаррифӣ карда шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2017 тибқи назарсанҷиҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бори cеюм куҳҳои Помири Тоҷикистон ба рўйхати “100 беҳтарин манзараҳои сайёҳӣ” дохил карда шуд.

Соли 2013 Парки Миллии Тоҷикистон ба руйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки муаррифгари Тоҷикистон ба ҷаҳониён оид ба рушди сайёҳии экологӣ ва дарҳои кушод ба сайёҳии берунӣ мебошад.

Аксар коршиносон ва ширкаткунандагони ҳамоишҳои соҳибкориву сармоягузории ду рӯзи охир дар шаҳри Хоруғ мегӯянд, чунин форум саривақтӣ буда, барои рушди бахшҳои гуногуни вилоят нақши муҳим мебозад. Ба гуфтаи Қурбон Назаров, мутахассис дар соҳаи бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, чанд масоиле ҳастанд, ки дар ин самт бояд ҷиддан бархӯрд карда шавад. Аз ҷумла, пеш аз ҳама, вазъи бозори меҳнат дар ҳудуди вилоят ба таври ҷиддӣ ва воқеӣ омӯхта шуда, барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар сатҳи ноҳияҳо шаҳр ва вилоят аз тарафи комиссияҳое, ки таъсис дода мешавад, ҳаматарафа омухта шаванд ва вобаста ба шароити имрӯзаи иҷтимоӣ иқтисодӣ таҳия карда шавад:

“Базаи моддӣ-техникии марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касбӣ- техникии ҳудуди вилоят вобаста ба талаботи бозори меҳнат мустаҳкам карда шаванд. Ҳамкориҳо бо донорҳо оиди таъмини марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касби техникӣ барои дастрасии таҷҳизотҳои ҳозиразамон ба роҳ монда шавад. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ оид ба пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок ба шахсони бекор бо омӯзонидани асосҳои соҳибкорӣ ва бизнес пурзӯр карда шавад”, - шарҳ додааст ӯ.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, вобаста ба иқлим ва шароити вилоят (дурии роҳ, нархи гарон ва ғайра) андозаи маблағҳои қарзҳои имтиёзнок барои шахсоне, ки дар марказҳои шуғли аҳолӣ мақоми бекорӣ гирифтаанд, зиёд карда ва муҳлати баргардонидани онҳо дарозтар карда шавад.

Ба ин маънӣ, Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест-2022” ва дигар ҳамоишҳои марбут ба он, ки дар бахшҳои гуногун оид ба рушди ВМКБ баргузор шуданд, замина ва фурсати хубе барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди воқеии вилоят арзёбӣ мегардад.

 

Муним Оламов

Душанбе-Хоруғ-Душанбе

Комментарии для сайта Cackle