Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Пешвои миллат ва ташаккули давлатдории миллӣ


Shared to Facebook

05.08.2022 18:30

: 223

Чархи таърих дар аснои гардиши абадии худ ба халқҳо ва давлатҳои ҷаҳон гоҳе пирӯзиҳо ва гоҳе нокомиҳо ба бор меорад. Бар асари чунин таҳаввулот, давлати муқтадири Сомониён пас аз 180 соли пойдориву шукӯҳмандӣ соли 999 аз саҳнаи ҷаҳон нопадид гашт ва пора – пора гардида, сарнавишташ ба дасти аҷнабиён афтод. Тоҷикон аз аввалин давлатдории миллии худ, ки дар дунёи он замон ҷойгоҳи муносибро дарёфта буд, маҳрум гаштанд.

Баъди гузашти садсолаҳо, чархи гардун аз нав бар муроди тоҷикон гашт. 9 сентябри соли 1991 хуршеди замоне фурӯрафтаи давлату истиқлоли тоҷикон аз нав тулуъ намуд ва бо чеҳраи нурбораш кӯҳу дамани моро равшан кард. Аммо, истиқлоли пас аз ҳазор сол ба мардуми тоҷик армуғоновардаи таърих ба гирдоб афтод. Бори дигар масъалаи ҳастӣ ва ё нестии миллати тоҷик дар баробари таърих қарор гирифт ва тақдири истиқлоли навини он дар сари мӯе муаллақ монд.

Мамлакати орому осударо туғёни тундравию ифротгароиҳо фаро гирифт ва мавҷи он торафт шиддатноктар ва харобиовартар мегашт. Дар ин давраи ҳассос доираҳои табоҳкор ва бадандешу тирадил талош мекарданд, ки бо роҳи барангехтани низоъ, найрангҳои сиёсӣ ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ Тоҷикистонро ба хоку хун кашанд. Пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба майдони тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои беохир ва зӯроварию хунрезӣ табдил ёфт. Амалу рафтор ва кирдори майдондорон аз он шаҳодат медод, ки онҳо бар асоси нақшаҳои дар хориҷ аз кишвар тарҳрезигардида амал намуда, нақшаҳои шумашонро бо роҳи зӯрӣ ба сари халқи бофарҳанги тоҷик бор кардан мехостанд. Вазъи сиёсиву амниятӣ дар пойтахт торафт хатарноктар ва печидаву буҳронӣ мегашт. Кӯчаҳо аз мардум холӣ гардида, шомгоҳон пойтахт ба шаҳри мурда табдил ёфта, мардум аз ваҳму ҳарос аз манзилҳояшон берун намеомаданд.

Муқовимати сиёсӣ авҷ гирифта, хатари ҳамчун давлати мустақил аз харитаи сиёсии олам нест гардидани Тоҷикистон, ба қисмҳо тақсим шудани он ва пароканда гаштани миллати тоҷик рӯз ба рӯз бештар таҳдид мекард. Мардум бовари худро ба ҳаёти имрӯзу фардояшон аз даст дода, бар асоси сиёсати тарҳрезишудаи душманон хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои дуру наздик фирор менамуданд. Парокандагиву бенавоӣ ба авҷи аъло мерасид. Заминҳои серҳосил бесоҳиб монданд, шаҳрҳову ноҳияҳо, деҳаҳову хонаҳо аз одам холӣ гаштанд.

Як мамлакати ободу хуррам, як миллати мутамаддин ва ба ҳам дӯсту тифоқро ба вартаи фалокату нобудӣ кашиданд, сарзамини серу пур ва пурфайзу баракатро хору муҳтоҷу бенаво гардонданд. Қадри нон аз қадри тилло баландтар гашт. Дар пойтахт ва дар бисёр минтақаҳои кишвар нон қурси моҳро мемонд, ки ба даст овардани он амри маҳол буд.

Имрӯз, ки мо дар шароити осудаву ором дар сари дастархони пур аз нозу неъмат менишинем, набояд он рӯзҳои вазнину даҳшатборро аз ёд бубарем. Фаромӯш кардани онҳо худро фаромӯш кардан аст, таърихро фаромӯш кардан аст, гузаштаи худро аз ёд бурдан аст.

Дар дилу дар хотир нигоҳ доштани онҳо моро водор месозад, ки ба қадри зиндагии имрӯзаамон бирасем, ба давлату Ватани хеш арҷ бигузорем ва дастовардҳои истиқлолро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро дар охири қарни бист Тоҷикистон дар ҳолате қарор дошт, ки душманони дохиливу хориҷӣ бо шеваи гургона ба пайкари он дандон тез мекарданд ва ҳалокаташро мехостанд. Дар чунин як вазъияти даҳшатбору тақдирсоз Тоҷикистон ба шахсияте ниёз дошт, ки чун Исмоили Сомонӣ бо андешаву хиради баланд, бо матонату ақли солим ба арсаи сиёсат баромада, давлати фалаҷшударо аз нав эҳё намояд, халқу мамлакатро аз ҳалокат наҷот диҳад, ваҳдату якпорчагиро таъмин намояд, ба волоияти қонун кафолат диҳад, мардуми парешону роҳгумкардаро яктану муттаҳид созад. Баҳри ба ин ҳадаф расидан ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро муътадил сохтан моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон доир гардид. Ин анҷумани тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонмарди шуҷоъ ва муборизро Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб намуд, ки бо масъулияти баланди сиёсӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ояндабинӣ вазифаашро сарбаландона ба ҷо овард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон дар назди халқу Ватан савганди вафодорӣ ёд карда, бо итминони комил изҳор доштанд, ки ба мардуми диёр сулҳ меоваранд, ба ҷанги бародаркушӣ хотима мебахшанд, барои ба Ватан баргардондани охирин фирорӣ талош мекунанд. Бори аввал дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба хотири мусолиҳаи миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ қадамҳои нахустин гузоштанд.

Ҳукумати қонунӣ таҳти сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон ва неруҳои пешқадами ҷомеа ба хотири наҷоти халқу Ватан, якпорчагии кишвар, пойдории сулҳу ваҳдат ба оини қадимиву безаволи ниёгонамон мадоро ва таҳаммулгароӣ рӯ оварданд, ки асрҳо боз дар фарҳангу тафаккури халқамон реша давонда буд. Ҳукумат ҳадафи хешро бар асоси гузашт кардан, бахшидани гуноҳҳо, дур андохтани кинаҳо, ба ҳам созиш кардан, ба сулҳу оштӣ расидан муайян кард ва ҷомеаро ба сӯйи он ҳидоят намуд.

Ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид ва аз файзу баракати он насими анбарафшони баҳорӣ ба рӯйи Тоҷикистон вазид. Пайки сулҳи тоҷикон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи олам танин андохт, мавриди истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт ва боиси фахру сарафрозии миллати тоҷик гардид.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Агар яке барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро армуғон овард. Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон дар обу хоки ин сарзамини ҷафокашида сабзидаву қомат барафрохтааст. Сулҳи бадастовардаи мо дар таҷрибаи давлатдории кишварҳои Шарқу Ғарб бо ҷанбаҳои хосаш ҳамто надорад. Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли сию як соли Истиқлоли давлатӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон ва, аз ҳама муҳим, эҳёи давлатдории миллӣ аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Истиқлол шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному манзалат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Мо бояд аз он шукр гузорем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардидааст.

Акнун танҳо тавассути якдилию муттаҳидӣ ва меҳнати пурмаҳсул мо метавонем истиқлоли худро ҳифз намоему Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азиз масъулияти бузург дорад ва ҳар як ватандорро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намояд. Ҳамзамон, барои устувор намудани пояҳои истиқлоли миллӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.

Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини истиқлол бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеъ ва ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд. Ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо шуруъ гардид. Дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фосилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ корҳои назаррасе ба анҷом расиданд.

Муҳимтар аз ҳама, мо тавонистем арзишҳои миллию фарҳангии хешро, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доштанд, аз нав эҳё намоем. Бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат тавонистем, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён чун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ созем. Чандин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлати мо дар соҳаи обу амнияти минтақа ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуданд.

Иқдому амалҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат дар мавриди музокироти сулҳ, барқарор намудани низоми конститутсионӣ, баргардондани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, бунёди артишу дигар сохторҳои қудративу интизомӣ, оғоз намудани ислоҳоти конститутсионӣ, барқарор сохтани сохторҳои ҳамаи шаҳру навоҳию вилоят, халъи силоҳ намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, бо озуқа ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин кардани мардум эътимоду боварро ба амнияти ҷомеа ва фардои орому осуда қавӣ гардонд.

Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди таърих ва миллати шарифи тоҷик дар он аст, ки ин шахсияти фавқулода ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ҳифз намуданд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти ин фарзанди фарзонаи миллат дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби моҷароҳо кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Эмомалӣ Раҳмон бидуни дудилагӣ, бо мардонагӣ ва бо шуҷоати фавқулода бар дӯши худ масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркуш, бунёди появу асосҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифтанд, ки имрӯз аз ҳосили ин талошҳои хастагинопазир саодати зиндагии мо таъмин аст.

 

Абдураҳмон Аламшозода

муовини якуми вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия

 

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Комментарии для сайта Cackle