Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Нақши таъинкунандаи занон дар дастёбӣ ба рифоҳи иҷтимоӣ


Shared to Facebook

19.07.2022 10:13

: 285

Сарфи назар аз кӯшишҳову пайгириҳои зиёде, ки дар мавриди пешниҳоди мавзуи таъмини баробарии занон дар саросари олам амалӣ карда мешаванд, дар ин соҳа ҳанӯз корҳои зиёде ҳастанд, ки бояд анҷом дода шаванд.

Ҳарчанд ҳавасмандгардонии баробарсозии гендерӣ дар бизнес, сиёсат ва масоили иқтисодӣ дар сармақолаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо зиёд ба чашм мехӯрад, яке аз самтҳои фаъолияте, ки ба нудрат баррасӣ мегардад, ин баробарӣ дар ҳавзаи корбайни гуфтугӯи мазҳабӣ ва дар робита ба ин, нақши занон дар ҳаллу фасл намудани мушкилоти сулҳпардозӣ мебошад.

Таърихан, дину мазҳаб бештар бо фаъолияти мардон вобастагӣ дорад. Ин ҷойи тааҷҷуб нест, ҳатто бо дарназардошти он ки занҳо солҳои зиёд барои баробарӣ дар тамоми бахшҳои ҳаётӣ, аз умури хона гирифта, то ҷойи фаъолияти корӣ, махсусан дар сатҳи вазифаҳои роҳбарикунанда буданд.

Бо вуҷуди ин ҳама, дин дар ҳаёти бонувону хонумҳо нақши муҳим дорад. Танҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 86% дарсади занон ба дину мазҳаб вобастагӣ доранд ва 63% дарсади онҳо чунин меҳисобанд, ки барои онон дин аз муҳимтарин аносири ҳаётӣ мебошад.

Занон ба сифати неруи сулҳофар ва ҷонибдорони зиндагии бидуни таҷовузу ранҷу озор метавонанд нақши боризе дошта бошанд ва дар такаллум ва доду ситоди миёни фарҳангҳо ва тамаддунҳои мухталиф ва ҳамчунин, дар баррасиву ҳаллу фасли масоили байнимазҳабӣ саҳми назаррас гузоранд.

Пажуҳишҳои Донишгоҳи Байналмилалии Сулҳ дар мавриди таҷрибаи 182 созишномаи сулҳи баимзорасида аз давраи 1989 то соли 2021 нишон додааст, ки ҳангоме хонумҳо дар ҷараёни музокироти сулҳ ширкат меварзанд, имконияти он ки аҳди сулҳу оромии дар ин миён бадастомада ба муҳлати 15 сол ва бештар аз он идома мепазирад, миқдори 35 дарсад афзоиш меёбад.

Далелҳои мавҷуда собит месозанд, ки занони музокиракунанда дар ҳеҷ маврид ба ғаниматҳои бадастомада ва ба бурдубохти молӣ тамаркуз намекунанд, балки онҳо бештар аз ҳама дар мавриди мусолиҳаву рушду инкишофи иқтисодӣ, маориф ва адолати ҳуқуқии замони гузариш ва тамоми аркони аслии зиндагонии боэътимод андешаронӣ менамоянд.

Бо вуҷуди ин ҳама оморҳои мусбии бадастомада, мутаассифона, дар бисёр маворид дар музокироти сулҳхоҳӣ исми занонро аз рӯйхатҳо ҳазв менамоянд. Дар давраи аз соли 1992 то соли 2021 занон ба таври умумӣ фақат 13 дарсади музокирачиёни раванди сулҳ, 6 дарсади миёнаравон ва 6 дарсади имзокунандагони созишномаҳои сулҳро дар миқёси олам ташкил намудаанд.

Роҷеъ ба ин масъала бояд зикр намуд, ки Қазоқистон дар соли 2021 аввалин Нақшаи амали миллии худро оид ба рӯзномаи Шӯрои Амнияти СММ 1325 “Зан, сулҳ ва амният” қабул кард.

Барои ҳамин, хеле муҳим аст, ки ҷомеъаи байналмилалӣ дар умури барқарор намудани равобити байни ҷамъиятҳо ва кишварҳо бо ширкати фаъоли занон мусоидат намояд, махсусан дар кишварҳое, ки дорои дину мазҳабу боварҳо ва мушаххасоти этникии мухталиф ҳастанд.

14-15 сентябри соли равон дар Қазоқистон Анҷумани V11-и пешвоёни адёни суннатӣ ва ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Ҳарчанд ин анҷуман дар дараҷаи аввал ба хотири нақши пешвоёни динӣ дар рушди маънавӣ-иҷтимоии инсоният тамаркуз дорад, дар замони пасонҳамагирии ковидӣ, яке аз сексияҳои ин конгресс ба нақши занон дар самти рушди муваффақи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Ҳадафи барномавии ин маъракаи сиёсӣ дар он аст, ки роҳҳое пайдо бигарданд, то пешвоёни диниву мазҳабии олам дар мавриди нақши таърихии занон имкон дошта бошанд, ки ақоиду назариёти хешро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Интизор меравад, ки дар ин замоиш як зумра пешвоёни мӯътабари динӣ, аз қабили Папа Франсиск, Имом ал-Азҳар, Аҳмад ал Тайиб, Патриархи Калисои Русия – Кирилл, Равини аъзами Исроил Давид Лаув, раввин Исҳоқ Йосеф ва дигар пешвоёни дину мазоҳиби сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзанд. Теъдоди ҳарчи бештари ширкати пешвоён дар ин анҷуман метавонад имконияти муҳимеро барои ҳамдиливу созандагии атмосфераи байналмиллалии сулҳ муҳайё созад.

Дар давоми чанд соли охир Қазоқистон дар масъалаи баробарии гендерӣ дар ҷомеа бо натиҷаҳои давомдор талошҳои зиёд намудааст. Дар кишвар занон 48,1 дарсади неруи корӣ ва 48,9 % кормандони фаъолро ташкил менамоянд. Занон дар бизнес ширкат ва ҳузури густурда доранд. Теъдоди ширкатҳое, ки зери сарпарастии хонумҳо мебошанд, дар як соли охир ба миқдори 9,1 дарсад рушд намуда, дар охири соли 2021 ба ҳудуди 625 100 адад расидааст. Шумораи занони соҳибкори зери 29-сола ҳам ба қадри 37,2 дарсад рушд карда, теъдоди 88 700 нафарро ташкил намудааст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи занон наздик ба 40 дарсади маҳсулоти истеҳсолшудаи кишварро ташкил менамояд, ки ин рушду пешравии бадастомада муҳим будани нақши занон дар иқтисодиётро нишон медиҳад.

Албатта, барои боз ҳам бештар намудани ин нишондодҳо ҳанӯз заминаҳои фаъолият мавҷуд мебошанд. Масалан, аз нуқтаи назари фосилаи гендерӣ дар самти даромадҳо дар бахшҳои мушобеҳ, мардон 21,7% зиёдтар аз занон даромад ба даст меоранд. Бо ин вуҷуд, Қазоқистон дастгириву ҳавасмандсозии занонро авлавият медонад.

Дар соли сипаригардида Президент Токаев фармонеро бо унвони “Дар бораи тадбирҳои минбаъдаи Қазоқистон дар самти ҳуқуқи инсон” имзо намуд, ки он мубориза алайҳи озору азияти занонро низ фарогир мебошад.

Дар анҷумани қарибулвуқӯъ баррасии нақши занон аз авлавиятҳои давлати Қазоқистон маҳсуб мегардад.

Қазоқистон ҳамчунин барои бештар аз 100 гуруҳҳои этникӣ ва намояндагони 18 гуруҳҳои диниву мазҳабӣ хонаи армон ба ҳисоб меравад. Ҳамин гуна рушди бемайлони кишвар моро вонамуд сохтааст, Анҷумани пешвоёни адёни суннатӣ ва ҷаҳониро даъват намоем, ки он аз соли 2003 то имрӯз ҳамвора доир карда мешавад.

То он ҷое, ки нақши занон дар ҷомеъа дар ҳоли густариш аст ва баробарии гендерӣ ҳам аҳдофи мушаххаси нисбатан муҳимеро касб намудааст, бояд замина фароҳам намуд, ки занон дар масъалаҳои сулҳоварӣ, дар ҷодаи корбайни адён ва миёнаравӣ нақшҳои калидиро иҷро намоянд. Барои ҳаллу фасли мушкилоти зиёди ҷаҳонӣ, аз ҷумла буҳронҳои геополитикӣ ва даргириҳои мудовом зарур аст, ки малакаву донишу таҷрибаи занон ҳам мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Ҳарчанд дар доираи фақат як рӯйдод ва ё як дидор наметавон ҳамаи ин масоилро ҳаллу фасл намуд, аммо умед бар он аст, ки Анҷумани V11 пешвоёни дину мазҳабҳои суннатӣ ва ҷаҳонӣ барои дастрасӣ ба рушд, барои барҳам додани нобаробарии ҷинсӣ дар ҳаллу фасли масоили диниву мазҳабӣ, барои тавлиди идеяҳои тоза дар самти баланд бардоштани нақши занҳо дар ҷомеъа заминаҳои муносибе фароҳам оварда тавонад.

 

Рамазонова Лаззат Каримқуловна

Ноиби раиси Комиссияи миллии занон, хонавода

ва сиёсати демографӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Комментарии для сайта Cackle