Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Игор Лякин-Фролов: Ба ин садоқат бояд арзиши баланд қоил шуд


Shared to Facebook

25.06.2022 09:46

: 430

“Мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон хислати аҷибе доранд, ки ин хислати наҷибу сутуданӣ дар тиннати одамони дигари замони мо камтар дида мешавад. Ба ин бояд арзиш қоил шуд! Мардуми ин сарзамин ба шахсиятҳои хизматнишондодаи таърихӣ ва ба қаҳрамонони имрӯзаву гузаштаи халқу миллат ва созандагони кишвару давлат муносибати вижаи поси хотир ва эҳтироми фавқулодда самимӣ зоҳир менамоянд. Ин вижагиҳо дар фаъолияти роҳбарияти имрӯзаи шаҳри Кӯлоб ҳам баръало мушоҳида карда мешавад”.


Ин матн порае аз суханронии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар маросими рӯнамоӣ аз нимпайкараи Қаҳрамони Ҷанги гражданӣ, чеҳраи намоёни низомиву сиёсии аҳди Шӯравӣ – яке аз барқароркунандагони Давлати абарқудрати СССР дар қаламрави Тоҷикистон Николай Дмитриевич Томин ва нимпайкараи ветерани ҷангу меҳнат – Шариф Назар мебошад, ки ахиран дар боғи Ғалабаи шаҳри Кӯлоб ва саҳни мактаби тозабунёди №46 баргузор гардид.

Дар маросими пардабардорӣ аз нимапайкараи Томин Н.Д. ва Шариф Назар раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони башардӯсти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Бахтиёр Раҳмонов, Раиси ветеранҳои ҷанг ва меҳнати шаҳри Кӯлоб Давлат Амиров, намояндагони “Россотрудничество”, фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, собиқадорон ва созмонҳои ҷамъиятӣ, хонандагони мактабҳо, сокинони шаҳри Кӯлоб ва намояндагони соири мақомоту созмонҳои маҳаллӣ ширкат намуданд.

Ба сифати меҳмонони ифтихорӣ Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва атташеи низомии Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон Мухабетжанов Бауржан Салимович даъват шуда буданд.

Ончуноне ки Cафири Русия дар суханронии худ зикр намуд, ҳурмату эҳтиром ва поси хортири махсуси Раиси шаҳри Кӯлоб ба қаҳрамонони Ҷанги граждании қарни гузашта ва ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасодуфӣ набудааст. Зеро худи ӯ ҳам фарзанди Шариф Назари маъруф - ҳамин гуна як қаҳрамони ҷанг аст ва дар хонаводае ба воя расидааст, ки дар он поси хотири қаҳрамонони халқу миллатро муқаддас мешуморанд. Баъди ба масъулияти баланди роҳбарӣ таъин шудани ин шахси мӯътабар дар шаҳри Кӯлоб муносибати шаҳрвандон ба гиромидошти ёди қаҳрамонону абарфарзандони шоистаи миллат боз ҳам хубтару самимитар гардид. Шаҳрвандони ин зебошаҳр сари ҳар чанд вақт шанбегиву ҳашарҳои дастҷамъӣ ташкил намуда, ҳам дар сабзу хуррам намудани кӯчаву гулгаштҳо ва ҳам дар барқарорсозиву нигоҳубини оромгоҳу лавҳи мазору муҷассамаҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнат саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамчунин, дар заминаи зиндагиномаву корномаҳои ин қаҳрамонон барои тарбияи патриотиву бедор намудани ҳисси Ватандӯстии насли ҷавон сабақомӯзиву панднамоӣ мекунанд.

Аз ҷумлаи аъмоли хайрхоҳонаи ин шаҳриёни муҳтарам дар ҳамин авохир он будааст, ки бо ибтикори шаҳрдорӣ мардум нигоҳубини қабристони дур аз назар афтодаи шаҳрвандони ғайримусалмонон, яъне масеҳиёни шаҳрро ба барномаи кории ниҳодҳои ҷамъиятиву шаҳрвандӣ ворид намуда, гӯристони мазкурро дар ҳашару шанбегиҳои мусалсал тозаву озодаву расидагӣ кардаанд ва муҷассамаву нимпайкараву сангҳои мазори ин мавзеъро баъди таъмиру рангу бори муҷаддад мавриди ҳифозати доимӣ қарор додаанд. Дар ин гӯристон фарзандони миллати кабири Рус ва намояндагони соири халқҳои собиқ СССР - инсонҳое ором гирифтаанд, ки созандагони давлати Шӯравӣ буданд ва ҳаёту мамоти худро барои зиндагонии орому осоиштаи имрӯзаи мо вақф намудаанд.

Сафири Русия дар ҳоле ки аз зиндагиномаи Николай Томин қисса мекард, гуфт, зиндагӣ ва роҳи ҷангии ӯ ҳамчун қаҳрамон аз корнамоиҳо ва шуҷоати бемисл иборат будаву вай дар Бухорои Шарқӣ ҳамроҳи отряди худ на танҳо босмачиёнро далерона мағлуб намуд, балки халқи тоҷикро аз зулму асорат муҳофизат ва ба сокинони маҳаллӣ дар сохтмони мактабҳо, каналҳо барои обёрии замин ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ кумак кард.

Ҳамчунин, Сафир ба Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро дар бораи хизматҳои ҷангии ин фармондеҳи бузург, ки Архиви таърихии давлатии ҳарбии Русия пешниҳод кардааст, супурд. Фролов ба роҳбарияти Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва тамоми сокинони Тоҷикистон барои пос доштани хотира ва эҳтиёткорона нигоҳ доштани анъанаҳои эҳтиром ба рӯйдодҳои таърихӣ изҳори сипос намуд.

 

Шариф Назар кӣ буд?


Хеле бамаврид аст, ки ҳоло дар бораи ҳаёту зиндагии Қаҳрамони ҷанг Шариф Назар маълумот диҳем. Зеро ангезаи арзишманди қаҳрамонписандиву поси хотири гузаштагонро дар дилу дидаи сокинони маҳаллӣ маҳз намунаи кору пайкори ҳамин шахсият ва дигар фарзандони фарзонаи ин марзу бум ба миён овардааст.

Шариф Назар барои насли ҷавон дар қатори дигар фарзандони шоистаи Хатлонзамин, ба монанди Саидҷон Назаров, Абдулло Муродов, Абдулло Мӯсоев, Мирзо Бекматов ва даҳҳо нафар шахсиятҳои дигар ҳамчун идеали ҳаётӣ ва улгӯи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Мавсуф иштирокчии се ҷанг аст. Яъне, дар муҳорибаи Руминия ширкат доштааст, иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ дар солҳои 1939 ва ҳам Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) будааст.

Ахиран фарзандон ва наздиконаш бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бинои муосири мактаби №46-ро эъмор сохта, онро моҳи октябри соли сипаришуда ифтитоҳ намуданд. Ин мактаб ба исми ветерани ҷангу меҳнат Шариф Назар номгузорӣ шудааст.

Рӯзи 17 июн дар саҳни мактаби мазкур аз болои нимпайкараи тозабунёди ветерани ҷангу меҳнат Шариф Назар низ парда бардошта шуд, ки умедворист, хотироти ӯро дар дилу дидаи шогирдони ин муассисаи таълимӣ ва ҷумла аҳолии ин минтақа боз ҳам зиндатар хоҳад намуд.

 

Николай Томин: зиндагӣ ва қаҳрамонӣ


Николай Томин соли 1886 дар рустои казакии Кочердики ноҳияи Уст-Уйи уезди Кургани губернияи Оренбург дар хонаводаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Ҳанӯз дар айёми бачагӣ аз падар маҳрум гардида, зиндагонии фақиронаи мушкилеро таҷриба намудааст. Ҳамагӣ се сол дар мактаби ибтидоӣ таҳсил карда, баъди ба балоғат расидан ба яке аз маҳфилҳои инқилобиёни онвақтаи рус шомил гардидааст.

Бо шурӯъ шудани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Николайро ба хидмати сарбозӣ даъват намуда, ба сифати сарбози оддӣ дар ҳайъати дивизияи якуми казакҳои савораи Оренбург ба фронти Руминия фиристоданд.

Хидмати содиқона ва корнамоиҳои ин сарбози ҷавону далерро ба назар гирифта, ӯро бо ду ордени “Салиби Георгий” (Георгиевский крест) сарафроз карданд.

Ғалабаи Инқилоби кабири Сотсиалистии Октябрро Томин дар сангарҳои ҷанг муқобили Руминия истиқбол гирифт. Баъди Инқилоби Октябр казакҳо Томинро ба намояндагии дивизия ба Съезди якуми казакҳои умумирусӣ фиристоданд. Дар ин анҷуман Томин ҳамроҳи якчанд ҳамфикрони худ бар зидди ақидаҳои атаман Дутов баромад карда, пешниҳод намуд, ки бо гуруҳҳои болшевикон пайваста, бар зидди меншивикон, эссерҳо ва сафедҳо мубориза кунанд.

Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали баъдиинқилобӣ болшевикҳо Томинро бо далели сарбози шуҷоъ, ғаюр ва аз нигоҳи сиёсӣ огоҳу фаҳмида буданаш командири дивизияи казакҳо эълон карданд, то дар байни ҳамяроқони худ фаъолияти таблиғотӣ бурда, онҳоро ба Артиши навташкили сурх даъват намояд.

Дар байни командирон ва казакҳои оддӣ шахсони зиёде ҳам буданд, ки мехостанд бо убур аз дарёи Дон дивизияро ба Украина бурда, ба ихтиёр ва фармонравойии гетман Скоропадский супоранд. Томин ба ин тасмими казакҳо муқобил баромада, бо пофишорӣ ва шуҷоати зиёд дивизияи казакиро ба Петербург оварда, ба ихтиёри ҳукумати ҷавони советӣ супорид.

Дар солҳои минбаъда Николай Дмитревич бо фармони ВКП (б) ба шаҳри Троицк фиристода шуд ва ба ташкили отрядҳои савораи пиёдагард ва ба мубориза бар зидди отрядҳои сафед ва боқимондаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи Дутов дар вазифаи роҳбарии аввалин отряди кавалерии Шӯравӣ ба номи Степан Разин машғули ҷангҳои пайдарпай буд. Дар моҳи майи соли 1918 Дутов дар Оренбург аз ҳисоби казакҳо ва кулакҳо гуруҳҳои нави разманда созмон дода, тамоми қаламрави Оренбургро муҳосира намуд. Робитаи марказ бо манотиқи Урал, Сибир ва Осиёи Миёна қатъ шуда буд. Ҷанговарони Дутов, ки аслан аз афсарон ва сарбозони савораи армияи сафеди подшоҳӣ иборат буданд, ба муқовимати сангини отрядҳои Армияи Сурх тоб оварда натавониста, несту нобуд карда шуданд. Дар мубориза ба муқобили сафедҳо ва меншивикон саҳми сарлашкарон В.К.Блюхер, бародарон Каширинҳо ва Томин Н.Д. бузург аст.

Дар соли 1918 Николай Томин аз ҳисоби коргарони Урал отряди даҳҳазорнафараи Армияи Сурхро ташкил намуд, ки зери фармони Блюхер В.К. баъди муҳорибаҳои зиёд бо полякҳову чехҳо ва гурӯҳҳои гвардиячиёни сафеди Дутов ба рейди низомии маъруфи 1500 километра пардохтанд ва бо ҷангҳои барои ҳарифон камаршикан ба минтақаи Кунгур расиданд ва бо размандагони дивизияи 3-юми Армияи Сурх пайвастанд.

Он гоҳ Томин дар ҳайати бригадаи чоруми дивизияи чоруми Урал шомил буд. Баъди он бригадаи дуюми дивизияи тирандози дуюми Уралро созмон доданд ва Н.Д. Томинро командири дивизия таъин намуданд. Блюхер В.К. командири дивизияи 30-юми тирандозӣ шуд.

Н.Д. Томин ҳамчун командири ғаюру ботаҷриба дар набардҳои Перм ва Курган баҳри саркӯб намудани армияи Колчаг фаъолона ширкат кардааст. Барои озод намудани шаҳрҳои Вилнюс, Подолск ва Гродно ҷангидааст.

Боре дар соли 1920 бар асари хиёнати чанде аз афсарони зерфармонаш, ки аз қумандонони собиқ армияи подшоҳӣ буданд, дивизияи Н.Д. Томин дар муҳосираи душман афтод. Бо вуҷуди ҷангҳои тан ба тан ва шуҷоатмандона дар масири сарҳади Германия сарбозони дивизияи Томин аз муҳосира хориҷ шуда натавонистанд ва ноилоҷ дар моҳи августи соли 1920 сарҳади Германияро гузашта, ба давлати Германия таслим шуданд. Асорати тоқатфарсо ва шиканҷаву азоб рӯҳияи ҷанговари матинро шикаста натавонист.

10 сентябри ҳамон сол ҳукумати вақти Германия тасмим гирифта буд, ки асирони ҷангиро бо мақсади амниятӣ ба гӯшаи дигари кишвар интиқол диҳад. Ҳангоми интиқоли маҳбусон ба командир Томин Н. Д. ва чанде аз ҳамяроқонаш муяссар шуд, ки панҷараҳои вагонро шикаста, посбононро нобуд сохта, аз асорат фарор намоянд. Баъди 18 рӯзи он ҳодиса, 28 сентябри соли 1920, фирориён пойи пиёда ба шаҳри Мински Белорусия расиданд.

Дар моҳи декабри соли 1920 бо фармони Шӯрои низомии Армияи Сурх, Томинро ба ихтиёри сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина М.В.Фрунзе фиристоданд. Ӯ дар Кубан бар зидди гуруҳҳои бандитии маҳаллӣ фаъолияти босамар доштааст. Худи ҳамон сол ӯро командири дивизияи 15-уми кавалерӣ тайин карданд, ки дар мубориза бар зидди кулакҳои шӯришгари губернияи Тамбов ва барои торумор сохтани гурӯҳҳои атаманҳои Антонов, Карася ва Бондаря ширкат намудааст.

Бо фармони Совнаркоми КМ ВКП (б) Н.Д. Томин бо ордени ҷангии “Ситораи Сурх” мукофотонида шудааст.

Охири соли 1921 Н.Д.Томинро барои мубориза бар зидди боқимондаҳои гвардиячиёни сафед ва интервенсияи ҷопонӣ ба сифати командири гурӯҳи қӯшунҳои Забайкалия ба Шарқи Дур фиристоданд.

Соли 1923 ӯ барои таҳсил ба курси олии Академияи ҳарбии шаҳри Москва шомил гардид. Соли 1924 дар аввали моҳи январ ба узвият дар сафҳои ҳизби ВКП(б) пазируфта шуд. Баъди рӯзҳои башумори он пазириш, яъне 21.01.2024, доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленин аз олам даргузашт.

Моҳи майи соли 1924 баъди хатми курсҳои олии Академияи ҳарбии СССР Н.Д. Томинро ҳамчун фармондеҳи ботаҷриба ва ҷангҷӯи матин ба Осиёи Миёна барои ҷанг бо босмачиён фиристоданд. Ӯ ба сифати командири Бригадаи алоҳидаи 6-уми кавалерии Олтой ба Ҷумҳурии Халқии Бухоро фиристода шуд. Аввал ӯ дар вилояти Фарғона ва дар қаламрави имрӯзаи Туркманистон гурӯҳҳои зиёди босмачиёнро саркӯб намуда, баъд ба ҳудуди вилояти Кӯлоб ворид гардид. Он вақтҳо дар минтақаҳои Рашту Ховалингу Мӯминободу Балҷувон босмачиёни Иброҳимбеку Анварпошо, Давлатманду Почохон, Акбар-Тӯқсабо, Алиназар ва ғайраҳо машғули тороҷгарӣ ва қатли мардуми бегуноҳи маҳаллӣ буданд.

Дар тӯли 15 рӯзи аввали хидматаш дар ин вазифа командир Томин Н.Д. шахсан дар 27 ҳолат дар муҳорибаҳои тан ба тан бо босмачиҳо иштирок намудааст. Дар яке аз ҳарбҳо захм бардошт. Вақте дар бемористон табобат меёфт, рӯзи 11 августи соли 1924 иттилоъ мерасад, ки гуруҳи босмачиён ба гарнизони онҳо, ки миқдори ками сарбозон дар он ҷо қарор доштанд, ҳамла намудаанд. Командир аз бистари беморӣ бархоста, бо чанде аз ҳамяроқонаш босмачиёнро таъқиб намуда, бо онҳо вориди ҷанги шамшерзанӣ мегардад. Гоҳи душманонро таъқиб кардан командир аз ҳамяроқони худ фарсахҳо пеш рафт ва чанде аз босмачиёнро аз по афтонида, худаш низ захми амиқе бардошта буд…

Вақте ҳамяроқон расида меоянд ва мехоҳанд ба командир кӯмаки аввалия расонанд, аллакай дер шуда буд. Баъди муддате командир ба шаҳодат расид.

12 августи соли 1924 дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки сарбозону афсарони Армияи Сурх ва ҳазорон шаҳрвандони маҳаллӣ маросими дафни командири қаҳрамон - Николай Дмитриевич Томин баргузор гардид.

Ончуноне, ки имрӯз дида мешавад, мардуми Тоҷикистон, бахусус сокинони шаҳри Кӯлоб номи қаҳрамони худро дар лавҳи хотироташон барои абад сабт намудаанд ва ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Ҳақ ба ҷониби Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов аст, ки ба садоқати тоҷикистониён, махсусан ба ҳиммати баланди аҳолии шаҳри Кӯлоб дар роҳи арҷгузорӣ ба корнамоиву қаҳрамониҳои фарзанди ду миллат, миллатҳои русу тоҷик - Томин Николай Дмитриевич баҳои арзанда медиҳад.

 

Қадршиносӣ


Ҳоло яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Кӯлоб ба номи Николай Томин аст. Яке аз мактабҳои ин шаҳр ҳам номи Томинро дорад. Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ба номи Томин номгузорӣ карда шудааст.

Мутобиқи фармони Кумитаи иҷроияи шаҳри Кӯлоб, аз 20 ноябри соли 1995, дар гулгашти кӯчаи ба номи Томини шаҳри Кӯлоб нимпайкараи қаҳрамони фарзанди ду миллат Николай Томин гузошта шудааст.

Ҳанӯз дар солҳои панҷоҳуми қарни гузашта яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷамъиятиву давлатии Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлоб Мирзо Бекматов (1924 – 2021) дар мавриди корнамоиҳо ва ҳаёту зиндагонии Николай Томин бо номи “Комбриг Томин” повести ҳуҷҷатие (асари мустанад) иншо намуда буд, ки дар соли 1958 ба нашр расидааст. Баъдан дар соли 1964 ин повест бознашр гардид.

Соли 2018 бо дастгирии молии намояндагии созмони ҷамъиятии ветеранҳои Русия – “Боевое братство” ва гурӯҳи ветеранҳои Базаи ҳарбии 201-и Русия –“Память 201”, ин китоб дафъаи сеюм бо забони тоҷикӣ ба нашр расид.

Бо ташаббуси раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанг ва меҳнати шаҳри Кӯлоб Давлат Амиров имсол повести ҳуҷҷатии Мирзо Бекматов “Комбриг Томин” бори аввал бо забони модарии қаҳрамони аслии асар, яъне ба забони русӣ тарҷима шуда, бо пуштибонии молии Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр муҷаддадан мунташир гардидааст.

 

Абдураззоқ Саид

ИмрӯзNews

Комментарии для сайта Cackle