Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ба фашизм ғалаба карду дар хонаи худ кушта шуд


Shared to Facebook

16.05.2022 14:13

: 338

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарнавишти миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тағйироту таҳаввулоти зиёде ба миён оварда буд. Миллионҳо ҷавонмардони банангу номуси кишвари гуногунмиллати мо бар зидди фашистони истилогар бархоста, бо қимати ҷони ҷавони худ, Ватан – Модарро то охирин нафас ва то қатраҳои охирини хуне, ки дар бадан доштанд, муҳофизат намуда, душманро шикаст доданд ва ӯро таъқибкунон то ба лонаи манфураш бурда, саркӯбу несту нобуд сохтанд.

Ин саодат рӯзи 9-уми майи соли 1945 ба падарону бобоҳои ғаюри мо муяссар гардида буд. Он ғалабаи торихӣ, ки то ба имрӯз дар ағлаб кишварҳои олам чун ҷашни пирӯзии қӯвваҳои некӣ бар бадиҳои аҳриманӣ таҷлилаш менамоянд, натиҷаи ҷонфидоиву қаҳрамониҳои дастҷамъонаи даҳҳо миллату халқиятҳои кишвари паҳновари Шӯроҳо - ҳам дар сангарҳои ҷанг ва ҳам дар заводу фабрикаҳову дашту саҳроҳои колхозӣ будааст.

Дар баробари ҳазорон шаҳрванди ватандӯсту ватанхоҳ, албатта, шахсони пастфитрате низ зиёд будаанд, ки он ҳама бадбахтиву мусибатҳои ҷомеаро ба фоидаи ғаразноки худ истифода намуда, дар заминаи фоҷиабори зиндагонии мардумони кишвари худ манфиату мақому мартабаи ҷамъиятии хешро эъмор менамуданд ва миллати бе ин ҳам балозадаро истисмор мекарданд. Ҳамин гуна образи раиси колхози истисморгарро, ки эҳтимолан дар солҳои мудҳиши ҷанг ба як характери маъмули ҷамъиятӣ табдил гардида будааст, мо дар саҳнаи якчанд асарҳои театрии нависандагону драмматургони ватанӣ мушоҳида намуда будем, ки аз номи Сталин ва аз номи ҳизб ривоятҳои дурӯғин бофта, дар болои мардуми бесаводи колхозчӣ хокимият ва салтанат менамуданд…

Он солҳо раисони колхоз дар шароити ақибгоҳ худашон ҳам шоҳу ҳам вазир, ҳам қозиву ҳам ҳамакораи давру замон маҳсуб меёфтанд. Касе, ки мазлумона аз роҳбари колхоз фармонбардорӣ намекард, аз як луқма нони ба заҳмат ҳалолкардаи худаш маҳрум мегардид, ки тавзеҳу тақсимоти он неъмати дастиҷамъӣ фақат дар ихтиёри раис буд… Ё шахсе, ки ҷуръат намуда, ба сухани раис посух мегуфт, раис дарҷо онро ба ҷанг фиристода, зану кӯдаконашро ба ҷамъи ғуломони дастнигари хонаводаи худаш илова месохт ва ғайраву ғайра…

Ҳамон солҳо аз ҳамин гуна раисони фурсатталаб дар колхози Инқилоби сурхи совети қишлоқи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) низ арзи вуҷуд карда буд. Шаҳрванд Шафеъ Баротов, ки тавониста буд эътимоду боварии роҳбарияти даври ноҳияи Ҳисорро ба даст биёрад, соҳиби вазифаи раиси колхоз шуд ва ба ин васила ҳам ҷони худро аз рафтан ба сангари ҷанг наҷот бахшид, ҳам хешу табори наздикашро аз хизмати ҳарбии замониҷангӣ дар амон нигаҳ дошт ва ҳам зиндагонии серу пури фарзандонашро таъмин намуда буд. Ба қавле, кораш омад карду дигар ба ҳеҷ кас гӯш намедод. Ҳар чӣ хеле мехост, ҳамон тавр бо хоҳиши дилаш бо мардум муносибат мекарду аз як хонадон то се-чор нафарро ба майдони ҷанг мефиристонд. Ӯ танҳо дар ҳимояи хонаводаи худ ва хешу табораш буд. Ҳатто ягон нафар аз наздиконаш ба майдони ҷанг нарафтааст. Раиси бевиҷдон натанҳо ба молу мулки мардум даст мезад, балки онҳоро дар сари ҳар қадам таҳкиру дашном медод. Мардум дар чунин вазъи ноором чизе гуфта ҳам наметавонистанд. Зеро ҳар нафаре, ки ба суханони раис гӯш намедод ва ба фармони ӯ итоат намекард, ҷазо таъин намуда ва ба корҳои вазнин равон мекард.

Шафеъ Баротов моҳи марти соли 1943 аз хонаводаи мо ду нафар - падарам Носир Собиров, с.т. 1903 ва бародари он кас, яъне амакам Содиқ Собировро (с.т.1907), ки холабачаҳои худаш буданд, якбора ба майдони ҷанг мефиристад, ки ин аз рӯи меъёри онрӯзаи даъвати ҳарбӣ дуруст набуд. Маъмулан, агар аз як хонавода шахсе ба ҷанг мерафт, то муддате аъзои дигари ҳамин хонадонро мавқуф мегузоштанд, ки хонавода бе пуштибон набошад. Аз рӯи ривояти ҳамдеҳагон, раис ин корро махсус мекард, ки алови чашми халқро бигирад ва дар дили дигар ҳамдеҳагон нисбат ба бераҳмиву қасдгирии худ, воҳима биандозад ва мардум аз ӯ бештар фармонбардорӣ кунанд…

Амакам аз ҷанг барнагаштанд. Хатти маргашон ҳам ба дасти мо нарасида буд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои зиёди аҳли хонавода, аз қазияи сарнавишти он шаҳиди гумном солҳои шастуми қарни гузашта аз Вазорати мудофиаи СССР мактуби ҷавобӣ ва иттилои зарурӣ гирифтем, ки амакам – Собиров Содиқ соли 1944 дар сангарҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина каҳрамонона ҳалок шудаанд.

Падарам - Собиров Носир бошанд, ҳангоми муҳорибаҳои сахти Ленинград дар хатти аввали фронт аз китфи рост захми амиқе бардошта, муддатҳои зиёд дар госпиталҳои Бокситогорски вилояти Ленинград ва чандин госпиталҳои шаҳри Калинин бистарӣ шуда, табобат мегиранд. Аммо бо далели он, ки ҷароҳат пурра шифо намеёбад ва имкони дубора баргаштан ба сафи ҳамяроқон муяссар намегардад, 7 декабри соли 1943 бо моддаи 112-а гр 47 Фармони НКО СССР таҳти №336 аз соли 1942, падарамро бо иллати номуносиб гардидан ба хизмати ҳарбӣ, ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюм ба ватан пас мефиристанд.

Дар солҳои баъдиҷангӣ, соли 1953, дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ хоҷагиҳои хурди колхозиву совхозиро бо ҳам муттаҳид намуда, ба хоҷагиҳои коллективии бузургтаре мубаддал месохтанд. Дар Совети қишлоқи Қипчоқ низ чанде аз колхозҳои моро ба монанди колхози Инқилоби сурх барҳам дода, хоҷагиҳоро дар чавкоти колхози ба номи Ленин муттаҳид намуданд.

Албатта, вазифаи раисии Шафеъ Баротов аз байн бардошта шуд. Ӯро дар деҳа бригадири боғи ангур таин намуданд. Яъне, раиси ҳамакораи собиқ боз имкон ба даст овард, ки дар вазифаи бригадирӣ салтанати маҳалии худро идома диҳад. То он ҳангом падари маҷруҳи азҷангбаргаштаи ман, ки саломатии худро ба қадре барқарор намуда буданд, барои ворид гардидан ба фаъолияти кори колхозӣ, омода мешуданд. Падарамро посбони боғи ангур таин намуданд. Яъне, падарам расман корманди зердасти Шафеъ Баротов шуда буданд.

Ҳамдеҳагони нисбатан калонсол мегуфтанд, падарам, ки марди ғаюру ҷаҳондидаву ботаҷриба буд, ба Шафеъ Барот гардан намедод. Борҳо дар ҳузури колхозчиён ин ду холабача даст ба гиребон шуда буданд. Чандин бор раисаш падарамро ба куштану несту нобуд сохтан таҳдид карда будааст. Падарам дидаанд, ки хислаташон бо феълу атвори бедодгаронаи бригадир рост намеояд, боре аз кор истеъфо дода, ба хона баргашта будаанд. Аммо Шафеъ Барот ба назди бобои модарияш Қорӣ Олим, ки бобои муштараки ҳарду холабачаҳо маҳсуб меёбанд, рафта шикоят кардааст, ки “Холабачаи худам - Носири Собир ба ман гардан намедиҳаду обрӯи маро дар назди дигарон мерезонад…” Бо насиҳати бобои Қорӣ Олим, ки марди нобино ва ҳофизи Қуръони карим буданду мардум эҳтиромашонро ба ҷо меоварданд, падарам дубора ба ҷойи корашон бармегарданд…

Баъди се соли ҳамкории ин ду нафар рӯзе воқеаи даҳшатноке рух дод, ки ҳаёту зиндагонии аҳли хонаводаи моро ба ду давраи мухолиф ба ҳам – давраи хушбахтии то он ҳодиса ва замони бадбахтии баъди ҳодиса, ҷудо намуд. 22 октябри соли 1956 падарамро ноҷавонмардона ба қатл расониданд! Оне, ки аз тири душмани ғаддор намурд, аз дасти холабачаи ноинсони худ ноҷавонмардона ба шаҳодат расонида шуд...

Як рӯз қабл аз он фоҷиа падарам, ки барои ҳуҷҷатгузории масоили хонаводагӣ,ба мӯҳлати бештар аз як шабонарӯз ба маркази ноҳия азми сафар доштанд, ба модарам - Олимова Мақсадбону мегӯянд, “Фардо субҳ ба маҳали кори ман рафта, то омаданам боғро посбонӣ кун, ки ҳосили расидаи ангури колхозиро роҳгузарон ғорат накунанд…”

Ман шашсола будам. Ёд дорам, ки субҳи барвақт модарам маро бедор карда, бо худ ба ҷойи кори падарам бурданд, ки бо худ ҳамроҳе дошта бошанд. Вақте ки ба сари замини боғи ангур расидем ва ба козаи хасини дидбони назоратии падарам наздик шудем, аз дохили он коза садои пасти ҷонкоҳи дардолуде ба гӯш мерасид.

Бошитоб ба дохили хаскаппа даромада, шоҳиди манзараи даҳшатоваре шудем: падарам, ки дар тасаввури мо бояд ҳамон лаҳза дар маркази ноҳия бошанд, бо либосҳои оғушта ба хун ва бо сару каллаи порашудаи нимапачақ ба сутуни байни коза такя намуда, дар ҳолати ҷондодан бо садои гирифтаи хирросӣ базӯр - базӯр овоз мебароварданд. Зоҳиран, касе шабона падарамро дар куҷое дастгир намуда, бо латукӯб то ба ин ҳолат расонида, ҷисми нимҷони он касро оварда, дар маҳалли корашон ба сутун такя дода шинонида, саҳнасозӣ намуда буд. Гӯё дуздон посбони боғи ангурро ба қатл расонида бошанд…

Модарам ин саҳнаи ваҳшатро дида, аввал муддате моту карахт ва беҳаракат монданд. Баъд бо тамоми садо фарёдкунон, ки “Шавҳарамро куштанд!” ба суи хонаи Бобои Қорӣ Олим шитофтанд. Муддате нагузашта, ҷамъияти зиёди марду зани ҳамдеҳагонамон омада, ҷисми ба хун оғуштаи падарамро тобут баста, ба ҳузури бобои Қорӣ оварданд;

Бобои Қорӣ Олим ҳамвора набераи нохалафи худро мазамматкунон мегуфтанд; “Оҳ Шафеъ, оҳ Шафеъ, оқибат коратро кардӣ?! Набераҳоямро ятим кардӣ?! Марг ба ту! Марг ба ту!”

Дар хонаамон саҳнаи ғаму тарсу воҳима ба ҳам омехта шуда буд. Хоҳараки панҷсолаам Аноргул аз дидани ҳолати падар ва аз таъсири доду фиғони ҷонкоҳи наздиконамон дар ҳолати шок ба кома афтода, беҳуш шуд ва дигар ба худ наомада баъди ду – се рӯз аз дунё даргузашт…

Он рӯз бо даъвати ҳамдеҳагон мошини ёрии таъҷилӣ омада, падари беҳуш ва маҷруҳамро ба беморхонаи воқеъ дар маркази Қипчоқ бурд. Ману модарам пойи пиёда ба беморхона расидем, вале нозири минтақавии ҳамонвақта Гадоев бо чанд тан кормандони милитсияи ноҳия ва духтурон моро барои дидани ҷасади нимҷони падарам роҳ намедоданд. Зеро бригадири боғи ангур Шафеъ Баротов бо нозири минтақаӣ Гадоев ва духтурон забон як карда, сирру асрори чӣ гуна кушта шудани падарамро пинҳон карданд. Бародарам баъди бохабар шуданаш ба беморхонаи Қипчоқ расида омад. Кормандони милитсия ва духтурон бародарамро, ки он вақт 18-сола буданд, ҳамчун ворис ба назди падарам дароварданд.

Падарам ба бародарам чизе гуфтан мехост, вале мутаассифона, забонаш аллакай аз гуфтор монда буду баъди чанд лаҳза ҷон ба ҳақ супорид. Барои ҳуҷҷатгузорӣ ва тасдиқи воқеаро пайдо кардан ҷасади падарамро як рӯзи дигар дар беморхона нигоҳ доштанд. Кормандони милитсия ва духтурон бо ҳар роҳ бо раис Шафеъ Баротов забон як карда, санад дар бораи вафотро тайёр карданд ва дар он бо забони руси чунин навиштанд: “Акт о смерти. Носиров Собир г.р. 1903, был убит неизвестным на рабочем месте 22.10.1956...” Ин санадро баъдан аз бойгонӣ пайдо намудам.

Рӯзи 23 октябри соли 1956 ҷасади падари ветеранамро ба хок супоридем.

Доир ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Бо маслиҳат ва бо нишондоди дурӯғини одамони бригадир, аввал ба сифати гумонбар се нафар ҷавонони деҳаи ҳамсояи Чашмабозорро ба ҳабси пешакӣ гирифта, онҳоро 40 рӯз дар боздошт нигоҳ доштанд. Вале тафтишот муайян намуд, ки номбурдагон ба ин куштор рабте надоранд. Баъди кофтукови зиёд қотили асосиро пайдо намуданд. Ончуноне ки ҳамагон – аз бобои Қорӣ Олим сар карда, аксарияти аҳолии маҳал қазоват мекарданд ва ҳадс мезаданд, қотили падарам худи бригадири боғи ангур, раиси пешинаи колхози Инқилоби сурх – Шафеъ Баротов будааст. Ӯро ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум сохта, дар колонияи режимаш сахт маҳкум намуданд…

Вале аз чӣ бошад, ки баъди гузаштани ду сол боз сару каллаи раиси қотил дар Совети қишлоқи Қипчоқ пайдо шуд. Дар байни мардум овозаҳо паҳн мешуд, ки раис масъулини зиндонро харида, ба озодӣ баромадааст.

Тағоям Обидов Ҳасан барои муайян намудани ин қазия ба Прокуратураи генералии СССР аризаи шикоятӣ менависад. Дере нагузашта, аз ин мақомоти олии Иттиҳоди Шӯравӣ намояндаи махсус барои санҷидани масъалаи дар шикоят дарҷшуда ташриф мебиёрад ва тафтишот бори дуюм ба роҳ андохта мешавад. Боз ҳамон гумонбарони авваларо ба мӯҳлати 20 шабонарӯз боздошт менамоянд. Боз тафтишот тамоми марҳилаҳоро такроран пайгирӣ менамояд. Мегӯянд, парвандаи қаблӣ бо сабабҳои ба тафтишот номаълум гум шудааст. Албатта, баъди чанде боз сарнавишти парвандаи ҷадид ҳам ба дасти муфаттишону қозиёни маҳаллӣ мегузарад, ки дар зери таъсири ришвабиёриҳои бемаҳдуди қотили асосӣ нафасгир шуда буданд.

Аз байн рӯзу ҳафтаҳо мегузаштанд, вале дар бораи ҷинояти содирнамудаи Шафеъ Баротов дигар касе аз мақомоти қудратӣ пурсише намекард. Гӯё ҳеҷ воқеае рух надодааст. Шафеъ Баротов мебинад, ки дар атроф оромӣ ҳукмрон аст, ба наздикону ҳаммаслаконаш супориш медиҳад, ки нисбати ман роҳи таҳдидро пеш бигиранд.

Соли 1967, вақте ки ман ба синни 17-солагӣ расидам, бо қотили падарам борҳо даргири муколимаву баҳсҳои забонӣ шуда будам. Шафеъ Барот бо ифтихор дар бораи куштори падари худораҳматиям лоф мезад ва маро таҳдид мекард, ки ба наздикӣ ба назди падарат мефиристамат ва касе пишаки маро пиш гуфта наметавонад!

Ҳамон сол аз деҳа фирор карда, ба Прокуратураи ноҳия омада, дар бораи таҳдидҳои Шафеъ Барот арзи шифоӣ намудам ва аз он мақомот талаби пуштибонӣ ва ҳимояти ҷисмиву ҳуқуқиямро намудам. Ёрдамчии прокурор бо насаби Шодиев, ки зоҳиран, аз ҳамтабақони Шафеъ Барот будааст, маро таҳдиду ҳақорат карда, гуфт, ки “бо ҷурми тӯҳмат ба раиси номдор ҳоло худатро бурда зиндон мекунем”.

Ман бо чашмони гирён аз ҳузури ӯ берун баромада, шахсан ба худи прокурори ноҳияи Ҳисор Ғиёсов муроҷиат намудам. Поркурор маро ором намуда, роҳ нишон дод, ки минбаъд барои ҷустуҷӯи қотили падар бо қудрати хастагинопазир ба тамоми мақомоти олии СССР шикоят кардан гирам. Шояд рӯзе ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Ман, ки ҳанӯз дар овони шашсолагӣ бо ин гуна беадолатиҳову бо ҷабри ин гуна қотилони забардасти беҷазомонда рӯ ба рӯ шуда будам, дигар мақсаду мароми зиндагонии худро дар як ҳадафи бароям нангин медидаму бас: ҷӯстану пайдо намудан ва ба дасти қонун супоридани қотили падари шаҳиду ветерани нокомгардидаи худам!

Тамоми умрамро ман дар паймудани ин ҷодаи нангин сарф намудам. Ҳоло теъдоди арзу шикоят, мактубҳои ба мақомоти олӣ навиштаам аз садҳо адад ҳам гузаштааст. Тамоми ваҷҳу далелҳо ва суханони дар шикоятҳоям омада мустанад ҳастанд. Яъне, ман барои собит намудани ҳар мафҳуми даъвогиям ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқшуда дорам!

Дар даҳсолаҳои зиёд таҷрибае касб намудам, ки ҳар боре, ки ба мақомоти баландтаре ариза кунам, онро тибқи маъмул, ба идораҳои поину поинтар ҳавола мекунанд. Оқибат санҷидани аризаи маро боз ҳам ба ноҳияи худам боварӣ мекунанд ва боз ҳам роҳбари бюрократи маҳҳалӣ аз кабинети худ набаромада ва боре ҳам бо мани даъвогар суҳбат нагузаронида, ба аризаи шикоятии ман ҷавоби шаблонии футболкунандае менависанд. Вале ман хаста намешавам. Зеро ба хасташудан ҳақ надорам. Дар назди арвоҳи поки падари шаҳидам масъулияти сангине дорам, ки то охирин нафаси худ пайгири қотилону душманони вай бошам. Охир дар рӯзи қатли падарам тифли масъуме будам! Ҳамагӣ шаш сол доштам ва аз дастам коре сохта набуд. Агарчӣ, ҳамчун хоҳараки маъсумам аз тарс намурдам, вале дар тӯли тамоми умри ҳафтодудусолаам барои дифои нангу номуси падар коре карда натавонистам. Аммо аз мубориза бо аҳриману иблис даст накашидаам!

Мардуми деҳаамон мегӯянд, вақте ки Шафеъ Баротов ба синни нафақа мерасаду дунболи мукаммал кардани ҳуҷҷатҳои нафақагирӣ мешавад, дар идораҳои давлатии сабти аснод ба худи ӯ иттилоъ медиҳанд, ки шахсе бо ин исму насаб дар қайди ҳаёт нест! Мутобиқ ба асноди басабтрасида, Шафеъ Баротов, ки дар зиндон мӯҳлати ҷазои худро сипарӣ мекард, соли 1958 фавтид ва наздиконаш ҷасади ӯро барои ба хок супоридан қабул карда буданд (ин аст асрори гум шудани парвандаи ҷиноятӣ ва муҳлати ҷазоро сипарӣ накарда, ба озоди баромадани қотил…)

Дар асл, Шафеъ Баротов соли 1986 бо аҷали табиӣ аз олам гузашт.

Соли 2014 хабар шудам, ки ҳанӯз соли 2007 писарони раиси давраи ҷанг Шафеъ Баротов даводав карда, мактаби деҳаамонро, ки қаблан ба номи Камоли Хуҷандӣ буд, ба муносибати 100-солагии зодрӯзи падарашон (1907-1986) ба исми вай номгузорӣ кардаанд. Тасаввур кунед! Исми поки Камоли Хуҷандӣ куҷову исми як раисаки мафиёзи қотили ақибгоҳи замони ҷанг куҷо?!

Ман дар мавриди қазияи қатли падар аз тарафи ин шахс факту далелҳои зиёдеро ҷамъ кардам. Муҳимтар аз ҳамаи ин, соли 1956 (соли содир шудани қатл) дар назди торих муҳлати он қадар ҳам дур нест, ки ҳамаи ҷиноятҳои он давра аз хотираҳо зудуда шуда бошанд!

Ҳоло ҳам дар рустоҳои Кафшдӯзон, Чашмабозор, Шоҳон ва Қипчоқ шоҳидони зинда ҳастанд, ки мустақиму ғайримустақим аз сиру асрори асли қазия воқифанд. Шахсоне ҳам ҳанӯз дар қайди ҳаётанд, ки худашон ҳодисаҳои он рӯзи мудҳишро бо чашмонашон дидаанд…

Агар идораҳои зидахли имрӯзаи кишвар ҳиммат намуда, гуруҳи тафтишотие ташкил бидиҳанд, то ба ин баҳси нотамоми қазияи 66-сола хотимаи адолатмандонае бибахшанд, ман тайёрам раҳнамоӣ намуда, тафтишотро бо шахсони донандаи розу асрори ин куҳнаангора рӯ ба рӯ кунам.

Бояд мо дар ин марҳалаи мубориза бо неруҳои аҳриманӣ номи мактабу маорифи зодгоҳамонро аз доғи ифлосу нангине пок намоем! Агар баргардонидани номи Камоли Хуҷандӣ ба мактаб ғайриимкон бошад, ақаллан мактабро беном эълон кунанд, ки беномӣ аз бадномӣ хубтар аст!

Ман ба бархе комиссияҳои расмии давлатӣ, ки салоҳияту масъулияти номгузориҳоро бар уҳда доранд, сахт ҳайронам, ки чаро эҳсоси воқеии масъулият надоранд! Вақте ки маконеро бо исми касе номгузорӣ мекунанд, магар мушкил аст, ки боре ба собиқаи ҳамон шахсият назари тадқиқ андохта, аз ниҳодҳои зирабт бипурсанд, ки ин одам чӣ хизматҳои шоистае карда будааст ва Худо накарда, ҷиноят ҳам содир намудааст ё не?! Касеро қатл кардааст ва ҳукми ҷазо гирифтааст ё на?! Агар ба қатле муттаҳам шуда бошад, дар оянда бо хукми расми реабилитатсия (бегуноҳияш собит ва барқарор ва сафед) карда шудааст ё не?!

 

Абдунаим Носиров

сокини деҳоти

Навободи шаҳри Ҳисор

Комментарии для сайта Cackle