Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Андар шинохти Меҳрубон Назаров


Shared to Facebook

08.05.2022 15:01

: 495

Вақте ки дар мавриди бузургони сатҳи ҷаҳонӣ сухан меравад, абаринсонҳои сатҳи ҷаҳониро ниёз ба муаррифӣ кардан нест. Фақат номи кӯчак ё насаб ва ё тахаллуси тарафро бар забон биёред, кофист, ки дар назари шунаванда дунёе ба ҷилва биёяд. Масалан, кофист, ки вожаи “Фирдавсӣ”, “Саъдӣ”, “Ҳофиз” ва ё “Хайём”-ро бар забон биёред - чи дар Машриқ ва чи дар Мағриб ҳама мефаҳманд, ки сухан дар бораи ҳамон шахсият, ҳамон абаринсоне меравад, ки номаш дар зеҳнҳои одамон ҳаккокӣ шудааст. Барои насли инсонҳое ҳам, ки ҳаёти замони шӯравиро таҷриба намудаанд, як зумра номҳое ҳастанд, ки онҳоро бидуни муаррифиномаи муқаддимавӣ, ҳамин тавр, фақат бар забон мебиёранд. Мисли Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шотемур, ё хеле содаву кӯтоҳ – устод Айнӣ…

Яке аз чунин инсонҳо Меҳрубон Назаров мебошад. Ҳоло агар дар Инстаграму Фейсбук ва соири расонаҳои маҷозӣ вожаи “меҳрубон”-ро ворид созед, якбора даҳҳо аккаунт бо исму насаби мушобеҳи Меҳрубон Назаров рӯи саҳфа меояд. Шояд ин ному насабҳо баъзан иттифоқан шабеҳ афтода бошанд, вале дар бештарин ҳолатҳо волидайне, ки насаби хонаводагии Назаровро доранд, фарзандонашонро дар пайравии исми Меҳрубон Назаров номгузорӣ кардаанд, ки тифли навзодашон ҳамин гуна, як ному насаби маъруфу наздик ба дилҳоро дошта бошад.

Дар энсиклопедияи озод - Википедия дар мавриди Меҳрубон чунин гуфта шудааст: “Меҳрубон Назаров аз маъруфтарин вазирони фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ӯ инсонест, ки махсусан барои фарҳанг офарида шудааст!”.

Дар Тоҷикистон бисёриҳо вожаҳои “маданият” ва “фарҳанг” ва исми Меҳрубонро бидуни ҳамдигар тасаввур карда наметавонанд. Дар Афғонистон ҳам ӯро ба унвони “падари театри афғон”, ки дар театри “Кобул-Нандорӣ” аввалин шоҳасарҳои драмматургияи тозаэҷоди афғониро рӯи саҳна овардааст, мешиносанд…

Меҳрубон Назаров бештар аз 13 сол Вазири маданияти Тоҷикистони шӯравӣ (1966-1979), қабл аз он ҳам қариб 10 сол ҷонишини аввали вазир дар ҳамин даргоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор, педагоги мактаби олӣ, драмматург, сенарист, мутарҷим, режиссёр, ветерани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, узви КПСС аз соли 1943, Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон (1946) Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1964) буд.

Меҳрубон Назаров якуми майи соли 1922 дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (он вақт Республикаи Автономии Туркистон дар ҳайати РСФСР) дар хонаводаи волидайни адабдӯсту фарҳангпарвар ба дунё омадааст. Баъди гирифтани маълумоти аввалияи касбӣ дар комбинати санъати шаҳри Сталинобод (1937-1941) ва иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1943-1944), соли 1946-1951 Институти Давлатии санъат, мусиқӣ ва кинои шаҳри Ленинград ва соли 1951-54 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскавро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии худро мавсуф дар вазифаи Мудири шуъбаи маданияти ВМКБ оғоз намуда, ҳамзамон хабарнигори рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони сурх” ва рӯзномаи вилоятии “Бадахшони сурх” низ буд.

Солҳои 1954- 1956 ба ҳайси мудири саридораи санъати Вазорати маданияти Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Аз соли 1956 то соли 1964 дар вазифаи ҷонишини аввали вазири маданият ва ҳамзамон Мушовири фарҳангии сафорати СССР дар Афғонистон (1962-1964) будааст.

Солҳои 1965-1966 ҳамчун ҷонишини раиси Комитети радио ва телевизиони Тоҷикистон хидмат намудааст.

Аз соли 1966 то соли 1979 Вазири маданияти (фарҳанги) РСС Тоҷикистон буд.

Дар давоми солҳои кору фаъолият дар вазорати номбурда Меҳрубон Назаров барои рушду нумуи илму санъату фарҳанги кишвар, хидматҳои арзандаи зиёдеро ба анҷом расонидааст, ки мисолҳои зер аз қабили онҳоянд;

- Дар заминаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Тарас Григоревич Шевченко соли 1967 факултаи санъатро бунёд гузошта, соли 1973 онро ба Театри давлатии ҷавонон табдил намудааст, ки баъдан бо номи Маҳмудҷон Воҳидов номгузорӣ карда шуд;

- Дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Меҳрубон Назаров соли 1965 ансамбли рақси касбии “Лола” созмон дода шуд;

- Соли 1979 Меҳрубон Назаров Театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппаро бунёд гузошт, ки ҳоло исми ҳунарманди маъруфи тоҷик Ато Муҳаммадҷоновро дорад.

Меҳрубон Назаров аз соли 1979 то соли 1988 ба ҳайси ректори Институти санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода кору фаъолият намудааст.

Корномаҳои арзандаи зиндагонии эшон бо Ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1985), ду ордени меҳнатии “Байрақи сурх” (с. 1950, 1975), ду ордени “Нишони фахрӣ” (с. 1971, 1976), медали “Шуҷоати меҳнатӣ” (1954) ва бо медалҳову сипосномаҳои зиёди Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст…

 

Меҳрубоне, ки воқеан меҳрубон буд

Рӯзи 20 апрел бо Муним Оламов, директори генералии “ИмрӯзNews”, сӯҳбати телефонӣ доштам. Ӯ маро ба зодрӯзам табрик карда, дар омади гап илова намуд; “Фаромӯш накунед, ки то ҷашни садсолагии Меҳрубон Назаров мӯҳлати зиёде намондааст. Ин санаи муҳимро бояд бо мақолаи арзандае пӯшиш бидиҳем!.. Навиштани мақоларо ба касе вогузор кардед?! Боз дар ғафлат намонем!”

Якбора ба изтироб афтодам, ки чаро барвақттар дар ин маврид андешае накарда будам! Зуд ба писари калонии Меҳрубон Назаров - Назар Назаров занг зада пурсидам, ки аз дӯстони наздики хонавода дар робита ба ин санаи ҷашнӣ касе матлабе ва ё шеъру мақолаи омодае дорад? Ба андешаи он ки Далер Назаровро дар Душанбе метавон пайдо кард, иттифоқан, ба Алмаато нарафта бошад, ба Далер телефон кардам ва маслиҳат пурсидам, ки навиштани мақоларо ба кӣ бисупорем, ки дар мавриди ҳаёту фаолияту шахсияти Меҳрубон Назаров иттилои бештар дошта бошад?

Дар ҷавоб Далер гуфт, чӣ касе бештар аз худат метавонад дар ин бора иттилоъ дошта бошад, ки солҳои охири ҳаёташон бештар аз ҳама ту дар канори падар будӣ? Бояд худи ту мақола бинависӣ, на аз каси дигар ин тақозоро дошта бошӣ!

Ин суханон ҷой доранд: ман, ки бо васияти падарам, солҳои зиёд дар канори дӯсти беҳтарини падарам – Меҳрубон Назаров будам, беҳтар медидам, ки чӣ гуна ӯ аз тамоми ҳунармандону аҳли санъати Тоҷикистону Афғонистону Самарқанду Бухоро пуштибонии падарона мекард. Гоҳ бо садои марғуладору маҳорати модарзоди ғазалдонии устод Одина Ҳошим ифтихор мекарду гоҳ барои интишори мусиқиву фарҳанги афғон дар СССР заҳмат мекашид ва гоҳе барои пуштибонии ҷавонони боистеъдоде, мисли Маҳмудҷон Воҳидову Мирзоватан Миров бо масъулини давр даргири муколамаҳо буд… Ӯро падари фарҳангии ҳамагон мешумориданд.

Донандаи беҳтарини гӯишҳову лаҳҷаҳои тоҷикиву дарии забони форсӣ буд. Замони Шӯравӣ тамоми меҳмонони расмии сатҳи олиро, ки аз кишварҳои ҳавзаи забони форсӣ ба Тоҷикистон ташриф меоварданд, маъмулан Меҳрубон Назаров шахсан, пазироӣ ва мизбониву меҳмондорӣ мекард. Маҳорати модарзоди сиёсатмадориву дипломатӣ дошт.

Падарам Табаралӣ Саид, ки як умр дар истироҳатгоҳи ҳукуматии “Зимчуруд” кор мекарданд, дӯстони зиёди қадрдоне доштанд, ки то имрӯз мо, фарзандон, бо хонаводаҳову фарзандони бештаре аз онҳо робитаи дӯстии наздиктар аз хешутаборӣ дорем, бо бузургоне ба мисли Султон Раҷабов, Маҳмадулло Холов, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Ғоибназар Қаландаров, Шодӣ Саидов, Малов Анатолий Иванович, Султон Мирзошоев, Меҳрубон Назаров ва дигарон.

Ин шахсиятҳо барои бештари ҷавонони давраи шӯравӣ идеали ҳаётӣ ва улгӯи зиндагонӣ буданд. Падари ман як корманди оддӣ буданд, вазифаву мақоми баланди давлатӣ надоштанд, аммо бузургвории он дӯстони қадрдонашон буд, ки дар дӯстиву рафоқат ба мавқеияти иҷтимоӣ эътибор намедоданд ва ба асолати гавҳари шахс, ба ҳиммату ҷавонмардӣ арзиш қоил мешуданд…

Ин нуктаиназарҳо шояд дар мафкураи одамони давраи ҳозира гунҷоиш надошта бошад. Аммо қаблан ҳамин тавр буд. Азм дорам, дар мавриди паҳлуҳои вижаи ахлоқиву инсонӣ ва отифии он дӯстони падарам баъдтар хотиротамро мукаммалтар рӯи коғаз биёрам. Ҳоло бошад, мехоҳам дар бораи баъзе хислатҳои наҷиби Меҳрубон Назаров, ки аз нигоҳи ман, хеле ҷозибу сутуданӣ ҳастанд, каме қисса кунам.

Амаки Меҳрубон барои мо, деҳотиён, ҳанӯз аз айёми кӯдакӣ шахсияти ғайримаъмулӣ буданд. Ҳама вақт омаданашонро ба Зимчуруд бесаброна интизор мешудем, то аз дидори гарму суханони ширину аз тамошои либосҳои шики барӯзашон ҳаловат барем. Дар солҳои шастум як мошинаи хидматии ГАЗ-21-и дуранга доштанд, ки аз мошинаҳои тамоми дигар бузургон ба куллӣ фарқ мекард. Шумораи “Волга”-и хидматии баъдинаашон 03-84 буд, ки тамоми бачагони деҳа онро аз ёд медонистанд. Ронандаҳояшон пирамарди меҳрубоне бо исми дядя Гриша ва баъдан амаки Олимҷон буданд, ки дар лаҳзаҳои саргарм будани устод дар истироҳатгоҳи хидматӣ бо меҳмононашон мо бачагони деҳотиро ба мошин савор мекарданд. Бо далели он ки истироҳатгоҳи Шӯрои Вазирон дар деҳаи мо мавҷуд буд, мо зимчурудиҳо ҳамаи бузургону вазирони аҳди шӯравиро ба унвони ҳамдеҳагони худамон мешинохтем. Ҳеҷ вазири дигареро ёд надорам, ки бо бачагони хурду бузурги деҳа ба монанди дӯсту рафиқ муносибат мекарда бошад…

Мо дар деҳа бузу гӯсфанди зиёд доштем. Ёд дорам, як зимистон гӯсфандони мо аксаран барраҳои нар ба дунё оварданд. Падарам якчандтои онҳоро ба номи дӯстонашон вақф намуданд, ки дар оянда ҳангоми ташриф овардани дӯстон онҳоро дар пазироии он меҳмонони гиромӣ истифода намоянд. Мегуфтанд, ин баррача барои амаки Султони калонӣ, инаш ба номи амаки Султони хурдӣ, инаш барои амаки Меҳрубонат…

Боре дар фасли тобистон амаки Меҳрубон бо чанд нафар меҳмонони хориҷӣ ба хонаи мо ташриф оварданд. Меҳмононро дар болои кати канори ҳавлӣ ҷой кардем. Он кас маззаи нони гарми хонагӣ, меваю сабзавоти органикии асл ва ҷурғоти қаймоқии рустоиро ситоиш карда истода, бо меҳмонон саргарми сӯҳбат буданд. Дақиқан замони “пода омад” шуда буд. Баррачае, ки барои пазироии амаки Меҳрубон номзад шуда буд, аз пода бармегашт. Аллакай якунимсола шудааст. Падарам гуфтанд, фурсати муносиб аст, ки барраро кушта, меҳмонони амакатро пазироӣ кунем. Барраро аз роҳи кӯча ба боғчаи пушти хона гузаронида, амаки Ғулом Карими қассобро даъват намудем, ки дур аз назари меҳмонон, явошакӣ, барраро бикушад ва гӯшташро барои пӯхтан ба ошхона биёрем.

Амаки Меҳрубон мисле ки чизеро пайхас намуда бошанд, аз назди меҳмононашон хеста ба ҳаётчаи ақиби хона омаданд ва диданд, ки қассоб пойҳои барраро баста, онро ба замин меафтонад. Пурсиданд:

- Шумоён ин ҷо чӣ кор мекунед?

Падарам гуфтанд:

- Устод, Шумо бо меҳмонон як лаҳзаи дигар сӯҳбат кунед, хӯрок тайёр шуда истодааст. Мо ин ҷо каме кор дорем!

Қассоб ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда гуфт:

- Мехоҳанд меҳмонони азизамонро бо гӯшти баррачаи ҷавон зиёфат кунанд.

Амакам гуфтанд:

- Ман розӣ нестам, ки барои мо шуда, як ҷонвари бегуноҳро аз зиндагонӣ маҳрум созед! - ва амр карданд, ки фавран онро озод кунед ва бигузоред, ки зиндагонӣ кунад…

Падарам, ки дар ҳолати ногувор афтода буданд, гуфтанд:

- Дар хона гӯшт тамом шудааст, мо ин барраро аздусар бояд мекуштем ва ин амал бо ҳузур пайдо кардани шумоён ҳеҷ рабт надорад.

Аммо амаки Меҳрубон бо қатъият исрор мекарданд, ки ҷонвари бечораро озод кунед!

Падарам ноилоҷ рафта аз маркази ноҳия, аз тарабхонаи “Насими кӯҳсор” барои меҳмонон кабоб ва хӯроки омода оварданд, вале баррачаро накуштанд…

Мехоҳам дар бораи як лаҳзаи дигари хотиротам каме қисса кунам, ки дар мавзуи пуштибонии устод Меҳрубон аз ҷавонони соҳибистеъдод аст. Дар охири солҳои ҳафтодуми қарни гузашта бародари бузургтар аз ман Абдусамад Саид дар факултети таъриху филологияи Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко мехонданд ва дар гурӯҳҳои ҳамрадиф бо Ҳабибулло Нозирӣ ва Маҳмадулло Қурбонов ҳамкурс буданд. Рӯзе дар мавсими тобистон ҳамкурсон азм намуда буданд, ки ба Зимчуруд биёянд ва дар канори рӯдхона, зери чинорҳои сояафкан, пикнике, балки маҳфили шеъру мусиқӣ биороянд ва истироҳат кунанд…

Ташкилӣ ба дараҷаи олӣ буд: кабобу шаробу шеъру суруд! Мо бо Ҳабибуллову чанд тани дигар аз ҳамсабақонашон аз аввалин чакидаҳои хомаи худ мехондем, акаи Абдусамаду акаи Маҳмадулло овозхонӣ мекарданд. Он рӯз бори аввал буд, ки дар маҳфили мо бародари Маҳмадулло - Кароматуллои ҷавон, ки бо ман якуним сол тафовути синнӣ дошт, ширкат менамуд. Ҳамон шахсе, ки баъдан бо исми Кароматуллои Қурбон машҳуру маъруфу маҳбуб гардид.

Кароматулло бо худ асбоби мусиқии аккордеон дошт. Хеле моҳирона менавохт ва бо садои зебои марғуладор сурудҳои тоҷикиву ҳиндӣ мехонд. Бо эҳсосоти зиёд дар бораи овозхони форснажодӣ ҳиндӣ - Муҳаммад Рафӣ ошиқона сухан мегуфт. Ҳама мафтуни ғазалхониву мутрибии ӯ шуда буданд. Ҳабибулло Нозирӣ мегуфт, агар Кароматулло битавонад ба институти санъат дохил шавад, ки ҳоло довталаб аст, дар оянда овозхони маъруф хоҳад шуд! Аммо медонед, ки бе “через” (воситабозӣ) дар ҳеҷ ҷое наметавон дохил шуд.

Акаи Абдусамад гуфтанд:

- Дар Институти санъат устод Меҳрубон худашон шахсан дар имтиҳонҳо ширкат мекунанд ва ҳама вақт ҷӯёи ҳамин гуна ҷавонони соҳибистеъдод ҳастанд. Агар хоҳед, ман худам назди устод рафта, Кароматуллоро муаррифӣ мекунам… (дарвоқеъ, ҳам дар давраи вазирӣ ва ҳам дар давраи ректорӣ дар Институти санъат устод Меҳрубон шахсан дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок намуда, шогирдони истеъдоди модарзодидоштаро шиносоӣ ва ҷалби таълиму тарбия менамуданд).

Тибқи ваъда, бародарам ному насаб ва санаи аввалин имтиҳони Кароматуллоро ёддошт намуда, бурда ба устод Меҳрубон Назаров супорида, илтимос карда буданд, ки “Ба ҳамин дӯсти мо кӯмак кунед!”

Баъди чанд рӯзи он имтиҳон, вақте ки устод ба Зимчуруд, ба бӯстонсарои хидматияшон ташриф оварданд, мо ба зиёраташон рафтем ва аввалин саволамон чунин буд: “Устод! Шумо ба дӯсти мо кӯмак кардед? Вай имтиҳон супорид ё не?”

Устод хеле босаброна ва ботамкину бо ҳаракоту саканоти ширине, ки фақат махсуси худашон аст, ба рӯи роҳаткурсӣ нишаста, нафаси сабук кашиданд ва баъдан ба чашмони мо назар афканда, пурсиданд:

- Шумоён ҳамон Кароматуллоро дар назар доред? (номи ӯро гӯё, ки аллакай азёд карда буданд).

Гуфтем:

- Оре!.

Гуфтанд:

- На, ман ба ӯ кӯмак накардам!

- Чаро? - мо ҳарду бо як садо шигифтзада пурсидем.

Гуфтанд:

- Ба хотире кӯмак накардам, ки ӯ ба кӯмак ниёз надорад. Вай худаш муттахасис аст ва аллакай донишҷӯ ҳам шуд. Рӯзи якуми сентябр бояд ба дарс биёяд.

Ин суханон дар он ҳангоме садо медоданд, ки танҳо имтиҳони аввали Кароматулло сипарӣ шуда буд. Се имтиҳони дигар дар пеш буд…

Баъди гузашти солҳо ин қазияро аз худи Кароматулло Курбон пурсидем, ки чунин ҳикоят кард:

- Он рӯз барои имтиҳони аввалин, ки марбут ба ихтисоси аслӣ аст, ман суруди Аҳмад Зоҳир бо шеъри устод Лоҳутӣ “Зиндагӣ охир сар ояд”-ро омода карда будам. Вақте ки бо навозиши аккордеон ин сурудро иҷро кардам, ҳайъати имтиҳонгирандагон ҳама моту ҳайрон, гоҳ ба ман ва гоҳ ба устод Меҳрубон Назаров менигаристанд ва мунтазири тасмимгирии ишон буданд.

Устод хеле давомдор ба саропои ман назар андохта, омирона хитоб карданд:

- Шумо дигар ба имтиҳонҳо наоед!

Пурсидам:

- Чаро?

Устод гуфтанд:

- Барои он ки Шумо дигар абитуриент (довталаб) нестед!

Боз баъди каме таваққуф илова намуданд:

- Шумо аз ҳамин лаҳза аллакай студент шудед!

 

Тадорукот бахшида ба ҷашни садсолагӣ

Чанде қабл хабарнигори “ИмрӯзNews” бо муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафарзода вохӯрда, дар мавриди тараддуд ва тайёриҳои ин вазорат ва умуман, ниҳодҳои илмиву фарҳангии кишвар ба ҷашни садумин солгарди устод Меҳрубон Назаров пурсон шуд.

Давлат Сафарзода мужда расонид, ки бо сайъу кӯшиши ҳамкорони эшон ба муносибати садумин солгарди ҷашни таваллуди Меҳрубон Назаров як маҷмуаи дастҷамъӣ иборат аз очерку шеъру мақолот ва соири матолиби марбут ба ҳаёту эҷодиёти ин устоди фарҳангу ҳунар омода карда шудааст, ки дар рӯзҳои наздик шоҳиди рӯнамойии ин китоби тозанашр хоҳем шуд. Ҳамчунин, 17 майи соли равон дар Вазорати фарҳанг ба ин муносибат гузаронидани конфронс низ дар нақша ҳаст. Худи ҳамон рӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ конфронси илмӣ бахшида ба садсолагии зодрӯзи устод Меҳрубон Назаров доир хоҳад гашт.

Дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии вилоятии шаҳри Хоруғ ҳам, ки бо номи худи устод Меҳрубон Назаров номгузорӣ шудааст ва ба фаъолияту эҷодиёту зиндагиномаи устод робитаи ногусастанӣ дорад, дар ин рӯзҳои ҷашнӣ барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои васеи илмиву фарҳангӣ омодагӣ мебинанд.

 

Абдураззоқ Саид

ИмрӯзNews










Комментарии для сайта Cackle