Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

И.С.Лякин-Фролов: Шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия аз имтиҳони замон гузаштааст


Shared to Facebook

03.05.2022 15:31

: 378

Моҳи апрел аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 30 сол пур шуд. Русия, ки аввалин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад, яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлоли давлатии моро эътироф кард. Ҳоло муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар кадом сатҳ аст, дар пасманзари тағйирёбии вазъи геополитикӣ ин муносибатҳо чӣ гуна хоҳад буд?

Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов дар суҳбате бо “ИмрӯзNews” аз таърихи муштарак, авлавияти ҳамкориҳо, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия гуфт.

 

- Хадамоти дипломатии Русия имрӯз чиро ифода мекунад? Дипломатия чӣ ихтисосест?

И.С.Лякин-Фролов: - Хадамоти дипломатии Русия, тавре ба назари ман менамояд, беҳтарин анъанаҳоеро, ки дар замони империяи Русия ва дар давраи шӯравии таърихи муштараки мо ташаккул ёфта буданд, ҳифз ва афзун менамояд. Қонунҳо ва низоми қонунҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо, ки дар натиҷаи тартиботи ҷаҳонӣ пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва дар асоси Оинномаи СММ қабул шудаанд, ба таври қатъӣ риоя мекунад.

Вақте сухан дар бораи дипломат меравад, бисёриҳо шахсеро тасаввур мекунанд, ки дар тан либоси қатъӣ дошта, тамоми сирри давлатиро дорад ва фикру ақидаҳои худро моҳирона бо сухан мепӯшонад. Як стереотипи маъмул ин ақида аст, ки ҳаёти дипломат танҳо аз рӯйдодҳои иҷтимоӣ, вохӯриҳо ва сафарҳо иборат аст. Дар асл бошад, ин кори душвори ҳаррӯза аст, ки на ҳама аз ӯҳдаи он мебароянд.

Барои дипломат шудан зарур аст, ки сифатҳои муайян дошт: хотираи хуб ва дониш қариб дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла таърих, анъана ва фарҳанги кишвари мизбон, гӯш карда тавонистан, ҳамсӯҳбатро ҷалб карда тавонистан ва хурдтарин нозукиҳои сӯҳбатро фаҳмидан, хушмуомила будан, омодагӣ ба меҳнати сахт ва содиқ будан ба Ватан. Зеро муҳимтарин сифат — ватандӯстист! Тавре ки С.В.Лавров дар яке аз мусоҳибаҳои худ қайд кард: “Дипломатия аз рӯи таъриф ба ҳисобу қадамҳои санҷидашуда асос ёфтааст, ки имкон медиҳад, дар самти таъмини манфиатҳои миллии кишвар самараноктар ҳаракат карда шавад”.

Новобаста аз анъанаҳои чандинасра, ихтисоси мо, чунонки мегӯянд, “бо замона қадам мезанад”, таҷрибаи муосирро дарк мекунад, ки ин ба мо барои осонтар ва зудтар барқарор кардани робита бо одамон ва дастгирӣ намудани иртибот мусоидат менамояд. Чанд сол пеш ҳатто истилоҳи махсус пайдо шуд – “дипломатияи рақамӣ”, ки инъикоскунандаи он аст, ки чӣ гуна хадамоти мо ба воқеияти имрӯза мутобиқ мешавад. Ҳар як намояндагии хориҷии Русия ҳоло на танҳо як интернет-сайти ҳатмӣ, балки чанд аккаунт дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорад ва табодули иттилоот хеле бошиддат аст. Ва манобеъи иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Русия имрӯз шояд маъмултарин манбаи ахбор дар рӯзномаи байналмилалӣ бошад.

Ҳоло мо аз ҷиҳати муносибатҳои байналмилалӣ давраи душворро аз cap мегузаронем. Дар сайёраи мо вазъияти тезутунд давом дорад ва, ба назари ман, муттаҳид намудани ҷидду ҷаҳди ҳамаи онҳое, ки на дар сухан, балки дар амал ба беҳбудии он ҳисса гузошта метавонанд, муҳим аст. Бо таассуф гуфтан мумкин аст, ки муқовимати идеологияҳо, қутбӣ шудани равиши давлатҳо ба мушкилоти асосии ҷаҳониро мушоҳида мекунем. Иваз карда шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, кушишҳои як кишвар барои муқаррар намудани гегемония, ба гардани ҷомеаи ҷаҳон бор кардани ба ном “тартиботи ба қоидаҳо асосёфта”-ро мебинем. Имрӯз ҷанги воқеии иттилоотӣ авҷ гирифтааст, аз ин рӯ, дар бархӯрди худ мо аз он бармеоем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳақиқатро бидонад, ки ҷониби Русия омода аст, дар сари мизи гуфтушунид софдилона ва пайваста кор мекунад, то манфиатҳои миллии Русия ва шаҳрвандони Русия дар хориҷаро дифоъ намояд. Ба назари ман, кори пайгирона ва муназзам оид ба таҳкими волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ ва нақши марказии ҳамоҳангсози СММ дар бунёди тартиботи одилона ва устувори ҷаҳонии бисёрқутбӣ муҳим боқӣ мемонад, ки тавре рӯйдодҳои ахир нишон медиҳанд, баъзе шарикон кӯшиш мекунанд, онро халалдор созанд. Ана чӣ гуна вазифаҳо пешорӯи дипломатияи рус истодаанд.


- Соли 2021 дар равобити Русияву Тоҷикистон чӣ ҳодисаҳои нав рух дод ва соли ҷорӣ - соли 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ, чӣ дар назар аст?

И.С. Лякин-Фролов: - Аз соли ҷашнии кишварҳоямон оғоз мекунам. Ба он сафари расмии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия В.И. Матвиенко ва иштироки ӯ дар Форуми VII байнипарламентии “Тоҷикистон-Русия: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ”, ки моҳи феврали имсол баргузор гардид, ибтидои хуб бахшид. Вохӯрии ӯ бо президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон як рӯйдоди муҳиме буд, ки дар ҷараёни он ҳамсӯҳбатон таъкид карданд, муносибатҳои ду кишвар хусусияти шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ касб карда, дар заминаи анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар тадриҷан инкишоф меёбанд. В.И.Матвиенко бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Эмомалӣ мулоқоти хеле пурмуҳтаво анҷом дод, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентии Русия ва Тоҷикистон нигаронида шудааст. Онҳо якҷоя аз Литсейи президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе боздид карданд, ки дар лоиҳаи башардӯстонаи “Муаллими рус дар хориҷа” ширкат дорад. Ҳамчунин, ҳайати Шӯрои Федератсия аз яке аз панҷ мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бо забони русӣ дар шаҳри Душанбе боздид намуд.

Рӯзи 8 апрел гуфтугӯи телефонии президенти Русия В.В.Путин ва президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон сурат гирифт. Раҳбарони мо табодули паёмҳо карданд. Дар нашрияи ҳукуматии “Народная газета” ва маҷаллаи “Международная жизнь” мақолаҳои Сафирони Фавқулода ва Мухтори Русия ва Тоҷикистон ба табъ расиданд, ки дар онҳо гуфта мешавад, шарикии стратегии байни кишварҳоямон бо гузашти замон озмуда шудааст. Умуман, мо бо ҳамкасбони тоҷики худ як барномаи ғании чорабиниҳоро ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ омода кардаем! Ҳоло ҳама асрорро ошкор намекунам, вале бовар дорам, ки ҳам русиягиҳо ва ҳам тоҷикистониҳо аз барномаи чорабиниҳои ҷашнӣ қаноатманд хоҳанд буд.

Он чӣ ки ба соли 2021 дахл дорад, дар пасманзари вазъи умумии номусоиди геополитикӣ, равобити Русия ва Тоҷикистон, ки хусусияти шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ доранд, рушди пай дар пай, устувор ва судмандро идома доданд. Мисоли равшан - сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 май ба Паради Ғалаба дар Маскав мебошад. Ин иқдоми наҷиб ҳамчунин баёнгари таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ин ҷашни муқаддаси ҳамаи мост. Муносибати эхтиёткорона ба гузашта на дар сухан, балки дар амал, аз дурандешию хирадмандии роҳбари ҷумҳурӣ ва шарики боэътимоди кишвари мо шаҳодат медиҳад. Ва ҳоло, албатта, мо ба ҷашни 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ омодагӣ мебинем, ки онро чун анъана ҳамроҳ бо дӯстони тоҷикамон таҷлил хоҳем кард.

Соли гузашта муколамаи сиёсии байни кишварҳоямон ба таври ҷиддӣ вусъат ёфт: танҳо дар сатҳи олӣ ва баланд қариб сӣ боздиди ҳайатҳои намояндагони Русия ба амал омад. Аз ҷумла, иштироки раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД дар Душанбе, сафари муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба ҷумҳурӣ, чанд сафари котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, вазири дифои Русия Сергей Шойгу ва ғайра.

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба таври мусбат рушд меёбанд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2021 гардиши мол миёни кишварҳоямон беш аз 1 миллиарду 352 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Ин рекорди воқеӣ аст!

Соли гузашта Тоҷикистон раёсати худро дар СААД ва СҲШ ба таври олиҷаноб анҷом дод. Дар ҷаласаҳои моҳи сентябри ин созмонҳо, бидуни истисно, ҳама иштирокчиён ба самаранокии корҳои анҷомдодашуда ва сатҳи ташкили худи чорабиниҳо баҳои баланд доданд.

Алоҳида мехоҳам бигӯям, ки дар доираи муколамаи дӯстонаи раҳбаронамон президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон охири моҳи декабр ба Санкт-Петербург сафар карда, дар онҷо бо президенти Русия В.В.Путин мулоқоти дуҷониба анҷом дод ва ҳамчунин, дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ширкат намуд.

Таъкид кардан зарур аст, ки соли гузашта Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ пешбарӣ шуда буд. Ба ин муносибат як қатор чорабиниҳои аҷиби фарҳангӣ баргузор гардиданд. Мо низ аз ҷониби худ иштирок кардем. Ҳамин тавр, масалан, консерти дар майдони 800-солагии Маскави шаҳри Душанбе ташкилкардаи гурӯҳҳои русии “Хор Турецкого” ва гурӯҳи “SOPRANO” “Салом, Душанбе!”, омадани чеҳраҳои барҷастаи Русия ва гуруҳҳо — Фарух Рузиматов, Сергей Райник, Театри лӯхтаки ба номи С.В.Образцов, Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон, намоиши Театри давлатии академии рақсии Москва “Гжель” дар Данғара дар хотираи бисёриҳо боқӣ монд. Худи ман, шахсан, дар солгарди ширкати “МегаФон-Тоҷикистон” дар Душанбе дар моҳи октябр толори пурро дидам - ​​дидани ин қадар ҷавононе, ки барои гӯш кардани сарояндаи рус Баста ҷамъ омада буданд, хуш буд. Мо имсол дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ ва 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ тасмим дорем, даъвати ҳунармандони русро ба сарзамини меҳмоннавози тоҷикон идома диҳем.

Чорабиниҳо бо дастгирии Русия на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар шаҳри Хуҷанд, ки Консулгарии генералӣ ва намояндагии “Россотрудничество” фаъолона кор мекунанд ва дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ баргузор мешаванд.


- Қариб 9 сол боз дар Тоҷикистон хидмат мекунед. Ба фикри Шумо, кишвар дар тӯли солҳо чӣ гуна тағйир ёфт?

И.С. Лякин-Фролов: - Чунин шуд, ки дар ин солҳо Тоҷикистон дар пеши назари ман дигаргун шуд ва, чунонки дар Русия мегӯянд, зеботар шуд. Соли гузашта мо мушоҳида кардем, ки чӣ тавр дар соли ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ дар шаҳри зебоманзари Душанбе, ки мақоми пойтахти фарҳангии ИДМ-ро комилан собит кард, барои ҷомеаи ҷаҳон муҳимтарин вохӯриҳо баргузор гардиданд. Дар пеши назари мо иншооти нави зербиноӣ, биноҳо, мактабҳо, марказҳои савдо бунёд шуданд. Аз Русия ба Тоҷикистони офтобӣ барои ошноӣ бо фарҳангу таърихи аслии он беш аз пеш меоянд. Ба назари ман, ҷумҳурӣ ба макони хеле дилкаш барои сайёҳон, навозандагон, ҳунармандон табдил ёфта истодааст — ин хизмати бузурги роҳбарияти Тоҷикистон аст. Ба ҷумҳурӣ гул-гулшукуфии минбаъда ва муваффақиятҳо орзумандам!


- Оё динамикаи рушди шарикии дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон дар солҳои охир тағйир ёфтааст? Он кадом тамоюлҳоро тавсиф мекунад?

И.С. Лякин-Фролов: - Наметарсам бигӯям, ки ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар солҳои охир рӯ ба афзоиш аст. Таҳкурсии мустаҳками онро робитаҳои қатъии дӯстона ва боварии роҳбарони давлатҳоямон, манфиатдорӣ ба роҳандозии рушди бисёрсоҳа ва майли вусъати ҳамкориҳо ташкил медиҳад. Ин шарикии стратегӣ аз имтиҳони замон гузашта, аз дастгирии мардуми ҳарду кишвар бархӯрдор аст.

Бо қафо нигариста, бо итминон метавон гуфт, ки дар тӯли 30 сол кишварҳои мо талошҳоро дар самти дастгирии сиёсати хориҷии ҳамкориҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, муҳоҷират ва фарҳангию гуманитарӣ бомуваффақият ҳамоҳанг карда, дар самти сиёсати мудофиа ва амният ҳамкории мутақобила доранд, ки ин барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳим аст.

Ман наметавонам қайд нанамоям, ки Русия дар тӯли 30 сол ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон буд ва ба Тоҷикистон ҳамаҷониба, аз ҷумла дар лаҳзаҳои душвораш кумак кард. Маҷмуан, ба шарофати талошҳои Русия имкон пайдо шуд, ки ҷанги бародаркуши хунини солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон қатъ гардида, заминаҳои истиқрори сулҳу ваҳдати дарозмуддат фароҳам оварда шавад. Дар Тоҷикистон низомиён ва марзбонони русро, ки ба хотири сулҳу оромӣ дар сарзамини тоҷикон ҷони худро нисор кардаанд, хуб ёд мекунанд.

Мо муколамаро бо шарикони тоҷики худ оид ба масъалаҳои таҳкими пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар ин ҷо мустақар буда, кафили боэътимоди амнияти ҳам худи ҷумҳурӣ ва ҳам марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД мебошад, идома медиҳем. Моҳи сентябри соли гузашта дар шароити шадид шудани вазъи низомию сиёсӣ дар наздикии марзҳои ҷанубии ҷумҳурӣ вазорати дифои Русия як бахши бузурги аслиҳа ва техникаи низомиро бебозгашт ба ҳамкорони тоҷики худ тақдим кард. Солҳои охир дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор фармондеҳи хурд омода карда шудааст.


- Яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират аст. Дар ин самт моро чӣ навгониҳо интизоранд?

И.С. Лякин-Фролов: - Муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам барои садҳо ҳазор шаҳрвандони қобили кори Тоҷикистон ва ҳам барои хонаводаҳои онҳо ва ҳам барои корфармоёни Русия талаботи зиёд боқӣ мемонад.

Талабот ба захираҳои меҳнатии Тоҷикистон мисли пештара дар кишвари мо, махсусан дар минтақаҳои Сибир ва Шарқи Дур, ки дар он ҷо пеш аз ҳама, кормандони тиб, муаллимон, намояндагони касбҳои баландихтисоси коргарӣ ва ғайра заруранд, хеле зиёд аст.

Ҷиҳати татбиқи Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар Русия, ки моҳи апрели соли 2019 ба имзо расид, корҳои муштарак фаъолона идома дорад. Мо имкони ба Тоҷикистон додани як қисми вазифаҳои додани патентҳои меҳнатиро баррасӣ мекунем, мисли Ӯзбекистони ҳамсоя, ки ин механизм аллакай дар он ҷо амал мекунад. Мунтазири ҳамоҳангсозии маҷмӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират ҳастем.

Илова бар ин, минтақаҳои Русия низ хеле фаъоланд. Намояндагии Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират дар Душанбе ба ифтитоҳ омода мешавад, ки масъули додани патентҳои корӣ барои Маскав ва вилояти Маскав мебошад. Чанде пеш ҳайати вакилони вилояти Самара ба пойтахти Тоҷикистон сафар кард — ин вилоят ба барқарор намудани алоқаи мустақим бо кадрҳои меҳнатии Тоҷикистон ҳавасманд аст.

Дар шароити пандемия барои дастгирии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар кишвари мо ба фаъолияти муваққатии меҳнатӣ машғуланд, корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар Русия як маъракаи густурдаи қонунигардонӣ сурат гирифт, ки ба шарофати он бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавонистанд фаъолияти меҳнатии худро заминаи қонунӣ бахшанд. Илова бар ин, барои ҳудуди 120 000 тоҷикистонӣ, ки дар кишвари мо ҳуқуқвайронкуниҳои хурди маъмурӣ содир кардаанд, манъи вуруд ба Русия бекор карда шуд.

Умуман, ҳамкориҳои муҳоҷиратӣ байни кишварҳои мо хусусияти дарозмуддат ва судманд касб кардааст, зеро муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар рушди иқтисоди Русия саҳми хеле назаррас доранд ва баръакс, ба ҷумҳурӣ барои таъмини хонаводаҳои худ маблағҳои қобили таваҷҷҷуҳ мефиристанд.


- Аз ҷумлаи лоиҳаҳои калидие, ки ҷониби Русия амалӣ мешавад, “Барномаи ғизои мактабӣ” ва “Муаллими рус дар хориҷа” мебошанд. Имсол дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ кушодани 5 мактаб пешбинӣ шудааст. Лутфан, дар бораи ин лоиҳаҳо тафсилот диҳед.

И.С. Лякин-Фролов: - Солҳои тӯлонӣ Русия ба Тоҷикистон дар самти мусоидат ба рушди байналмилалӣ дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттифоқе, ки ду кишварро мепайвандад, кӯмаки назаррас мерасонад.

Маскав яке аз сарпарастони асосии барномаҳои рушди СММ дар ҷумҳурӣ ва донори муҳими кӯмакҳои башардӯстона мебошад. Танҳо барои “Барномаи ғизои мактабӣ”, ки аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар якҷоягӣ бо Русия амалӣ мегардад, кишвари мо аз соли 2013 беш аз 28 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст. Ин маблағ барои навсозии инфрасохтори мактабҳо ва тайёр кардани кадрҳои зарурӣ истифода мешавад. Аллакай 50 ошхонаи мактабҳо таъмир ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуданд. Дар заминаи онҳо 9 хоҷагии гармхонаӣ, панҷ нонвойхонаи байнимактабӣ ва як корхонаи хӯрокворӣ фаъолият намуда, дигар муассисаҳои таълимиро бо маҳсулоти қаннодӣ ва наҳории пурра таъмин мекунанд. Тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ мо ба муҷаҳҳаз кардани ҳашт нонвойхонаи дигар кумак кардем, ки онҳо бо мактабҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Ба ғайр аз ин, дар ин муддат 54 миллион доллари дигар барои харидории кумаки ғизоии Русия барои 2 ҳазор мактаби рустоҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ равона шудааст. Ин имкон медиҳад, ки 440 ҳазор нафар талабагони чор синфи ибтидоии ин мактабҳо ҳар рӯз бо хӯроки муносиби мактабӣ таъмин карда шаванд. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ қариб 7 ҳазор тонна орд, равғани офтобпараст ва нахӯд оварда шудааст. Воқеан, ҳамин рӯзҳо ба шаҳри зебои шумоён бастаи дигари ин кумак — 135 тонна орди гандуми витаминшуда оварда шуд. Мо чунин мешуморем, ки ин кумак на танҳо саломатии мактаббачагонро беҳтар мекунад, балки барои беҳтар хондани онҳо ёрӣ мерасонад.

Дар маҷмуъ, Русия барои дастгирии низоми ғизои мактабҳои ҷумҳурӣ аллакай беш аз 82 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин баръало нишон медиҳад, ки ғамхорӣ дар бораи насли навраси Тоҷикистони дӯст яке аз авлавиятҳои аслии мост.

Дар мавриди ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар соҳаи маорифу илм ва лоиҳаҳое, ки зикр кардед, бо итминон метавонам бигӯям, ки онҳо на танҳо ба манфиати мардуми кишварҳоямон мувофиқат мекунад, балки барои таҳкими робитаҳои дуҷонибаи оянда заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

“Муаллими рус дар хориҷа” ташаббуси роҳбарони давлатҳоямон мебошад, ки ба иҷрои он шахсан В.И.Матвиенко роҳбарӣ мекунад. Соли панҷум аст, ки бо назорати бевоситаи ӯ аз Русия ба ҷумҳурӣ муаллимони фанҳо фиристода мешаванд. Кори онҳо дар ҳама сатҳҳо бениҳоят мусбӣ баҳогузорӣ мешавад.

Илова бар ин, тавре ки дар боло қайд кардам, ҳоло кишварҳоямон дар марҳилаи амалисозии боз як лоиҳаи муҳими сохтмони панҷ мактаби таҳсилот бо забони русӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода қарор доранд. Асосан корхои бетонӣ дар ҳамаи майдонҳои сохтмонӣ ба охир расида истодааст, кашидани шабакаҳои дохилии муҳандисӣ бо суръат давом дорад. Вазорати маорифи Русия дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ба фаъолият пардохтани мактабҳо омодагӣ мегиранд ва масъалаи ҷалби омӯзгорон ва баланд бардоштани тахассуси онҳо дар мадди аввал меистад, зеро мактабҳо тибқи стандартҳои таълимии Русия кор хоҳанд кард. Бо ин мақсад аз ҳисоби намояндагони ҳарду мақомот Комиссияи махсуси дуҷониба таъсис дода шудааст, ки директорони мактабҳо, муовинони директорон ва омӯзгоронро ба кор ҷалб мекунад. Ҳайати он аллакай мувофиқа шудааст ва ба зудӣ комиссия ба кор шурӯъ мекунад. Вазифаи аввалиндараҷаи мо аз он иборат аст, ки кадрҳои соҳибихтисосро ба кор ҷалб кунем, то ин ки онҳо ҷараёни таълимро дар ҳамаи мактабҳо дар муҳлати кутоҳ пурра ташкил ва таъмин карда тавонанд. Дар назар дорем, ки мактабҳо аллакай 1 сентябри имсол дарҳои худро боз мекунанд.


- Солҳои ахир Русия дар заминаи ҳамкориҳои башардӯстона бо Тоҷикистон иқдомоти ҷиддие пеш мегирад. Ин дар ташаббусҳо оид ба ҳифзи мавқеъи забони русӣ ва ҳамкории фаъол дар соҳаи маориф зоҳир мегардад. Ин ҷузъи “гайримоддй” дар ташаккули шарикии дарозмуддат то чӣ андоза муҳим аст?

И.С. Лякин-Фролов: - Таҷрибаи кори ҳаррӯзаи мо нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба таҳсил бо забони русӣ - аз мактаби миёна то мактаби олӣ на танҳо кам намешавад, балки сол аз сол меафзояд. Мо аз ин тамоюл истиқбол мекунем, зеро итминон дорем, маҳз забони русӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар фазои ягонаи бисёрҷанба бо Русия ва ИДМ ҳифз карда шавад. Ба суроғаи мо пайваста дархостҳо мерасанд, ки ба мактабҳои маҳаллӣ бештар адабиёти таълимӣ ба забони русӣ фиристем. Кӯшиш мекунем, ки ин дархостҳоро то ҳадди имкон қонеъ созем. Бори дигар мехоҳам саҳми шахсии В.И.Матвиенкоро таъкид намоям, ки дар ҷараёни сафари расмии худ ба Душанбе дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба муассисахои таълимии Точикистон бастаи нави китобҳои дарсии хеле зарурро дастрас кард.

Дар Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо ҳавасмандӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Русия таъкид мешавад. Дар ин самт филиалҳои мактабҳои олии Русия, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд – Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи миллии таҳқиқоти технологӣ МИСиС, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии МЭИ, ҳамчунин Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон нақши калон мебозанд.

Таври маълум, дар байни тоҷикон ба таҳсилоти русӣ талабот зиёд аст. Ҳамин тариқ, 31 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои мо таҳсил мекунанд, ки беш аз нисфи онҳо аз ҳисоби давлати Русия мебошад. Ҳамчунин, фикр мекунам, ки ҳоло бояд ба омодагии касбии ҷавонони тоҷик таваҷҷуҳи хоса дода шавад, ки ба хатти умумии мо барои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мувофиқат мекунад.

Мехостам таҷрибаи мусбати намоишгоҳ-ярмаркаҳои байналмилалии таҳсилоти Русияро, ки ҳамасола дар Тоҷикистон баргузор мешавад, қайд намоям, ки дар он даҳҳо донишгоҳҳои минтақаҳои гуногуни Русия иштирок мекунанд. Дар пасманзари талаботи афзоянда ба таҳсилоти олии Русия мо афзоиши ҷойҳои квота барои Тоҷикистонро қайд мекунем. Соли 2021 теъдоди онҳо ба 750 нафар расида, масъалаи ба 1000 нафар расондани онҳо баррасӣ мешавад.

Ҳамаи инҳо танҳое қисми ками натиҷаҳое мебошанд, ки кишварҳои мо дар давоми 30 соли муносибатҳои дипломатӣ ба даст овардаанд. Умедворам, ки робитаҳои мо дар оянда ҳам ба нафъи халқҳои Русия ва Тоҷикистон боз ҳам мустаҳкам мешаванд.

Дар фарҷом хонандагони “ИмрӯзNews”-ро бо идҳои муштараки мо - Рӯзи Ғалаба ва солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ табрик мегӯям!

Комментарии для сайта Cackle