Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Бахилии қирғизӣ


Shared to Facebook

28.04.2022 08:24

: 1397

Чун одати дерина боз як мансабдори қирғиз қартаи “Тоҷикистон”-ро барои расидан ба мансаб истифода кард. Мавзӯъи ҳассос, аммо барои қирғизҳо ҷолиб ва ҳам дарднок: “Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини “Bayraktar” гирифт”. Бархӯрд ё мавқеъгирии мансабдорони ҳамсоякишвар ба ин масъала аз чанд дидгоҳ бояд мавзӯъи суҳбати ҷиддӣ бошад.

Ҳафтаи гузашта вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷараёни сафар ба Туркия бо ҳамтои туркаш Хулуси Акар масъалаҳои амнияти дуҷониба, минтақаӣ, мудофиа ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд. Бино ба хабари матбуоти Туркия, дар ин дидор вазирон бо мақсади рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи чаҳорчӯбии ҳамкории низомӣ имзо кардаанд.

Ҳамчунин, бино ба бархе гузоришҳо, Шералӣ Мирзо бо Селчук Байрактар, соҳибкор, муҳандис, мудири техникӣ ва ҳаммуассиси ширкати “Baykar Makina”, ки домоди президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст, дидор доштааст. Ин ҳамон ширкатест, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини “Bayraktar” истеҳсол мекунад.

На созишномаи имзокардаи вазирони мудофиа ва на ҷузъиёти дидори Шералӣ Мирзо бо Селчук Байрактар расман шарҳ дода нашудааст.

Аммо, дар Бишкек, ки як нафар бояд мансаби нав мегирифт (вазири корҳои хориҷӣ, ки барои ин розигии парламент зарур аст), аввалин коре, ки кард, мавқеъи зиддитоҷикистонии худро ба намоиш гузошт.

Ва натанҳо ин.

Гап сари он меравад, ки рӯзи 27-уми апрел дар ҷаласаи парламенти Бишкек, ки номазадии Жээнбек Кулубоев ба мақоми вазири корҳои хориҷии Қирғизистонро баррасӣ мекарданд, вакилони қирғиз гуфтаанд, Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишин харидааст.

Ба иттилои хабаргузории қирғизии 24.kg, депутат Мирлан Самийкоҷо аз вакилон хостааст, дурустии иттилои шабакаҳои иҷтимоиро дар мавриди он ки Туркия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишини “Bayraktar” интиқол медиҳад, мушаххас кунанд.

Дар посух ба ин дархост Жээнбек Кулубоев, ки аз дирӯз инҷониб и.в. вазири корҳои хориҷии Қирғизистон аст, гуфтааст, “Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишин харид”:

“Бале, ин дуруст аст. Туркия ба Тоҷикистон “Bayraktar” фиристод”, - гуфтааст вай.

Дар ҳамин ҷо Кулубоев ба навъе иқрор шудааст, ки ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат кардаву аз Туркия дархост кардаанд, дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, зеро то ҳол мушкили байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳалли худро наёфтааст:

“Мо хоста будем ба кишварҳои ҳамсоя ҳавопаймоҳои бесарнишин нафурӯшанд. Онҳо посух доданд, ки ин тиҷорат, масъалаи тақвияти ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ аст”, - афзудааст и.в.

Яъне, дар ҳоле ки Қирғизистон дар муносибот бо Тоҷикистон мушкил меофарад ва ба ҳар васила аз ҳалли ин мушкил дурӣ меҷӯяд, ба Туркия гуфтааст, ки маҳз бо далели мавҷудияти мушкилот ба кишвари мо “Bayraktar” нафурӯшад.

Ва ин натанҳо дахолат ба масоили дохилӣ, балки дахолат ба сиёсати хориҷӣ, масоили амниятӣ, таҳкими иқтидори низомии мост, дахолат ба муносибати Тоҷикистон бо як кишвари мӯътамад – Туркия аст. Ҳамин гуна, дахолат ба Туркия ва сиёсати он аст.

Дар сиёсати байналмилалӣ ин “таҷовузи дипломатӣ” тафсир мешавад, ки қобили пазириш нест, балки бояд бархӯрди ҷиддӣ дар пай дошта бошад.

Аз сӯйи дигар, бефаровезии даҳони чанд мансабдори қирғиз ва риоя нашудани нозукиҳои дипломатӣ боиси ошкор шудани маълумоти дорои сирри ҳарбӣ гардидааст, ки низ қобили пазириш нест. Бахусус, дар шароите, ки Тоҷикистон дар хатти аввали ҷабҳаи зиддитеррористӣ қарор дорад ва бо ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи ҳаракати радикалии “Толибон” ин хатар ба маротиб афзудааст - толибоне, ки мавриди эҳтирому таъзими Бишкек қарор гирифтаанд.

Аммо, қирғиз омили толибӣ ва зарурат ба таҳкими назорати марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро сарфи назар карда, ошкоро иддао дорад, ки гӯё “Bayraktar” харидани Тоҷикистон маҳз ба масъалаи баҳси ҳудудиву марзӣ бо Қирғизистон вобаста аст.

Ҳоло кӣ гуфта метавонад, ки Бишкек ба ин васила маълумоти дорои сирри ҳарбии Тоҷикистонро маҳз ба “Толибон” гӯшрас накард?

Аз ин гузашта и.в. вазири корҳои хориҷии қирғиз ба навъе таҳдид кардааст, ки “ҳоло баъд бо Туркия гап мезанем”.

“Пас аз дарёфти иттилои комил (оид фурӯхтани “Bayraktar” ба Тоҷикистон – Д.И.) бо ҷониби Туркия гуфтушунид хоҳем кард”, - гуфтааст вай.

Ва ин ҳама забондарозиву таҳдиду таконхӯриҳои қирғизҳо дар ҳолест, ки маҳз дар авҷи баҳсу муноқишаҳои лафзиву низомӣ бо Тоҷикистон – тирамоҳи соли пор Бишкек аз харидории “Bayraktar”-и туркиву дастгоҳҳои “Орлан 10Е”-и русӣ хабар дод. Мақомоти он кишвар ошкоро гуфтанд, ки ин ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷумла барои ҳифзи марз бо Тоҷикистон истифода мешаванд. Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев 25-уми марти имсол гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини “Bayraktar”-ро барои ҳифзи марз, хусусан марз бо Тоҷикистон харидаанд:

“Мо ин “Bayraktar ТБ2”-ро ба вазифаи ҷангии Хадамоти марзбонии худ гирифтем. Аз ҳоло дар фазо марзҳои кишвари моро ба таври иловагӣ “Bayraktar” посбонӣ мекунад”, - гуфта буд Тошиев.

Аммо гуфтугӯҳо дар бораи ин ки Бишкек аллакай “Bayraktar”-ро ба муқобили Тоҷикистон амалан истифода кардааст, қабл аз ин ҳам буданд, аз ҷумла, ҳангоми муноқиша дар марз дар моҳи январи имсол.

Ба таври расмӣ бошад, моҳи марти имсол иқтидори онро дар размоише дар шаҳри Баликчи Иссиқкӯл бо ҳузури бевоситаи президент Содир Ҷабборов санҷиданд ва онро расман барои истифода ба артиш супориданд. Ҳамин тавр, Қирғизистон миёни кишварҳои узви СААД нахустин кишваре шуд, ки сарфи назар аз мавқеъи дигар кишварҳои узви созмон, соҳиби паҳбод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ гардид.

Гуфтем, ки чун одати дерина як мансабдори қирғиз қартаи “Тоҷикистон”-ро барои расидан ба мансаб истифода кард. Айнан ҳамин тавр: аз нисф бештари мардум дар Қирғизистон гуруснаанд, гӯё бо айби Тоҷикистон аст. Марз ноором аст, тиҷорати кадом мансабдори қирғиз барор нагирифт, ҳатман, ки Тоҷикистонро гунаҳкор мекунанд. Кӯчаҳои Бишкек лабрези ҷинояткору шабпаракҳои шабгард шудаанд, ангушти айбдоркунӣ ба сӯйи Душанбе. Ҳар касе дар Қирғизистон мансаб гирифтан хоҳад, ё вакили парламент шудан хоҳад, ҳатман мавзӯъи пешбарии номзадияш марбут ба Тоҷикистон аст.

Ин делел аз нотавонист. Бо мақсади дуюмдараҷа нишон додани мушкилоти дохилӣ ва пешгирии муваққатӣ аз хашми мардум аст, ки бегуфтугӯ барои ҳукумати Ҷабборов оқибатҳои хеле ҷиддии ногувор хоҳад дошт. Ба ин хотир ҳукумати қирғиз ҳамеша ба ин талош буда, ки як душмани хаёлӣ ё омили беруниро дар зеҳни мардум ҷой кунад.

Ин дарди мансабталошони қирғиз кайҳо ба мардуми он кишвар осеб расонидааст. Ҳамин аст, ки аз дирӯз ба ин тараф саҳифаҳои қирғизии шабакаҳои иҷтимоиро доду фиғон фаро гирифтааст. Ва мазмуни аксари шарҳу тавзеҳот инанд, ки гӯё Тоҷикистон ҳаққи дар Туркия харидани “Bayraktar” ё ҳар навъ дигар техникаву муҳимоти низомиро надорад ва ҳамин тавр, Туркия низ набояд ба Тоҷикистон “Bayraktar” ё муҳимоти низомӣ фурӯшад.

Тавре зикр шуд, “Bayraktar” харидани Тоҷикистон расман тасдиқ ё рад нашудааст. Аммо ин хабар аллакай пояҳои ҳукумати Ҷабборовро ба ларзиш овардаву хоби бисёриҳоро дар Кохи Сафед паронидааст.

Ниҳояти бахиливу нотавонбинии қирғизӣ ҳамин аст.

 

Довуд Исматӣ

ИмрӯзNews

Комментарии для сайта Cackle