Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Русия ба хонандагони тоҷик ғизои мактабӣ медиҳад


Shared to Facebook

22.04.2022 12:56

: 530

Ғизои мактабӣ як воситаи муҳим барои таъмини дастрасии ҳар як кӯдак ба таҳсилоти хуб, саломатӣ ва ғизо ба шумор меравад. Баҳри ноил шудан ба Ҳадафи Рушди Устувор 2 (аз байн бурдани гуруснагӣ) ғизои мактабӣ барои саломатии хонандагон дар давоми рӯз муҳим будааст. Он ҳамчунин як воситаи муҳими ҳавасманд гардонидани кӯдакон ба таҳсил арзёбӣ мешавад.


Барномаи расонидани ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз соли 1999 ба инҷониб тавассути Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ амалӣ мешавад. Айни замон ин Барнома дар Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи ҷаҳонии ғизои мактабӣ барои солҳои 2020-2030 татбиқ мегардад. Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз соли 2015 Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 “Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми то соли 2027” қабул гардида буд, ки беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон, мақсад, самт, вазифаҳои асосӣ ва механизми амалӣ намудаии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи рушди ғизои мактабӣ муайян месозанд.

Ҳамчунин, соли 2019 дар Тоҷикистон “Маҷмӯи дастурҳои ғизои мактабӣ” муаррифӣ шуд, ки 116 номгӯи хӯрокҳои миллии тоҷикиро дарбар гирифта, ҳадафи асосии он таъмини ғизои гуногун ва солим ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, таомҳо бо дарназардошти анъанаҳои миллии тоҷикӣ интихоб гардида, онҳо хеле оддӣ ва бо маҳсулоти ғизои дастрас омода мегарданд.

Ин Консепсия ва Стратегия ба нақша доранд, ки то соли 2027 тамоми мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ дар Тоҷикистон як маротиба ғизои гарм таъмин карда шаванд. Айни замон, бино ба маълумоти расмӣ, танҳо дар 767 мактаби вилояти Хатлон ҳудуди 233 ҳазор хонанда бо ғизои гарм таъмин буда, дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ беш аз 2,745 тонна озуқаворӣ тақсим карда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар доираи ин барнома хонандагони синфҳои 1-4 аз 2000 мактаби 52 ноҳия ва шаҳри ҷумҳурӣ мунтазам бо хӯроки гарм таъмин мешаванд.

Бо ҳадафи шиносоӣ аз ҷараёни татбиқи ин Барнома дар вилояти Хатлон, ки аз сӯйи Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) ва кумаки Русия амалӣ мешавад, рӯзи 21 апрел хабарнигорон аз бархе макотиби навоҳии ин вилоят боздид намуданд.


Сафари кории хабарнигорон аз сӯйи Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ ва Сафорати Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Зимни боздид аз мактаби №15 дар ноҳияи Вахш, мактаби №24 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва мактаби №10 дар ноҳияи Дӯстӣ маълум гардид, ки дар маҷмӯъ, дар ин мактабҳо ҳудуди 1,1 ҳазор хонандаи мактаб ба Барномаи мазкур фаро гирифта шудаанд. Хабарнигорон зимни боздид бевосита дар ҷараёни омода кардани хӯрок барои мактаббачагон, таҳияи дастархони ғизои мактабӣ, тақсимот ва дигар ҷараёни марбут ба татбиқи Барнома ширкат варзиданд. Масъулини Барнома чигунагии раванди таҳияи ғизои мактабӣ, таркиб ва масолеҳи дар ғизои мактабӣ истифодашаванда, дастрасӣ ба маҳсулотро муаррифӣ намуданд.


Гуфта шуд, маводи озуқаворие, ки дар доираи Барнома дода мешавад, бо моддаҳои витаминӣ ғанӣ гардонида шуда, норасоии микроэлементҳоро пешгирӣ мекунад. Бинобар ин, ҳадафи аслӣ ин аст, ки хӯроке, ки ба мактаббачагон дода мешавад, бояд солим ва серғизо бошад, то ин ки “ба рушду инкишофи онҳо мусоидат кунад”.


Аз ҷумлаи афзалияти дигари Барнома ин аст, ки маҳсулоте, ки барои таҳияи ғизои мактабӣ истифода мегардад, пурра дар шароити табиӣ тавлид карда мешавад. Бо ин ҳадаф айни ҳол дар 11 ноҳия 41 лоиҳаи хурди даромадноки наздимактабӣ, ба мисли занбӯри асалпарварӣ, гармхонаҳо, заргӯшпарварӣ ва паррандапарварӣ фаъолият мекунанд, ки маҳсулоти тавлидкардаашон ба Барномаи ғизои мактабӣ равона карда мешавад.

Дар ҷараёни сафари корӣ, ки бо ҳузури масъулини Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ ва Сафорати Русия дар Тоҷикистон сурат гирифт, хабарнигорон, ҳамчунин, бо бархе аз ин лоиҳаҳо шинос шуданд.


Гуфта шуд, барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013 ба ин сӯ аз сӯи Русия маблағгузорӣ карда мешавад. Дар ин муддат Русия, ки ҳамчунин шарики стратегии Тоҷикистон дар бахши кумакҳои башарӣ мебошад, барои ғизои мактаббачагон дар Тоҷикистон беш аз 82 миллион доллар ҷудо кардааст. Аз ин ҳисоб 54 миллион доллар ба ғизо ва беш аз 28 миллион доллар барои такмили инфрасохтор масраф шудааст.

Аввали имсол Русия эълон кард, ки барои дастгирии барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон саҳми иловагӣ ҷудо мекунад. Он замон сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар нишасте дар Душанбе гуфт, ин маблағ барои бо хӯроки гарм таъмин кардани қариб 2000 мактаби ҷумҳурӣ ва равона мешавад. Ҳафтаи гузашта кӯмакҳои ғизоӣ, ки Русия дар доираи ин лоиҳа барои мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон ҷудо намуда буд, ворид карда шудаанд. Хабар дода шуд, ки тибқи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ва кӯмаки молии Русия ба Тоҷикистон 948,50 тонна орди гандуми ғанигардонидашудаи истеҳсоли Русия ворид карда шуд. Дар назар аст, ки то охири ин моҳ аз Русия ба Тоҷикистон боз маводи ғизоии иловагӣ – 1,3 ҳазор тонна орд, 60 тонна равғани офтобпараст ва 67 тонна нахӯди зард ворид карда шавад.

 

Муним Оламов

ИмрӯзNews

Комментарии для сайта Cackle