Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Саройи махзани таърих нақш бар санг аст


Shared to Facebook

18.04.2022 07:59

: 382

“Фаромушхотирӣ ва зеҳни кунди одамон таърихро нобуд месозад”.

(Аз катибаи Қалъаи Баҳрпанҷа)

Хабари ба ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ довталаб интихоб шудани силсиларомани “Саройи санг” маро хушнуд намуд. Зеро худи довталаби ҷоизаи Рудакӣ эътироф шудан ҷоиза аст. Ин хабар боз даҳҳо нафар хонандаро водор месозад, ки “Саройи санг”-ро мутолиа намоянд.

Аммо бояд таъкид намоям, ҳамон қадаре, ки гирифтани подоши заҳмати эҷоди романи мазкур мушкил аст, ба ҳамин тарз, хондани ин силсиладостон низ машаққати зиёди зеҳниро тақозо мекунад. Ҳанӯз дар қарни 19 барои хондани романҳои “Ҷанг ва сулҳ”-и Толстой, “Ҷиноят ва ҷазо”-и Достоевский, “Мастер ва Маргарита”-и Булгаков ба хонандагон унвони ашрофзода медоданд. Ба назари ман, ин амр ба романи “Саройи санг” ҳам сидқ мекунад. Барои мутолиаи “Саройи санг” наҷобат, хиради гиро ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ зарур аст.

Дар ҷавонӣ банда ва шарикдарсам Сайф Раҳими Афардӣ (рӯҳашон шод бод!) қарор додем, ки романи “Ҷанг ва сулҳ-ро то охир мехонем. Вақте шуруъ кардем, зуд-зуд барои дар ёд гирфтани қаҳрамонҳо ба саҳифаи қафо менигаристем, то қаҳрамононро фаромӯш накунем. Айнан чунин азобро ҳангоми мутолиаи “Сарои санг” дучор шудам. Ҷангу ду касро тасвир кардан басо осон аст. Вале, бояд эътироф кард, ки саришта кардани қисмати даҳҳо қаҳрамон маҳорати бунинӣ ва толстойиро аз нависанда талаб менамояд. Хушбахтона, Ато Мирхоҷа ин бори пуршарафи маънавиро ба манзил мақсуд расондааст.

70 соли зиндагии нимкоммунистӣ, ниммусулмонӣ, нимаврупоӣ ва нимшарқӣ моро аз таърихи 150-солаамон барканд. Асари сегонае чун “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” дигар завқ, ормон ва иштиҳои маънавии моро қаноат карда наметавонад. Ҳақ ба ҷониби Куприн аст, ки мегӯяд: “навиштани достони таърихӣ арқом, ҳақоиқ ва тахайюли маҳдуд бар далелҳои таърихиро тақозо мекунад”. Ҳамзамон адибро ҷазои сарзаниши хонанда ва арвоҳи таърих дунболагир аст.

Таърих басо сернозу нуз, ношукр ва кинаварз аст. Ба ҳамин хотир ҳам адабиёт ва таърих он қадар “бародари ҷонӣ” нестанд. Инҳо мудом ҳамдигарро дар роҳ додан ба иштибоҳ айбдор мекунанд. Зеро таърих аз лаҳзаҳо, соатҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо, солҳо ва қарнҳо иборат аст. Аммо адабиёт бар замону макон мунҳасир шуда наметавонад. Нависандаи машҳури рус Жванетский мегӯяд: “Масъалаи доғи рӯзро нанависед, ки он қадар дилчасп намебарояд. Далелҳои таърихӣ, ба мисли шароби Веденези, ҳар қадар куҳна шаванд, ҳамон қадар махмуркунанда мешаванд”. Аҳсант ба Ато Мирхоҷа, ки шароби маънавии солхӯрдаи асри 19-ро имрӯз ба дастархони ақли мо гузоштааст!

Соли 1994 ман ба ҳайси муасcиси нахустин нашрияи озод ва хусусии “Фарҳанги Бадахшон” Ато Мирхоҷаро сардабири нашрия таъин кардам. Азбаски ба унвони ин моҳнома маводи маърифатию фарҳангии бисёр меомад, фикр мекунам, андешаи навиштани романи бузурге дар бораи таърихи Бадахшон аз ҳамон замон дар дили ӯ пайдо шуд. Аз баъзе заҳматҳои Ато Мирхоҷа дар ҷамъоварии “ашёи хом”-и роман ману нависанда Қурбониддин Аламшоҳ, яке аз нахустин сарварони интишороти “Помир”, огоҳ ҳастем. Ато қариб бо ҳамаи шахсони солхӯрдаи Помир, ки хотираву таассуроте доштанд, суҳбат карда, ёддошт ҷамъ меовард.

Аҳамияти бузурги романи “Саройи санг” дар он аст, ки он дар ҷӯшу хурӯши набардҳои геополитикии абарқудратҳо барои ба даст овардани нуфуз дар Осиёи Миёна, тақсими нави бозори таъсир, дар батни таърих зинда шудани “ҷанги сард”, тақсими дунё дар меҳвари Авруосиё навишта шуда, бо санадҳои таърихию шигирдҳои адабӣ иштибоҳи сиёсати геопотлиики Русия ва Британия Кабирро ҳангоми тақсими Бадахшон ёдрас мекунад. Қаҳрамонҳои роман Юсуфалихон, Сайид Фаррухшоҳ, Ҷаҳонгир, Мирзоазиз, Манзаршоҳ, Мулло Хишол, Ғазанфар, Ҷаҳондоршоҳ ва ғайра ё ҳомилу ноқил ё қурбонии ин бозиҳои бузурги сиёсӣ буданд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз аз соли 1820 Русияи подшоҳӣ тавассути пирон ва ҳокимҳои маҳаллӣ нуфузи сиёсияшро тақвият мебахшид. Ба таври ошкоро пойтахти Шуғнон - Баҳрпанҷа дар ҳисоботҳои Грамбочевский, Ионов чун нуктаи стратегии Помири Ғарбӣ зикр гардидааст. Фақат соли 1992 маълум шуд, ки аз соли 1899 то 1915 қариб 300 нафар зодагони Бадахшон бо мукофотҳои Русияи подшоҳӣ қадрдонӣ шудаанд.

Риштаи дигари романи “Саройи cанг” зикри шаҷараи қавму авлодҳои мардуми таҳҷоии кӯҳистон аст. Дар онҳо ба таърихи пешазисломии тоҷикони Помир ишораҳо рафта, таъсири туркнажодҳо ба кӯҳистон ва омезиши наслҳо нишон дода шудааст. Воқеан, чанде пеш оид ба шаҷараи мирони самарқандӣ дар Бадахшон Мавҷигул Мирхоҷа, хоҳари адиби мавсуф, китоби калонҳаҷме нашр карда буд, ки ташаббускори таълифи он ҳам Ато Мирхоҷа мебошад. Ин ҳам як далели боризи омӯзиши амиқи таърихи Бадахшон аз ҷониби нвисанда мебошад.

Нависанда бозиҳои сиёсӣ ва пасипардагии сиёсатмадоронро ба воситаи ба майдони амалиёт андохтани қаҳрамонони типишуда тасвир кардааст. Яке аз ин гуна қаҳрамонон, ки дар тақвияти ҳодисаҳои мавриди тасвир ва ифшои сиёсати давр нақши бисёр муҳим бозидааст, Ғазанфар мебошад. Маҳз ҳамин ғазанфарҳо ба шикасти бисёр иқдомҳои неки мунавварфикрони Бадахшонзамин оварда расонданд.

Ба назари мо, нақди адабии имрӯза саргарми баёни ҳусну қубҳи зоҳирии асарҳо гашта, мутаассифона, ба умқи моҳияти сиёсиву иҷтимоии насри муосир фуру намеравад. Агар аз ин зовия ба таҳлили дарунмояи “Саройи санг” таваҷҷуҳ шавад, хулоса ин хоҳад буд, ки романи мазкур ҳаёти Бадахшонро оинасон инъикос намудааст. Ба эътибори он ки суннатҳо, анъанаҳо, таъсиргузориҳои сиёсӣ, муқобилатҳо, дастовардҳо ва моҳияти ҳодисаҳои асри 19 ба ин ё он навъе дар ҳаёти бадахшониҳои асри 21 низ нақше доранду ҳатто такрор мешаванд, асари мазкур дар шинохти ҷаҳонбинию маърифати мардуми ин минтақаи Тоҷикистон аҳаммияти боз ҳам бештаре касб мекунад.

Мутолиа ва баҳои ҳаққонии илмӣ додан ба романи мазкур дар шароити имрӯза хеле ҳам зарур аст. Чанд сол боз фирориёни берун аз Ватан, зархаридони миллатфурӯш хидматҳои Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус, саҳм ва талоши Пешвои миллат дар мавриди рушди ВМКБ-ро ё нодида мегиранд ё нодуруст тавҷеҳ медиҳанд. Ва мурофиаҳои ҷиноятии додгоҳиро ҷомаи сиёсӣ мепӯшонанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, хондани маҷбурии романи “Саройи санг” ба як навъ адои ҷазо барои ҷиноятпешагон ва ҳувиятбохтагон табдил дода шавад. Таърих Худои вақт аст. Шояд пас аз мутолиаи се ҷилди ин роман кӣ будан ва кӣ шудани халқи худро ба тарозуи хирад баркашида, андешаҳои захролуди худро аз сарҳояшон бадар андозанд ва шукрона кунанд, ки дар зери ливои Тоҷикистон оромишу иззату обрӯ пайдо намудаанд. Маҳз фалсафаи “шукрона”, ки қариб дар ҳами кешу оини дунё мавҷуд аст, фалсафаи “Саройи санг” аст. Ин ормон дар он замони тира байни мардуми Бадахшон бо ибораи “Фардо Худо подшоҳ аст” маъмул буд.

Боз аз як аҳаммияти романи “Саройи санг” набояд чашм пӯшид. Чанд даҳсола боз баъзе иғвоҷӯён ҷор мезананд, ки замини моро ба Чин ҳадя карданд. Ин нафарон мусалламан аз марзи таърихии Бадахшон огоҳ нестанд. Дар Шуғнону Рӯшони асри мозӣ беш аз 200 нафар зодагони Қатаған, Чатрор, Тошқурғон сукунат доштанд. Дар худи Читрор қариб 500 нафар шуғнонӣ зиндагӣ мекарданд. Қаҳрамони “Саройи санг” Лахман рисолаи “Таърихи Рӯшон”-ро навиштааст. Лахман дар Чатрор ба дунё омада, таърихро хуб медонист. Тибқи нигориши Ато Мирхоҷа, таърихи Рӯшонро Лахман менависад. “Муҳим ин аст, ки ин таърих ба дасти касе навишта шуд, ки шоҳиди воқеаҳо буд”, – мегӯяд Ато Мирхоҷа дар як мусоҳибааш.

Соли гузашта яке аз зиёиёни тоҷиктабори Олмон Наҷиби Шуғнонӣ, ки ҳуруфоти кириликро хуб медонад, пас аз мутолиаи китоби ҷилди аввали “Саройи санг” хоҳиш кард, ки ду ҷилди дигарро ҳам ба ӯ бифиристам. “Ин китоб ба мардуми Бадахшон ниҳоят зарур аст, – гуфт вай. –Мутаассифона, тоҷикони ҳар ду соҳили Ому таърихи Амрикоро хуб медонанд, вале таърихи худро на. Бинобар ин, зулми муҷоҳидини паштунтабори афғон қариб сесад сол боз идома дорад”.

Тафовути сабки нигориши Ато Мирхоҷа аз устодони таърихнигоре чун Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Расул Ҳодизода, Ӯрун Куҳзод, Бароталӣ Абдураҳмон, Юнус Юсуфӣ дар он аст, ки дар асари ӯ қаҳрамонону персонажҳои тахайюлӣ ва воқеӣ ба ҳам махлут шуданд. Зеро Ато Мирхоҷа кӯшиш кардааст, камомад ва норасоиҳои ҳуҷҷату асноди таърихиро дар тасаввури худ сохтаву зинда карда, асари шавқовари илмӣ-бадеӣ офарад. Ба ҳамин воситаи муассир нависанда рӯҳияи он даврро дар пеши хонанда кушода тавонистааст. Ва моҳирона аз уҳдааш баромадааст.

Ато Мирхоҷа ба он муваффақ шудаст, ки саҳми лидери фардоро, ки таълимоти марксизм онро пурра инкор карда буд, аз нав рӯзмарра гардонад. Ҳамаи бадбахтиҳои қаҳрамонони “Саройи санг” ва Афғонистони имрӯза талоши бисёрлидерӣ аст. Албатта, пироне чун Саид Фаррухшоҳ, Саид Мурсал, Саид Козим ва ҳокимоне ба мисли Манзаршоҳу Азизхон кӯшиш мекарданд, ки идеологияи мутамарказ ва тобеият ба як лидерро таъсис диҳанд. Аммо манфиатҳои авлодию қавмӣ садди роҳ мешуданд. Бадбахтона, ин ба мазҳаб низ роҳ ёфта, баъзе пирон ба имомтарошӣ даст заданд. Маҳз дар муддати ду қарни охир танҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иделогияи барои ҷамъияти мо ниҳоят зарурро қавӣ гардонда тавонист. Аслан, дар мазҳаб низ танҳо ғояи яккахудоӣ башриятро аз ваҳшиёнат наҷот дода буд.

Ҳар як асар зерсатри нонавишта дорад. Онро танҳо хонанда, пажӯҳишгари закӣ дарк мекунад. Манзури ман ин аст, ки дар роман ба ҳамзистии мазҳабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Ман ба хонанда айнан тафсири онро аз забони Ато Мирхоҷа меорам:

“Воқеаҳо дар Шуғнон мегузаранд. Шуғноне, ки дар натиҷаи муноқишаҳои чандинкаратаи ҷисмониву рӯҳонӣ ба маркази ҳамзистии меҳрубононаи ақвому мазҳабҳои гуногун табдил ëфт. Чунин ҳусни ҳамзистии зебо дар Осиëи Миëна танҳо хоси Бадахшон аст. Ин ҳолатро дар қисми дуюм ба қалам додаам. Дар Бадахшон мазҳабҳои шиаи исноашарӣ, исмоилӣ ва суннӣ як навъ оромишу пайванд ёфтанд. Дар дигар минтақаҳо ҳамдигарро мезаданд, мекӯфтанд, таъқибу таҳқир мекарданд. Фақат дар Бадахшон ин тавр набуд. На ҳамон вақт, на ҳозир. Агар дарвозиҳо ва ванҷиҳову қирғизҳо аҳли суннат бошанд, мардуми Шуғнону Рӯшон ва Вахон аҳли шиа ҳастанд, вале агар мо равем ба Ванҷ ё Дарвоз барои ҳамхона кардани ҷавонон, онҳо ҳиҷ гоҳ намегӯянд, ки шумо дар дигар мазҳаб ҳастед, мо дар дигар мазҳаб. Ихтиёри интихоби мазҳабро ба худи шахс вомегузоранд. Агар хоҳад, дар мазҳаби худаш меистад, агар хоҳад, мазҳабашро тағйир медиҳад. Таърих ёд надорад, ки дар масъалаи мазҳаб дар Бадахшони ҷониби мо ҷангу хушунат ба миëн омада бошад. Ин бисёр дастоварди муҳим аст. Чунин муносибат, барои мисол, дар Эрону Хуросон нест. Дар куҷое сунниҳо зӯр буданд, шиаҳоро пеш карданд, заданд, кӯфтанд. Ҷое, ки шиаҳо зӯр буданд, баракс. Масалан, дар Эрон сунниҳоро заданд, таъқиб карданд ва омада-омада дар Бадахшон ҳамаашон ба ҳам дӯст шуданд. Феномени аҷоиб аст ин. Мо бояд инро қадр кунем, ривоҷ диҳем. Хушбахтона, ҳамин хел минтақа дорем”.

Ба гуфтаи ҷомешинос ва сиёсатмадори англис Гаралд Макмилан, “Муаррих адвокати таърих аст, ки муштарии худро пас аз маргаш ҳимоят мекунад”. Ато “адвокат”-и моҷароҳо ва хушунатҳои таърихи гузаштаи Бадахшон аст, ки онҳоро дар “Саройи санг” ҳифз намудааст. Таърихе, ки сабт намегардад, мувоҷеҳ ба марг аст. Ё дар ҷевонҳою бойгониҳо хоб меравад. Танҳо асарҳое ба мисли “Саройи санг”, “Восеъ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”, “Алломаи Адҳам ва дигарон” онро ба мардум муарифӣ мекунанд.

Дар фарҷоми андешаҳо аз ҳар тоҷик, бахусус сокинони Бадахшон, хоҳиш мекунам, ки барои эҳтироми арвоҳи таърих ва шинохтани ҳувияти аслии худ романи “Саройи санг”-ро ҳатман мутолиа кунанд.

 

Наҷмиддин Шоҳинбод

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Комментарии для сайта Cackle